Иқдоми хайри Аловуддин Абдуллоев

Ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Аловуддин Абдуллоев маблағе, ки аз намоишҳои театрииаш ба даст оварда буд ба зарардидагон аз офати табии  дар ноҳияи Панҷ додааст.  Вай дар сӯҳбат бо рассонаҳо гуфтааст, ки ҳарчанд ин ду ҳазор сомонӣ  ҳарчанд кам ҳам бошад, ҳамаи даромади гурӯҳаш аз намоиш ҳаминқадар будааст. 

Ҳамчунин Аловудин Абдуллоев  илова намудааст, ки мехоҳад бо чунин амалаш диққати шахсони сарватмандро ба ба ин самт ҷалб кунад. Ва афзоиш додани ингуна иқдомҳо мушкилоти осебдидагонро камтар кунад. Абдуллоев афзудааст, ки дар идҳои мазҳабӣ низ кӯшиш мекунад ҳадди имкон ба бошандагони хона–интернаҳо низ кумак расонад. Аловиддин Абдуллоев дар байни тамошобин бо офаридани саҳначаҳое машҳур шудааст, ки дар он танҳо худаш нақши якчанд қаҳрамонро мебозад. Имрӯзҳо монолог ва саҳначаҳои ҳаҷвии ин ҳунарманд бо номи  “Шӯхиҳои Аловиддин” яке аз сертамошобинтарин намоишҳои ҳаҷвӣ ба шумор мераванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *