Ато ҲАМДАМ: Ба журналист диплом не, истеъдод лозим!

Замони сармуҳаррир таъйин шудан 28 сол дошт. Беҳтарин тими рӯзноманигориро сохт. Тиражи “Комсомоли Тоҷикистон” дар замони роҳбарии ӯ ба 200 ҳазор расид. Мегӯянд, бедории фикрӣ ва худшиносии миллӣ дар солҳои 80-ум дар редаксияи ӯ оғоз шуд. Чӣ асрор дорад Ато Ҳамдам? Чаро бо гузашти солҳо маҳз “Комсомол”-и ӯро ёд мекунанд? Барои посух гирифтан ба ин суолҳо дар арафаи Рӯзи матбуот ба аёдати Ато Ҳамдам рафтем.

Исён ва ё Комсомоли Ато Ҳамдам

— Шумо чанд сол қабл гуфта будед, ки хотироти замони журналистӣ ва сардабириатонро ба шакли китоб дастраси хонанда мекунед. Ин идея то куҷо амалӣ шуд?

Устод Ато Ҳамдам бастаи варақҳоро аз ғалладони мизаш берун оварда, дар посухи нахустин суоли ман мегӯяд:

— Бале, ин китоб “Исён ё худ Комсомоли Ато Ҳамдам” ном дорад. Дар он хотираҳои ман ва мусоҳибаҳое, ки бо журналистон анҷом додаам, гирд оварда шудааст. Бо сабаби мушкилоти молӣ чопи ин китоб мавқуф шуд, вале ман ваъда додам,   иҷро мекунам. Ин китоб, Худо хоҳад, ба дасти хонанда мерасад. Имрӯз хонанда дар бораи фаъолияти Ато Ҳамдам дар “Комсомоли Тоҷикистон” пора-пора медонад. Ман мехоҳам онро дар шакли китоб пурра ба ҳукми хонанда гузорам. Дар ин хотирот рӯзҳои аз сар гузаронидаам, дастгирии дӯстону шогирдонам ва номардиҳои ба ном “шогирду дӯстонам” оварда мешаванд. Ин на ба хотири кина, балки ба хотири ҳақиқат навишта хоҳад шуд. Бигзор донанд, ки аз сари як қаламкаши тоҷик чиҳо гузашт… Дар ин китоб ман сукути қариб чилсолаамро мешиканам…

Ҷавонтарин сардабир

— Ёд доред, ки чӣ тавр ба идораи “Комсомоли Тоҷикистон” ба кор омадед?,- суол кардам аз устод Ато Ҳамдам.

Як қулт чойи сард аз пиёла менӯшад ва аз тирезаи ҳуҷраи кориаш, ки дар ошёнаи дуюми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон воқеъ аст, ба ҳавлӣ менигарад. Ангор саҳифаҳои хотироташро варақ мезанад.

— 3-юми августи соли 1977,- гулӯ рӯшан мекунад,- баъди хатми Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд ба Душанбе омадам. Ҳеҷ дар гумонам набуд, ки маро аз рӯзномаи ҳизбии “Тоҷикистони советӣ” ба рӯзномаи ҷавонӣ гузаронанд. Ғайричашмдошт баъди ҳаводиси носозгори “Комсомоли Тоҷикистон” маро ба сармуҳарририи он пешниҳод намуданд. Дар аввалин вохӯрӣ бо аҳли эҷоди рӯзнома муроҷиат кардам, ки ҳар он чӣ буд, гузашт, аз ин пас мо бо ҳам коллективона кор мекунем. Ман ҳеҷ вақт худро аз шумо боло намегузорам, чун шумо рӯзноманигор ҳастам, лозим ояд, аз шумо меомӯзам ва то ҷое, ки имконият дорам, он чиро омӯхтам, ба шумо меомӯзонам. Барои ман мафҳуми маҳал ва маҳалбозӣ тамоман бегона аст. Ман танҳо аз рӯи истеъдод ва ҳунар ба шахсият баҳо медиҳам. Ин дари бинои куҳна, ки аз солҳои 30 боқӣ мондааст, барои ҳар яки мо муқаддас аст ва барои шумо доимо боз. Ман интизори суҳбати гарми шумо, интизори пешниҳоди идеяҳои тозаи шумо ҳастам ва ҳар он чӣ, ки хуб аст, бо ёрии ҳамдигар ба роҳ мемонем ва барои обрӯву эътибори рӯзнома кӯшишу ғайрати худро дареғ намедорем.

Командаи “Комсомол”

Тавре ишора шуд, дар замони сардабирии Ато Ҳамдам “Комсомоли Тоҷикистон” ба яке аз нашрияҳои маҳбубтарин ва таъсиргузор табдил ёфт.

“Нархи як рӯзнома 3 тин буд, вале дар Айниву Панҷакент онро 5-тинӣ харидориву мутолиа мекарданд. Тиражи рӯзномаи мо ба 200 ҳазор расид. Нияти мо 300 ҳазор буд, вале дар обунаамон маҳдудият монданд”,- ба ёд меорад Ато Ҳамдам.

— Дар ин муваффақият чӣ сирре ниҳон аст?,- мепурсам аз устод.

— Сирри муваффақияти “Комсомол” командаи кории он буд. Дар редаксия аз аввал ягонагиву якдилӣ, фазои созгори озодро муҳайё кардам. Дуюм, боистеъдодтарин ҷавононро ба кор ҷалб карда, озодӣ додам, озодии комили эҷодӣ. Ҳамин аст, ки нашрияи мо маъруф шуд.

Хиёнат

Чун обрӯйи “Комсомоли Тоҷикистон” зиёд шуд ва хабарнигорони он ба истилоҳи он вақт “гузарониданд”, бадхоҳон хостанд ин командаро пароканда кунанд. Роҳи ягона барканории Ато Ҳамдам буд.

Кормандони рӯзномаро ба гуруҳҳо тақсим ва зидди сармуҳаррир дасисаҳо карданд. Ҳамин тавр, баъди 11 соли сардабирӣ Ато Ҳамдамро аз вазифа сабукдӯш карданд.

“Русҳо мегӯянд: “Семья не без урода”. Дар оила ҳама як хел намешаванд. Дар “оила”-и ташкилкардаи ман, ки 22-25 нафар журналисти сарсупурда буданд, чанде носипосон низ буданд. Дере нагузашта бисёрашон гуноҳашонро дарк карданд, пушаймон шуданд, наздам ба зону заданду узр хостанд. Ба онҳо гуфтам: ман шуморо бахшидам, Худо шуморо бахшад!”.

Бо вуҷуди ин, Ато Ҳамдам солҳои фаъолияташро дар “Комсомоли Тоҷикистон” мактаби бузург арзёбӣ мекунад.

“Бояд гӯям, ки бо лутфи Худо, мансаб ҳамеша худаш маро ҷустуҷӯ кард. Ба рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ногаҳон омадам. Дар байни 7 нафар рақиб мани кисахолӣ бо гирифтани 73% овозҳо депутати Шӯрои Олӣ шудам. Вазири фарҳанг шуданам ҳам ҳамин хел буд: ҳамчун депутат дар Хуҷанд, дар манзили ҷавононе, ки дар баҳманмоҳ ҳалок шуда буданд, аз телевизион фаҳмидам, ки маро вазир таъйин кардаанд. Ба ҳайси мушовири Президент, директори нашриёти “Адиб” низ софдилона кор кардам. Ҳамеша мансаб ба сӯи ман омад”,- мегӯяд номбурда.

Вокуниши мақомот муҳим аст!

— Ба фикри шумо, имрӯз матбуот рисолаташро иҷро мекунад?,- суол мекунам аз устод Ато Ҳамдам.

— На ҳамеша. Ман нафаре ҳастам, ки пайваста нашрияҳои давриро мутолиа мекунам. Ин ба ман одат шудааст. Бароям хушоянд аст, ки журналистони ҷавон кӯшиши тозакорӣ доранд. Бисёр хуб проблемагузорӣ мекунанд, мавзуҳои ҷолибро пайгирӣ менамоянд, вале афсӯс, ки навиштаҳои имрӯза муассир нестанд. Журналист аз пайи навиштааш намешавад, ки оё проблемаи бардоштаи ӯ ҳал шуд ё не? Бояд баъди чопи ҳар як мақолаи танқидӣ вокуниши мақомоти дахлдор низ чоп шавад. Фармони махсуси президент низ дар ин маврид ҳаст, аммо худи журналистон ин чизро нодида мегиранд. Матбуот пуле байни халқ ва ҳукумат аст. Бояд ин рисолаташро иҷро кунад.

Диплом ва журналистика

Аз устод Ато Ҳамдам, ки шогирдони зиёдеро дар ҷодаи журналистика тарбия кардааст, мепурсам:

— Устод, барои журналист шудан диплом нақш мебозад?

Посух медиҳад:

— Не! Барои журналист истеъдод муҳим аст. Даҳҳо нафар шуъбаҳои журналистиро хатм мекунанд, вале як ҷумла навишта наметавонанд. “Гар ба дил завқе надорӣ, синаҷунбонӣ чӣ суд?”. Журналистика истеъдод аст, ки баъдан ба касб табдил мешавад.

Ҳамаи шумо бо номи Салими Зарафшонфар шинос ҳастед. Ӯро ҳамчун шоири рангинхаёл, нависандаи хушқареҳа, тарҷумони чиррадаст ва албатта журналисти собиқадор медонед. Вале шояд надонед, ки Салим дар мактаби олӣ таҳсил накардааст ва маълумоти донишгоҳӣ надорад. Ё устоди журналистони ҷавони тоҷик Ҷовид Муқим хатмкардаи факултаи иқтисодӣ аст. Вале ӯ ҳамчун журналист шуҳрат пайдо кард, доктору профессор шуд ва даҳҳо журналистро тарбия намуд. Худ қазоват кунед. Ман гуфтанӣ нестам, ки таҳсил кардан дар факултаи журналистика лозим нест, баръакс, агар завқ бошад, истеъдод бошад, илова бар ин, донишҳои журналистӣ низ бошанд, нуран алонур мешавад.

Аз журналистика ба адабиёт

Ато Ҳамдам имрӯз яке аз адибони сермаҳсул ва дарматурги шинохтаи тоҷик аст. Мегӯяд, ки барои тавфиқ ёфтан дар адабиёт кори матбуот барояш ба сифати мактаб хизмат кард:

— Ман аз матбуот дарси ҳаёт омӯхтам. Инсонҳоро шинохтам. Маро ба адабиёт жуналистика овард. Аввал очерк менавиштам дар саҳифаҳои матбуот. Ба узвияти Иттифоқи нависандагон ҳам маро ҳамчун очеркнавис қабул карданд. Баъдан ҳикояву қисса, роман ва драма навиштам. Журналистика мактаби бузург аст, барои шинохт ва дарки бештари муаммоҳои рӯзгор.

Ҳоло Ато Ҳамдам машғули корҳои эҷодӣ аст. Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи драматургия кору фаъолият дорад.

— Шогирдонам маро бо вуҷуди нафақагир буданам, аз кор ҷавоб надоданд. Имрӯз 73-сола ҳам бошам, дар паҳлуи ҷавонҳо кору фаъолият дорам. Ин ба ман нерӯи зиндагӣ ва эҷод мебахшад,- мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *