Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Тоқӣ

Марде аз кор ба хона меояду писараш аз ӯ пул мепурсад. Падар як панҷсомонаро бароварда медиҳад. Писарча ба пул нигоҳ карда, мебинад, ки дар он акси Садриддин Айнӣ аст. Онро ба таги болишт мегузораду хоб меравад. Шаб падар пулро аз таги болишти писараш гирифта, ба ҷояш яксомона мегузорад. Субҳ писар аз хоб хеста, пулро дида, ба гиря медарояд.

Падар мепурсад:

— Барои чӣ гиря мекунӣ?

Писар мегӯяд:

— Пули ман тоқӣ дошт, ин пул тоқӣ надорад.

Падар дар ҷавоб мегӯяд:

— Бачем, одам ки шаб хоб рафт, тоқияшро аз сар мегирад-дия!

Зудтар

Афсар аскари қаториро сарзаниш мекунад:
— Ман ба ту чанд маротиба гуфтам, ки сараввал тири ҳушдордиҳанда парронидан лозим аст?!
Аскар мегӯяд:

— Ман ҳамин хел кардам.

Афсар дубора мепурсад:

— Каллаварам, ба сараш чаро тир холӣ кардӣ?

Аскар:

— Барои он ки гапамро зудтар фаҳмад.

Ба ду тараф

Корманди БДА мошинеро манъ мекунад, ки ронандааш зан аст.

— Духтари зебо, шумо аломатҳои канори роҳро намебинед? Дар ин роҳ танҳо ба як тараф мошин рондан мумкин аст!

Духтар мегӯяд:

— Ман ба ду тараф мошин рондаам-мӣ?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *