Толеъномаи 1 июл 2018
Имрӯз ситораҳо ба зодагони бурҷи ҳамал имкони амалӣ намудани орзуҳояшонро медиҳанд. Шахсоне пайдо мешаванд, ки дар ба даст овардани комёбӣ бароятон мадад мерасонанд. Агар овозаю дарвоза накунед, коратон барор мегираду кордатон болои равған мешавад ва пули калон ба даст меоред.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Имрӯз дар дилатон нисбати шахси дӯстдоштаатон шубҳа ва рашк пайдо шуда, худро дарун-дарун мехӯред. Андешаҳои гуногун саратонро гаранг мекунад. Гумон мекунед, ки азизи дилатон мисли бозича бо шумо бозӣ мекунад. Ғурурро як тараф гузореду бо ӯ ошкоро суҳбат намуда, ба хулосаи ҷиддӣ оед, бо ин ҳол ҳам асабҳои худ ва ҳам дӯстдоштаатонро харобу бемор месозед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Атрофиёнро бо рафтор ва гуфторатон наранҷонед, то барои худ душман нахаред. Фаромӯш накунед, барои ҳар хатогӣ як рўз не, як рӯз ҷавоб бояд гуфт. Нимаи дуюми рӯз сафари корӣ ва вохӯриҳои аҷибу шиносоии гуворо дар назар аст. Агар бо ин шахс риштаи дӯстиро қавитар гардонед, соҳиби бахт шуданатон аз эҳтимол дур нест.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ҳар коре, ки оғоз мекунед, бобарор анҷом меёбад. Аз суҳбати дӯстони ҷавонӣ дарси зиндагӣ меомӯзед. Нимаи дуюми рӯз пеш аз ба қароре омадан тамоми паҳлӯҳои масъаларо дар тарозуи ақл баркашед, то хато накунед. Дар коргоҳатон ҷангу ҷанҷол сар зада, табъатон хира мегардад. Беҳтараш ба моҷаро шарик нашавед, то гуноҳи дигаронро ба саратон бор накунанд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз дар ҳалли масъалаҳои муҳим саросема нашаведу ҳар қадаматонро дониста гузоред. Якравию барқасдкорӣ бар зарари худи шумо хоҳад шуд. Нимаи дуюми рӯз хастагиро ҳис намуда, вазъи саломатиатон бад мешавад. Бо саломатӣ шӯхӣ накунед, вақти истироҳат фаро расидааст.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз муносибатро бояд бо ҳамкорон ва шахсоне, ки пешравии коратон ба онҳо вобастагӣ дорад, қавӣ гардонед. Нимаи дуюми рӯз вохӯрии аҷибе дар назар аст. Аз эҳтимол дур нест, ки ниҳоят шоҳзодаи орзуҳоятонро пайдо мекунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар тиҷорат пеш омадани баъзе душвориҳо ва нофаҳмиҳо боиси сар задани моҷаро бо шарикони корӣ мегардад. Кӯшиш кунед, ки худро аз об хушк бароред, вагарна хавфи барбод рафтани меҳнат ва молу амволатон ба вуҷуд меояд. Нимаи дувуми рӯз ба доми ҳаннотон афтоданатон этимол дорад, аз ин рӯ эҳтиёт бошеду аз нафарони ношинос дурӣ ҷӯед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ҳаёти шахсиатон тағйиротҳои куллӣ дар назар аст. Шахсе пайдо мешавад, ки аз ҷиҳати молиявӣ дастгиратон хоҳад гашт. Мақсадашро пурсед, зеро бар ивази кумак некхоҳатон аз шумо чизеро интизор аст. Масъаларо пурра дар тарозуи ақл баркашида, пасон ба хулосаи ҷиддӣ оед
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз саъю кӯшишатон танҳо ва танҳо барои ободу зебо гардонидани манзили зистатон равона мегардад. Албатта дар танҳоӣ аз уҳдаи ин коро баромадан амри маҳол аст. Аз кумаки наздиконатон истифода бареду риштаи меҳру муҳаббатро қавитар созед. Анҷоми корҳои муҳиматонро беҳтараш имрӯз ба нақша нагиред. Нимаи дувуми рӯз як сухани ноҷо дарди саратон мешавад, аз ин рў аз шахсони хабаркашу ғайбатчӣ худро дур бигиред.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Имрӯз кордонӣ ва ҷонфидоию заҳмати тӯлониатон аз тарафи роҳбарият қадр карда мешавад. Мутаассифона, барои сиёҳ кардани шумо бадхоҳон хеле кӯшишу талош хоҳанд кард, бинобар ин, эҳтиёт бошеду ҳар қадаматонро дониста гузоред. Пеш аз имзо гузоштан ҳар як ҳуҷҷатро бодиққат хонед, то бо дасти худ ба саратон бало наоред.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз ташвишу мушкилоти зиндагӣ шуморо хастаю дилшикаста хоҳад кард. Аз аспи ғурур фароеду аз дӯстонатон дар ҳалли мушкили ба саратон омада мадад пурсед. Дар дилатон шавқи ба кори дигар гузаштан пайдо мешавад, вале саросемагӣ накунед, алъон иваз кардани ҷои корро ба шумо тавсия намедиҳем. Даромади пулӣ нимаи дуюми рӯз шуморо хурсанд хоҳад кард.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
имрӯз дӯстдоштаатон баҳона пеш оварда, бо нияти кандани риштаи муносибатҳо шуморо дар гуноҳҳои содирнакардаатон гунаҳкор карданӣ мешавад. Беҳуда баҳсу мунозира накарда, ба хубӣ аз ҳам ҷудо шавед, беҳтар аст. Озурдагӣ албатта боиси руҳафтодагӣ ва дилшикастагӣ хоҳад шуд. Барои баргардонидани ёри рафта ҳатто кӯшиш ҳам накунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ