Аз таҳти дил бихандед!
Дасту рӯйи ношуста
– Чаро гӯшу гардани ту ҳамеша ношуста?,- пурсид роҳбари синф аз Анвар.
– Чунки модарам ҳар пагоҳӣ фақат «дасту рӯятро шӯй» мегӯянду халос,- ҷавоб дод Анвар.
Ҷангал
Марде аз дӯсташ мепурсад:
– Муносибатҳои маҳрамонаатон чӣ хел?
Дӯсташ дар ҷавоб:
– Мисоли наботот…
Мард ҳайрон шуда:
– Чӣ хел?
Дӯсташ дар ҷавоб:
– Гоҳе занам кундаву гоҳи дигар ман ҳезум…
Ваксина
Марде аз духтур мепурсад:
– Духтур, дарҳол баъди ваксинагирӣ муносибати маҳрамона кардан мумкин аст?
Духтур дар ҷавоб:
– Не, шумо аввал ба хонаатон равед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ