Толеъномаи 13-уми марти соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи душвор аст. Хастагӣ, дахолати нафарони бегона ба зиндагиятон ё вазъи номусоид ба касбу коратон таъсири манфӣ мерасонад. Ба корҳои дуюмдараҷа таваҷҷуҳ накунед. Мақсаднокӣ ва босаранҷомӣ ҷиҳатҳои манфии рӯзро кам месозанд. Ҳам дар назди худ ва ҳам дар назди одамон ростқавл бошед, тамоми кирдори дурӯғ рӯзе фош мегардад.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар маҷмуъ рӯзи бобарор аст. Аз саҳар корҳоятонро ба нақша гиред, то ки вақту қувваи худро ба корҳои майда-чуйда сарф накунед. Агар нияти харидани чизеро дошта бошед, харидро ба таъхир нагузоред. Аз ҳад зиёд қоидаву тартиботро риоя намуда, миҷинг нашавед. Саломатии худро танҳо ба духтурони касбӣ бовар кунед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Бесаранҷомӣ ва ба худ бовар надоштанатон робитаҳои кориро мушкил месозад. Баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда, хабари муҳиме мешунавед, ки барои ба сафар баромаданатон сабабгор мегардад. Бегоҳирӯзӣ барои ба меҳмонӣ рафтан мусоид аст. Саломатии худро эҳтиёт кунед, хатари паст шудани масунияти бадан ва шамол хӯрданатон зиёд аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи бобарор аст, ба шарте ки пешакӣ корҳоятонро ба нақша гирифта тавонед. Вохӯриҳои кориро ба қисми аввали рӯз гузоред. Барои харид кардан рӯзи хуб аст, хариди калон бобарор мешавад. Аз хонаи худ дур сафар кардану бо одамон дар робита шуданро тавсия намедиҳем. Ҳавобаландӣ накунед, вагарна шахси бароятон азизро меранҷонед.
Асад (23 июл-23 август)
Агар дар ин рӯз харид кардан хоҳед, таъхир накунед, зеро баъди нисфирӯзӣ таъсири нафарони бегона ба зиндагиятон ё вазъияти номусоид боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Аз пайи ба даст овардани манбаи нави даромад шавед, вале аз пешниҳодҳои шубҳанок худдорӣ намоед, хатари фиреб хӯрдану ба доми ҳаннотон афтиданатон имкон дорад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи душвор аст. Таъсири нафарони бегона, маслиҳати нодуруст ё баҳогузории манфӣ ба натиҷаи корҳоятон таъсири бад мерасонад. Барои шиносоии нав, вохӯрӣ ва маъракаҳо рӯзи муосид аст. Туҳфаву ҳодисаҳои хуши ногаҳонӣ имкон доранд. Нафарони муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро доранд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи бебарор аст. Қисми аввали рӯз камқувватиро эҳсос намуда, қобилияти коркуниро аз даст медиҳед. Баъди нисфирӯзӣ хабареро мешунавед, ки боиси ба сафар баромаданатон мегардад. Мушкилиҳои пулӣ имкон доранд, қарзҳои куҳнаро баргардониданатон лозим меояд. Баъзеҳо ба наздикону хешовандон кумаки молиявӣ мерасонанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои хариди калон кардану бастани ақди никоҳ рӯзи бобарор аст. Агар корҳоятонро ба нақша гирифта амал намоед, аз ташвишу нобарориҳо эмин мемонед. Ба наздикӣ бо нафаре шинос мешавед, ки шуморо хеле хуб дарк мекунад. Агар нишонаҳои бемории зукомро эҳсос намоед, зуд аз пайи табобат шавед, вагарна табобат тӯл мекашад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад. Агар нияти ба сафар баромадан ё мошини шахсӣ дошта бошед, дар роҳ бодиққат бошед. Хатари ҷароҳат хӯрдану ба садама гирифтор шуданатон зиёд аст. Нуқтаи назари бегонаҳо ё гувоҳии дилро сарфи назар накунед. Дар ин рӯз ба мулоқоти ошиқона рафтану нӯшидани нӯшокиҳои спиртиро тавсия намедиҳем.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Хабари хуш ё пешниҳоди муфид боиси ба даст овардани даромади хуб мегардад. Бонувон аз шавҳар ва духтарон аз дӯстдоштаҳои худ туҳфа мегиранд. Аксари ҷаддиҳо ошиқ мешаванд, вале саросема нашавед, ин ишқ самимӣ нест. Барои он ки зуд-зуд бемор нашавед, витаминҳои даркориро истеъмол кунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар муносибатҳои оилавиятон мушкилиҳо пеш меоянд. Уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунед. Ба пешниҳодҳои дилфиреб бовар накунед, ба роҳи фиребу найранг наравед. Маблағеро, ки дар киса доред, сарфакорона истифода баред, рӯзҳои наздик ба пул сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. Агар дар ин рӯз бемор шавед, бемориятон тӯл мекашад. Худро эҳтиёт кунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз аз харидани чизҳои қимматбаҳову зебо худдорӣ намоед. Мушкилиҳои пулӣ пеш меоянд. Баъди нисфирӯзӣ ҳутҳои оиладор бо фарзандон гирифтори нофаҳмӣ мегарданд. Босабру ботаҳаммул бошед. Саломатӣ ташвишатон намедиҳад. Бештар кабудӣ ва шарбат истеъмол намуда, аз нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ