Толеъномаи 13 апрел 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз аз паси баланд кардани сатҳи маҳорату малакаи касбӣ шавед. Барои расидан ба курсии роҳбарӣ бояд зиёд кӯшиш кунед. Бояд аз хешу пайвандон дур нашавед. Дар муошират бо ашхоси ношинос эҳтиёткор бошед.  Вазъи саломатиатон давоми рӯз хуб аст.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Бо пайдо шудани шахси  аҷибе зиндагиатон ранги дигар мегирад. Барои расидан ба ӯ шумо аз баҳри ҳама қоидаҳои навиштаву нонавиштаи зиндагӣ мегузаред. Вале агар аз кор маҳрум шудан нахоҳед зуд аз олами рӯёҳо ба замини фуруд оед. Саломатиатон давоми рӯз шуморо ташвиш намедиҳад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯз пур аз воқеаҳои хотирмон аст. Ба фарзандон бештар аҳамият диҳед касбу ҳунари хешро ба онҳо омӯзед. Даромади пулӣ дар назар нест. Вазифаҳои ҳаррӯзаатонро иҷро намуда, аз паси зиндагиатон шавед. Муносибати дағалонаронисбати шарики умратон муносиб набинед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Нимаи аввали рӯз барои расидан ба мақсадҳои пешгузошта мусоид асту қисмати дуюмаш барои истироҳат дар муҳити оилавӣ, сафари берун аз шаҳр ва роҳи начандон дур. Барои интихоби либос ба бозору мағоза рафтанатонро имрӯз тавсия намедиҳем. Зеро Хатари фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Саломатиатон имрӯз на чандон хуб мешавад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз тақдир шуморо тасодуфан бо нафаре шинос мекунад, ки туҳфаи беҳтарини тақдир баро шумо хоҳад буд.  Маслиҳату насиҳати дӯстонро гӯш кунед, вагарна корҳоятон дӯлоб гашта, сарсону саргардон мешавед. Саломатиатон низ имрӯз хуб мешавад. Дар коргоҳ ҳама чиз мисли ҳаррӯза пеш меравад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Агар имрӯз ба муносибатҳои ошиқона дода шавед коратон нотамомо монда, аз роҳбар танбеҳ мегиред. Бинобар ин бояд якеро интихоб кунед. Барои сафар рӯзи мувофиқ нест.  Агар танбалиро рафъ намуда тавонед, нақшаҳои олитаринро ҷомаи амал мепӯшонед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Барои хуб сохтани вазъи молиявиатон айёми хуб аст, вале муваффақият дарҳол ба дастатон намеояд, ҳама кор вақту соати худро дорад. Барои  он ки корҳоятон хубтар шаванд, бояд пайваста аз пайи омӯзиш бошед. Танҳо дӯстону наздиконатон метавонанд шуморо аз гирдоби яъсу ноумедӣ берун бароранд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи нав дар касбу кори ақрабҳо баракат меорад. Бо тамоми қувват меҳнат карда, шумо ба мақсад мерасед. Соҳиби вазифаи деринтизор шуда, дар ҷойи кор ҳасудону душман пайдо мекунед, вале ягон бадхоҳ наметавонад табъи шуморо нохуш гардонад. Бояд сарфакориро сар кунед, вагарна аз мушкилии иқтисодӣ азият мекашед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Аз Нафаре, ки ба наздикӣ дилашро ранҷонида будед, ҳатман бахшиш пурсед. Барои аз даст надодани дӯсти беҳтаринатон бо шахсоне, ки боиси ҷудоии шумо мегарданд, шишту хез ва рафтуомад накунед.  Имрӯз дар ҳама кор бояд зирракиаонро ба кор баред то ба доми ҳаннотону фиребкорон наафтед. Бештар пиёдагардӣ кунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Орзуи ягонаи шумо дар рӯзҳои наздик хароб шудану харидорӣ намудани як чизаки кайҳо орзу кардаатон аст. Фаромӯш насозед, ки барои амалӣ гаштани он бояд амал кунед на танҳо орзӯ. Аз хоби гарон хезед ва зиндагии худро аз нав созед. Агар аз рӯйи мақсад амал намоед, ҳатман ба орзуҳоятон мерасед. Аз ҳар нохушии ночиз асабатонро хароб накунед

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Маблағро ба хариди беҳуда сарф накунед, танҳо чизҳои даркориро харидорӣ намоед. Дар муносибат бо хешовандон сабрро пеша намоед, вагарна дили яке аз наздиконатонро сахт меранҷонед. Барои таъмири хонаатон аз пешниҳоди кумаки наздикон рӯй нагардонед.  Барои рафъи сардардӣ аз гиёҳҳои табии истеъмол намоед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Имрӯз бояд бо ҳамкорон нармгуфтор бошед, вагарна сабабгори ҷанҷоли калоне мегардед. Дар танҳоӣ бар зидди ақидаи тамоми коллектив баромада, шумо ба «зоғи сафед» мубаддал гашта, душманони зиёде пайдо мекунед. Хушбахтона дар ин лаҳзаҳои душвор дӯстони ҷониву ҳамсафари ҳаётӣ дастгиратон мегардад. Ба саломатии худ бодиққат бошед, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *