Толеъномаи 10-уми сентябри соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Нафароне, ки бо тиҷорат сарукор доранд, аз пешравиҳои худ шод мегарданд. Бо дилдодаатон боэҳтиром ва самимӣ суҳбат намоед. Як ҳарфи хато ё сари ҷаҳл гуфтаи шумо боиси дубора қаҳрӣ шуданатон мегардад. Муносибатро бо атрофиён хуб намоед. Рӯз барои сафарҳои дур мувофиқ нест.
Савр (21 апрел—22 май)
Нимаи аввали рӯз аз дӯсти ранҷидаатон хабари нав мешунавед. Корҳоеро, ки дар ин рӯз ба нақша гирифтаед, ба таъхир гузоред, хеле серкор мешавед. Барои ба эътидол даровардани ҳолати асабҳо аз давоҳои табиӣ истифода кунед. Аз ҳама хуб сафар кардан ба домани куҳ аст, ки ҳам асабатон ором мешавад ва ҳам вақтатон хуш мегузарад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Нисбати саломатиатон бепарво набошед, дардҳое, ки шуморо вақтҳои охир азоб медиҳанд, бо худтабобаткунӣ муолиҷа намешаванд. Нимаи дувуми рӯз нафаре ба шумо изҳори муҳаббат мекунад, ки писанди дилатон нест. Кӯшиш намоед дилашро наозурда, ба ӯ ҷавоби рад диҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Бо рафтори намунавиатон атрофиёнро ба худ ҷалб кардаед. Дар коргоҳ низ ҳамкорон дар ғайбатон суханҳои хуб мегӯянд. Дар тиҷорат эҳтиёткор бошед, зеро аз миён гум шудани маблағ дар назар аст. Барои сайругашт дар ҳавои тоза вақти бештар ҷудо намоед.
Асад (23 июл—23 август)
Шумо бо корчаллонӣ дили ҳамаро ба даст овардаед. Ҳарчанд саломатиатон ташвишовар бошад ҳам, вале дардро ҷиддӣ қабул намекунед. Беҳтараш ба саломатии худ аҳамияти бештар диҳеду истироҳат карданро низ фаромӯш накунед. Нимаи дувуми рӯз аз роҳи дур хабари тааҷҷубоваре мешунавед.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Агар хоҳед, ки ҳамеша дар зиндагӣ муваффақ бошед, ба бадгӯйиҳои душманон аҳамият надода, ҳама фикру зикратонро ба кор равона созед. Маҳз ин амали шумо душманонатонро мағлуб месозад. Дар байни рӯз вохӯрии ғайриоддӣ шуморо интизор аст, ки ба зиндагии шахсиатон тағйироти гуворое ворид месозад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Корҳоятон дар хона зиёд шуда, вақти сархорӣ намеёбед. Кӯшиш намоед, ки ба аёдати падару модар рафтанро низ фаромӯш насозед. Бо кӯдакон ба сайругашт бароед ва асабҳоятонро дар ҳар корҳои майда-чӯйда хароб насозед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ҷаддиҳоро хабари нохуш дар аввали рӯз парешонхотир мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, зимни робита бо атрофиён сар задани нофаҳмиҳо имкон дорад. Кӯшиш кунед, ки ба эҳсосот дода нашавед. Дар охири рӯз ба вохӯрие даъват мешавед, ки тамоман дар гӯшаи хотиратон набуд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз шунидани хабарҳои хушро аз тарафи шахси маҳбубатон интизор шавед. Тиҷоратеро, ки то ҳол даст назадаед, ин рӯз низ ба нақша нагиред. Муносибатро бо ҳамсоягону атрофиён хуб кунед, зеро табъи болидаи шумо аз онҳо вобастагӣ дорад. Шом барои мулоқоти ошиқона мувофиқ аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Аз субҳ шуруъ намуда, ба ободии хонаатон саъю кӯшиш намоед. Аз корҳои беҳудае, ки айни ҳол ба анҷом нарасонидаед, даст кашед. Саломатиатонро фаромӯш насозед. Фаромӯш насозед, ки истеъмоли хӯрокҳои тез ва сернамак ба саломатии гурдаҳоятон, ки начандон хуб аст, зиён мерасонад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар аввали рӯз фикрҳои гуногун табъатонро хира месозанд. Парешонхотирӣ ва асабонияти зиёд масъалаҳои сарбастаро пешорӯятон мегузорад. Муносибатро дар коргоҳ хуб намоед, зеро муваффақияти шумо аз рафтори худатон вобастагӣ дорад. Охири рӯз ба мулоқоти ошиқона даъват мешавед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар миёнаи рӯз хабаре мешунавед, ки дубора ба зиндагӣ дилгарм мешавед. Пешниҳоди хонадоршавиро якбора рад кардан лозим нест. Дар масъалаи саломатӣ бояд хеле боэҳтиёт амал намоед. Нафароне, ки аз бемории гурдаҳо азият мекашанд, бояд аз истеъмоли хӯрокҳои шӯру сарду тунд худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ