Моҷарои дигарбораи марзӣ! Музокироти ҷонибҳо баҳри пешгирии муноқишаҳо

Вобаста ба ҳодисаҳои охири дар марз бавуҷудомада музокироти ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров Баҳоваддин Баҳодурзода ва Зафарбек Давлатзода, раиси вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони навоҳии сарҳадии кишвари ҳамсоя ва сохторҳои низомии ду тараф иштирок доранд.

Ҳадафи ин дидори ҷонибҳо пешгирӣ аз муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ гуфта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *