Толеъномаи 1-уми сентябри соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Нафарони муҷаррадро вохӯрии тақдирсозе интизор аст, агар беаҳамиятӣ накунед, шоҳзода ё шоҳбонуи орзуҳоятонро меёбед. Даромади пулие, ки дербоз интизораш будед, агар холабеғамӣ карда, корро кашол додан гиред, бо гуноҳи худатон аз даст меравад. Қарз нагиред. Қарз баракати рӯзгорро мепаронад.
Савр (21 апрел-22 май)
Як гапи беҷо метавонад боиси сар задани моҷарои калон дар ҷойи коратон гардад. Шумо одамшинос нестед, бинобар ин, дар интихоби дӯст эҳтиёткор бошед, то дӯстони душманнамо дар сари роҳатон чоҳ накобанд. Нимаи дуюми рӯз барои вохўриҳои романтикӣ хуб аст, ба шарте, ки шумо одами озод бошед. Саврҳои оиладор бояд аз ишқбозиҳои бемаънӣ худро канор гиранд.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дилёбӣ карда, муносибатҳоятонро бо дӯстони нав зичтар намоед, тиҷорат ё ягон кори дигари бо пул алоқамандӣ доштаатон ривоҷ гирифта, маблағи калон ба даст меоред. Бархе аз ҷавзоҳо соҳиби мансаб мешаванд. Агар аз рӯзҳои аввал кордонию масъулиятшиносиатонро нишон диҳед, минбаъд боз ҳам болотар меравед. Ошиқи ранҷидаатон бармегардад ё дари бахт ба рӯятон кушода мешавад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз қувваи ниҳоние шуморо ёвар гашта, ба амалӣ шудани орзуҳоятон кумак мерасонад. Айёми беҳтаринро аз даст надода, тамоми корҳои муҳиматонро ба сомон расонед. Тиҷорати саратонҳо барор мегирад. Касоне, ки дар сари вазифаанд, шартномаҳои муфид мебанданд, шарикони нави пурқувват меёбанд, пуштибон пайдо мекунанд. Саратонҳои ошиқ дар маъшуқабозӣ бояд каме эҳтиёткор бошанд, зеро хиёнат метавонад дар оила оташи ҷангу ҷанҷолро фурӯзон намояд.
Асад (23 июл—23 август)
Комёбиҳоятон рашку ҳасади ҳамкоронатонро меорад, бинобар ин, эҳтиёт шуданро тавсия медиҳем. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат каме ҷасуртар бошед. Асадҳое, ки бо ёрашон қаҳрианд, ин рӯз бояд илоҷе карда, дили маҳбуби ранҷидаашонро ёбанд, дар акси ҳол ба онҳо ҷудоӣ ва танҳоии дурудароз таҳдид менамояд. Нимаи дуюми рӯз коратон ривоҷ гирифта, даромади калон ба даст меоред.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз бештар ба саломатиятон аҳамият диҳед, хурӯҷ кардани бемориҳои куҳнашудаатон аз эҳтимол дур нест. Эҳтимол ба сумбулаҳои бекор пешниҳоди хуби корӣ шавад. Рад накарда, ба кор шуруъ кунед, лозим шавад, донишу малакаи худро такмил медиҳед. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ ба манфиати шумост. Нимаи дуюми рӯз як хабари дурӯғ боиси сар задани ҷангу ҷанҷол дар байни шумо ва ҳамсар ё ошиқатон мегардад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар хонаатон мушкилиҳои пулию молӣ сар мезананд, бинобар ин, шуморо лозим мешавад, ки сарчашмаҳои нави даромадро ҷӯё шавед. Метавонед қарз гирифта, баъдан онро баргардонед. Мизонҳои танҳоро дар шабнишиние шиносоии хуб интизор аст. Маҳорати дилрабоиятонро ба кор бурда, шумо дарвозаи бахтро ба рӯйи худ кушода метавонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз ба ақрабҳо тавсия медиҳем, ки бештари вақташонро дар хона гузаронида, ба кору бори хона ва масъалаҳои оилавиашон машғул шаванд. Аз рӯзи чоршанбе то ҷумъа ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт шавед, зеро хавфи ба садама дучор шуданатон вуҷуд дорад. Ҳолати молиявиятон бетағйир мемонад. Озурда нашуда, аз пайи коратон шавед, меҳнататон оқибат самари хуб медиҳад. Аслан дар ҳаёти ақрабҳо ягон чиз осон ба даст намеояд, вале онҳо қодиранд, ки бо ақлу фаросат ва маҳорату ҳунари зотиашон ҳақи худро аз даҳони аждаҳо ҳам бигиранд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз бо шахсони обрӯманд шинос шуданатон аз эҳтимол дур нест. Пешниҳодҳои хуби корӣ ва лоиҳаҳои нав шуморо шод мегардонанд. Даромади калон ба даст меоред. Фақат дар корҳои шарикӣ каме эҳтиёт шуданатон лозим аст. Аз боварии якдигар истифода бурда, ба фиребгарӣ даст назанед, вагарна сирратон фош гашта, шарманда мешавед ва манбаи даромадатонро аз даст медиҳед. Дар сарфи маблағ эҳтиёткор бошед, то ба кисаатон зарар нарасад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз мушкилӣ дар кор шуморо хаста мекунад. Шарм надошта, ба роҳбаратон бигӯед, ки аз уҳдаи кор дар танҳоӣ намебароед, дар акси ҳол хастагии зиёд метавонад шуморо ба ягон беморӣ гирифтор намояд. Пешгирӣ аз табобат осонтару арзонтар аст, инро фаромӯш накунед! Нимаи дуюми рӯз ҷаддиҳои танҳоро шиносоии тақдирсозе дар назар аст, вале саросема нашуда, дар бораи ёри наватон маълумоти кофӣ бигиред, то дар интихоби бахт хато кардаву дилшикаста нашавед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз каме ба саломатӣ ва намуди зоҳириятон аҳамият диҳед. Асабҳои хароби шумо аз аввали рӯз диққати дўстонатонро ба худ мекашад. Ин шом дӯстдоштаатон аз боби хонадоршавӣ гап мекушояд. Худро ба нодонӣ назада, ба як хулосаи аниқ биёед, вагарна қаҳр карда, муносибаташро аз шумо тамоман меканад. Рӯзҳои истироҳат дар оилаатон як нофаҳмӣ рух дода, оташи ҷангу ҷанҷолро баланд месозад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Саргузаштҳои аҷиби ошиқона шуморо мисли оҳанрабо ба худ мекашанд, вале дар як вақт аз паси чанд ишқ давидан чандон оқибати хуб надорад. Харидоронам бисёранд гуфта, аз худ наравед, фаромӯш накунед, шикорчие, ки аз паси чанд заргӯш медавад, оқибат бе сайд мемонад. Як нафарро интихоб намуда, хонаи бахтатонро бунёд созед. Охири рӯз аз баҳсу мунозира бо ҳамкоронатон дурӣ ҷӯед, зеро он ба манфиати шумо анҷом намеёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ