Толеъномаи 12 июн 2018

                                                            Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Вақти он расидааст, ки идеяҳои худро дар амал нишон дода, мақсадатонро равшан намоед. Сафарҳои бобарор шуморо интизор аст. Имрӯз ҳамаи корҳоятон ба хубӣ анҷом меёбад. Мушкилиҳои иқтисодӣ азиятатон медиҳад, аммо ин ҳол низ дер давом нахоҳад кард.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Шарикони корӣ ва шахсиятатон бештар аз буҳрони иқтисодӣ шикоят мекунанд. Вале ин чиз ба шумо таҳдид намекунад. Дар муошират бо атрофиён эҳтиёткор бошед, зеро вазъи рӯҳиатон имрӯз осебпазир аст.  Ҳангоми сафар саросема нашавед. Фаромуш насозед, ки аввал ҳамроҳ бад роҳ.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯз барои вохӯрӣ бо дӯстон ва муносибат байни одамон қулай аст. Дар саратон орзуҳои афсонавӣ пайдо мешавад, ки ҳоло вақти чунин фикрҳои ҳархела нест. Асабатонро беҳуда хароб накунед. Нимаи дувуми рӯз ҳассоснокӣ ва дудилагиатон аз байн меравад. Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Шумо дар қуллаи баланди фаъолият қарор доред. Беҳтараш фикри амали намудани нақшаатонро имрӯз накунед. Дар охири рӯз хастагиро эҳсос мекунед. Аз ин рӯ, бештар истироҳат намуда, қувваи худро барқарор намоед. Дар муносибат бо ҳамсаратон нофаҳмӣ сар мезанад, ки он ба ҷанҷолу хархашаи калон оварда мерасонад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Давоми рӯз шоҳиди ҳодисае мегардед, ки нигоҳатонро ба баъзе ҷабҳаҳои зиндагӣ дигар мекунад. Нигоҳатон ба одаму олам иваз мешавад. Парешонхотир мабошед ҳар он чизе, ки мешавад ҳамаш ба хубии шумос. Нисбат ба саломатиатон бепарво набошед. Дар ҳавои тоза сайру гашт намоед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Вақти он расидааст, ки барои муддате ҳаёти шахсиятонро тағйир диҳед, новобаста аз он ки кӣ чӣ мегӯяд. Он чизеро ба анҷом расонед, ки ба шумо писанд аст. Ба сафари хизматӣ рафтанро тавсия намедиҳем. Боқи ба ҳар коре, ки имрӯз даст мезанед муваффақ хоҳед шуд. Саломатиатон низ шуморо ташвиш намедиҳад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Имрӯз ҳаргиз ба танбаливу эркагӣ роҳ надиҳед. Худатонро дӯст доред ва тамоми рӯз табъатон болида мегардад. Агар барои рушди тиҷорати хеш ягон фикри фаврие накунед эҳтимол муфлис мешаведАз таҷрибаи соҳибкорони рӯзгордида истифода баред ба манфиати кор хоҳад буд. Бояд ҳамқадами замона бошед навгониҳо ворид намоед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Муҳити кор ва пулиатон беҳтар мешавад, ки он фоидаи зиёд меорад. Барои анҷом додани нақшаҳоятон ба худ боварии зиёд ҳосил менамоед. Муносибатҳои кандашуда шуморо бетаъсир намегузорад. Ҳолати нохубе, ки ба пул ропт дорад, парешонатон месозад. Шуморо лозим аст, аз ин ҳолати ногувор худро эмин доред.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Агар машғулияти асосӣ надошта бошед, шуморо ба кори нав даъват мекунанд. Дар аввали кор ба мушкилиҳо дучор мешавед. Нофаҳмиҳоро дар оила бартараф намуда, муҳити ором фароҳам оред. Дар коргоҳ ба ҳамкасбон муомилаи хуб намоед. Подоши амалҳоятонро имрӯз мегиред.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз он чизеро, ки мехостед, амалӣ мешавад. Баъзе мушкилиҳо дар ҷои кор пайдо мешавад, ки аз нофаҳмии ҳамкорон вобастагии зиёд дорад. Дар ҳаёти хонаводагӣ баъзе тағйирот ворид мешавад, ки муҳаббат ва хуширо дар оилаатон дучанд мекунад. Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Далвҳоро имрӯз хабарҳои муҳиму манфиатбахш интизор аст. Вақти иваз кардани шахсони дар атрофатонбуда расидааст. Метавонед ба сафарҳои дарозмуддат ё рухсатии бемузд равед. Шом пур аз ишқу истироҳат ва фароғат аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Имрӯз аз ҷангу муноқиша худро канор гиред. Аз ғазаболудӣ даст кашед, чунки бадқаҳрӣ неруи  равониатонро кам мекунад. Мушкилоте, ки аввали рӯз сар зада буд бегоҳ бо кумаки модаратон ҳалли худро меёбад. Беҳтар ба корҳое, ки дар нақша доред, ба он машғул шавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *