Футболбоз мусулмон шуду номашро иваз кард

— Кларенс Зеедорф — ситораи пешини футболи Ҳоланд ва тимҳои Милан (Италия) ва Реал Мадрид (Испания) дини Исломро пазируфта, номи худро ба Юнус иваз кардааст,- хабар медиҳад “Парстудей”.

Ситораи футболи Ҳоланд чанд моҳ пеш эълом карда буд, ки дар ҳоли таҳқиқ ва ҷустуҷӯ дар динҳост ва ба зудӣ дини ҷадиди худро эълом хоҳад кард. Акнун Зеедорф эълом кард, ки пас аз таҳқиқ ва ҷустуҷӯ ба ин натиҷа расид, ки Ислом ҷомеътарин дин аст ва наздиктарин мабонӣ ба воқеиятро дорад.

Кларенс Зеедорф — футболбози собиқи тими миллии Ҳоланд бо тимҳои Милан ва Реал Мадрид чаҳор бор ба мақоми қаҳрамонии лигаи қаҳрамонони Аврупо расид. Юнус (Кларенс Зеедорф) аз соли 1998 то 2008 узви тими миллии Ҳоланд буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *