толенома

Толеъномаи 11-уми августи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ин рӯз эҳтимоли фиреб хӯрдану ба ваъдаҳои бардурӯғ бовар карданатон зиёд аст. Дарди сар ва аз хӯрок дарунрав гаштанатон имкон дорад. Барои аз мушкилиҳо раҳоӣ ёфтан нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед. Ба нафарони ношинос дарди дил накунед. Ба танқиду хӯрдагириҳо диққат надиҳед.

Савр (21 апрел-22 май)

савр

Дар ин рӯз самараи меҳнати худро мебинед. Агар дар рухсатии меҳнатӣ бошед, табъи дил истироҳат кунед. Беҳтараш бо таъмир ва ободонии хонаву дар машғул шавед. Фикрҳои мағшушро аз сар дур намоед, вагарна табъи хираи шумо ба атрофиёнатон низ таъсир мерасонад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Дар ин рӯз сабабгори баҳс дар хонаатон мегардед ва муносибатҳоятон бо ҳамкорон низ душвор мегардад. Дар сурати рух додани мушкилӣ дар муносибатҳои ошиқона гузашт карданатон лозим меояд. Сабру таҳаммул дар ҷодаи муҳаббат хеле муҳим аст. Ҳангоми харид ва пешниҳодҳои молиявӣ эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Барои рафъ намудани хастагӣ бештар пиёда роҳ гаштанро тавсия медиҳем. Ҳатман аз хоб сер шуда, витамин истеъмол кунеду бо машқҳои ҷисмонӣ машғул гардед. Вазъиятҳои пурмоҷаро сар зада метавонанд, аз ин рӯ, аз робитаи нодаркор ва баҳсу моҷаро худдорӣ намоед.

Асад (23 июл-23 август)

асад

Барои дар касбу кор муваффақ гардидан бо маслиҳати ҳамкорон амал намоед. Ба дӯстону наздикон имкон надиҳед, ки ба хаёти шахсиятон дахолат намоянд. Баъди нисфирӯзӣ вазъи молиявиатон яку якбора тағйир ёфта, мушкилиҳоро рафъ месозед. Танҳо ба наздикони худ дарди дил кунед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Дар ин рӯз муносибатҳоятон бо нафаре, ки дӯстии зич доштед, вайрон мегардад. Барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ қарз гирифтанатон лозим меояд. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Аз тамоми намуди ҷангу муноқиша худдорӣ намуда, ба танқидҳо диққат надиҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Барои мизонҳо рӯзи душвор аст. Нафаре аз наздикон ба муносибатҳои ошиқонаатон заҳр мезанад. Дар ин рӯз ба пурхӯрӣ ва ҷисман хасташавӣ роҳ надиҳед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштану заҳролуд шуданатон дар назар аст. Ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ бодиққат бошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Аз ҷудоӣ бо шахси дӯстдоштаатон руҳафтода нагардед. Дар ин рӯз меҳмондӯстдор бошеду меҳмон даъват кунед. Барои ақрабҳои наврас рӯзи бобарор аст. Барои саломатии худ ташвиш накашед. Бегоҳирӯзӣ барои ронандагон хатари ҷароҳат бардоштан имкон дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Дар ин рӯз фиреб хӯрдану ба ваъдаҳои дурӯғ гирифтор шуданатон имкон дорад. Ба харид ва пешниҳодҳои молиявӣ бодиққат бошед, хатари фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Зудбоварӣ ва зимни робитаҳо худро ба даст гирифта натавонистанатон боиси таассуф ва ашкрезиҳо мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Дар ин рӯз бо рақибони худ робитаро беҳтар месозед. Дар ҷодаи муҳаббат агар бо дӯстдоштаатон ба наздикӣ шинос шуда бошед, эҳтиёткориро пеша намоед. Аз ҳама гуна баҳсу мунозира худдорӣ намуда, ба хӯрдагириҳои атрофиён диққат надиҳед.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Дар ин рӯз сатҳи даромадҳоятон афзуда, барои корҳои нав вақт пайдо мекунед. Ҳоло вақти истироҳататон нест, бояд аз паси кор шавед. Бо наздикони худ нармгуфтор бошед, хусусан агар дар хонаатон сохтмон бошад. Саломатиятон чандон ташвиш намедиҳад, каме нотоб мегардеду халос.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Дар ҳаёти шахсиятон тағйирот дида мешавад. Барои сард нагаштани риштаи муҳаббататон ба моҷаро роҳ надиҳед. Хафагиву кинаро аз дил берун сохта, ба муноқиша роҳ надиҳед. Ҳутҳои калонсол гирифтори бемории тарбод шуда метавонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *