Толеъномаи 10-уми октябри соли 2023
Ҳамал
Дар ин рӯз ба кӯмаку дастгирии нафарони воломақом умед баста метавонед. Бо ҳар сабаби ночиз ғамгину хавотир нашавед. Кори ҷисмонӣ ё варзиш руҳатонро болидаву саломатиятонро беҳтар месозад. Агар як лаҳзаи холӣ ёфтед, дар танҳоӣ фароғат намоед. Нисбати дӯстдоштаи худ беҳуда рашк накунед.
Савр
Дар ин рӯз ақидаву пешниҳодҳоро бодиққат дида бароед. Нисбати наздикони худ пурсабру ботаҳаммул бошед. Ҳар қадаре бо мушкили дигарон бештар машғул шавед, ҳамон андоза имкони рафъ намудани мушкилоти шахсии худро пайдо мекунед. Шамол хӯрданатон эҳтимол дорад.
Ҷавзо
Дар сурати дуруст ба нақша гирифтани вақт кори зиёдеро ба анҷом расонида метавонед. Эҳтимоли рух додани хафагиву нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Барои он ки нафареро наранҷонед, худро ба даст гиред. Ба шахси дӯстдоштаатон имкон диҳед, ки шуморо эрка кунад. Ба коре, ки баъдан боиси пушаймониятон мегардад, даст назанед.
Саратон
Дар ин рӯз бо корҳои пурмоҷаро ва нафарони фитнангез ҳамроҳ нашавед. Нисбати наздикони худ ғамхорӣ зоҳир намоед. Эҳтимол бо шиносҳои деринаатон вохӯрда, аз дидорашон табъатон хира мегардад, аз ин лиҳоз, тавре рафтор намоед, ки гӯё касеро надида бошед.
Асад
Дар ин рӯз бо нафарони соҳибвазифа баҳсу муноқиша карданро тавсия намедиҳем. Рӯзи хубест барои мулоқотҳои ошиқона, изҳори муҳаббат ва ба нақша гирифтани тӯю маъракаҳои арӯсӣ. Ҳангоми машқҳои варзишӣ боэҳтиёт бошед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.
Сунбула
Тамоми мушкилиҳои дар ин рӯз сарзадаро бо роҳи мусолиҳаомез рафъ намоед. Дар гурӯҳи нафарони ношинос бодиққат бошед. Барои сафарҳои корӣ, харидкунӣ, бастани ақди никоҳ чандон рӯзи бобарор нест. Аз асабоният худдорӣ намоед, вагарна гирифтори бемориҳо мегардед.
Мизон
Рӯзи душвор аст. Дар робита бо роҳбарият ва ҳамкорон нофаҳмӣ имкон дорад. Барои мустаҳкам сохтани мавқеи худ бояд ташаббус ва истодагарӣ нишон диҳед. Эхтимоли дар роҳ пайдо кардани маблағи пулӣ вуҷуд дорад. Бегоҳирӯзиро дар муҳити орому танҳоӣ гузаронида, нерӯятонро барқарор месозед.
Ақраб
Дар ин рӯз эҳтимоли рух додани мушкилоти пулӣ вуҷуд дорад. Ба кӯмаки молиявии дӯстон ниёз пайдо мекунед. Аз гирифтани қарз наҳаросед ва хавотир нашавед, ин мушкилии муваққатӣ аст. Ба наздикӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз ҳамфикр набудани ҳамкорону наздикон руҳафтода нагардед.
Қавс
Дар ҳаёти шахсиятон эҳтимоли сар задани тағйиротҳои ҷиддӣ имкон доранд. Эҳтимол қавсҳои муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки дар оянда бо ҳам издивоҷ мекунанд. Бо дӯстони дерин вохӯрда, табъатон болида мегардад. Саломатиятон ташвиш намедиҳад, вале фориғболӣ накунед.
Ҷаддӣ
Чӣ гуна гузаштани рӯзро худатон намефаҳмед. Корҳое, ки ба шумо эҳсоси қаноатмандӣ намеоранд, беҳтараш ба таъхир гузоред. Хабари шунидаатонро санҷида, ба гапи касе бовар накунед. Ба назди фолбин рафтанро тавсия намедиҳем, эҳтимоли ба доми ҳаннотон афтиданатон зиёд аст.
Далв
Коратон дар ин рӯз хеле зиёд мешавад. Дар корҳоятон муваффақият дида мешавад. Эҳтимол яке аз наздикони худро меранҷонед. Бо ин сабаб хафагиҳои куҳна рӯ зада, кор бо муноқишаи калон анҷом меёбад. Ба хонаи нав кӯчиданро маслиҳат намедиҳем. Сафарҳои роҳи дур бобарор анҷом меёбанд.
Ҳут
Дар ин рӯз тағйиротҳои куллиро интизор нашавед. Беҳтараш нақшаи рӯзҳои минбаъдаро кашед. Муносибатҳоятон бо шахсе, ки дӯсташ медоред, ором ҷараён мегирад. Шумо аз таҳти дил истироҳат карда метавонед. Ҳар пешниҳод, ки аз ҷониби нафарони ношинос мегиред, беҳтараш рад кунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ