Толеъномаи 10-уми августи соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ бобарор аст. Агар боақлона амал намоед, имкони ба даст овардани маблағи хуб вуҷуд дорад. Қабл аз он, ки дар ҷои кор ташаббус нишон дода, аз пайи чанд кор шавед, реҷаи кории худро дуруст ба нақша гиред. Ба саломатӣ ва хӯроки фоидабахш диққати хоса диҳед.
Савр (21 апрел—22 май)
Ҳунару маҳорате, ки дар замири шумо нуҳуфтааст, айни замон пурра кашф нагаштааст. Шумо имкони ба қуллаҳои баландтари муваффақият расиданро доред. Вақте расидааст, ки қобилиятҳои худро дар амал татбиқ намоед. Имкони рушдёбиро аз даст надиҳед. Ҳаёти шахсиро низ фаромӯш насозед. Саврҳои муҷаррад бояд коре карда, дили дӯстдоштаи худро ба даст биёранд.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Барои зодагони бурҷи ҷавзо рӯзи хеле бобарор аст. Вақти бештари худро ба дӯстону наздикони худ бубахшед. Агар нияти таъмир ва рӯбучини хонаро дошта бошед, фурсати мусоидро истифода бубаред. Одати корҳои худро ба анҷом нарасонида, аз пайи кори дигар шуданро партоед. Бо ҳамсафари ҳаётии худ дағалӣ накунед, вагарна аз муноқишаи сарзада пушаймон мегардед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз муносибати худро бо атрофиён ба эътидол меоред. Вақтҳои охир аз муошират бо наздикон дурӣ ҷуста, онҳоро сахт ранҷонида будед. Ғуруру такаббури худро як сӯ гузошта, аз онҳо бахшиш пурсед. Дар касбу коратон барор ҳамсафар гашта, сафару саёҳатҳо хуб анҷом меёбанд.
Асад (23 июл—23 август)
Ҳамаи пулҳоятонро якбора сарф накунед, вагарна чанд рӯз азоби бепулӣ мекашед. Айни замон ҳурмату эҳтироми роҳбарият нисбати шумо зиёд аст, имкони хуби дар вазифа боло рафтанро аз даст надиҳед. Нафароне, ки ҷойи кори худро иваз карданӣ ҳастанд, рӯзи мусоид аст, зудтар амал намуда, зиндагии худро беҳтар сохта метавонед. Нимаи дуюми рӯз табъатон хира мегардад.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Аз нишасту ҷамъомади дӯстон худро дур нагиред. Шахси дӯстдоштаашон дар рафъ намудани мушкиле аз шумо мадад мепурсад. Дар назди нафаре, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед. Тамоми мушкилоти дар ин рӯз сарзада роҳи ҳалли худро меёбанд. Муҳимаш асабӣ нашавед. Ба хӯрокҳои равғанину ширинӣ дил набандед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ташвишу изтироби пайваста асабатонро хароб месозад. Дар бораи зиндагии худ ба атрофиён нақл карда, бар зарари худ амал менамоед. Беҳтараш ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, аз мушкилиҳо эмин мемонед. Дар ҳама кор бо амри дил амал намуда, бурд мекунед. Муносибатҳои ошиқонаатон рӯ ба беҳбудӣ меоранд, нисбати дӯстдоштаи худ ғамхории бештар зоҳир намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Нафароне, ки бо тиҷорат сарукор доранд, ҷасурона робитаҳои ҳамкориро вусъат дода метавонанд. Одати дамдуздиро партофта, кушоду равшан амал намоед. Дар бораи ҳаёти шахсӣ ва нақшаҳоятон ба ҳамкорон нақл накунед. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли сарф кардани маблағи зиёд вуҷуд дорад, агар ҷашну маъракае оростанӣ бошед, ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои ба мақсад расидан шумо бояд одати истодагарӣ ва мақсаднокиро аз худ намоед. Бо даромади пулие, ки ба даст меоред, мушкили зиёдатонро рафъ намуда, табъатон болида мегардад. Саломатиро дар мадди аввал гузоред. Корҳои зиёди ҷисмониро ба дӯш гирифтану таҳти фишори руҳӣ қарор гирифтан бар зарари саломатиятон аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Вақте расидааст, ки нафарони дар мучали ҷаддӣ тавлидёфта бо беҳтар сохтани донишу малакаи худ машғул шаванд. Бурдборӣ дар ҳаёти шахсӣ низ ҳамсафари шумо мегардад, баъзеҳо бахти худро тавассути сомонаҳои интернетӣ пайдо месозанд. Нимаи дувуми рӯз ҳодисае рух медиҳад, ки боиси аз дӯстон дилмонда гаштанатон мегардад. Нақшаҳоятон барбод рафта, вақтатонро дар хона мегузаронед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Қабл аз он, ки бо масъалаҳои молиявӣ машғул мешавед, барои ба даст овардани маблағи бештар ҷиҳатҳои мусбату манфии корро санҷиданатон лозим меояд. Нисбати наздикони худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед, хусусан волидони пир, бобову бибиятонро хабар гиред. Дар рафъ намудани мушкилиҳои наздикон ташаббус нишон диҳед, эҳтимол хонаи шумо ниёз ба таъмир дорад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Вақте расидааст, ки нафарони дар мучали ҳут таваллудёфта аз сухан ба кор гузаранд. Тамоми диққати худро ба коратон равона созед, то ки барои наздикони худ туҳфаи арзанда харида тавонед. Ба нафароне, ки мушкилоти худро дар наздатон нақл мекунанд, дағалӣ накунед, беҳтараш бо сухани нек дилбардорӣ намоед. Барои он ки каме аз мушкилиҳои рӯзгор осуда гардед, ба сайругашт бароед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ