Forbes ба ду зани афғон ҷоиза дод

Ду зани сиёсатмадори Афғонистон барандаи ҷоизаи «Тағйироварандагон» ё «Changemaker Award»-и маҷаллаи бонуфузи амрикоии «Forbes» шудаанд. Ин ду зан яке вакили собиқи парлумони Афғонистон ва дигаре раиси шаҳри Майдон Вардак мебошанд.

Ноҳид Фарид вакили мардуми Ҳирот дар Маҷлиси намояндагони давлати пешини Афғонистон ва Зарифа Ғаффорӣ раиси шаҳри Майдон Вардак — маркази вилояти ҳамноми Афғонистон мебошанд. Ин ҷоиза ба ин ду зани фаъоли Афғонистон дар маросими хосе дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тақдим шудааст.

Ин ду зан пас аз ғасби Кобул аз сӯйи «Толибон» дар моҳи августи соли 2021 ба хориҷ аз Афғонистон рафта буданд. Аммо Зарифа Ғаффорӣ чанд рӯз пеш ба Кобул баргашт ва ин баргашти ӯ дар расонаҳо хабарсоз шуд. Ғаффорӣ ба расонаҳо гуфт, ки дигар ба фаъолиятҳои сиёсӣ намепардозад ва бо роҳҳои ғайрисиёсӣ ба мардуми Афғонистон кумак мекунад.

Ин ҷоиза рӯзи 8-уми март ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии зан дар доираи барномаи 30/50 дар ҳузури бонувони 37 кишвари ҷаҳон тақдим шудааст. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *