Аз гуруснагӣ мемирем?

— Вазъи Украина имсол ба буҳрони ҷаҳонии ғизо таҳдид мекунад,- менависад рӯзномаи «Le Figaro» бо истинод ба вазири кишоварзӣ ва ғизои Фаронса Ҷулиен Денормандӣ.

«Дар минтақаи Баҳри Миёназамин кишварҳои зиёде ҳастанд, ки аз содироти гандум аз Русия ва Украина вобастаанд»,- шарҳ дод ӯ. Ба гуфтаи ӯ, ҳаводиси охир метавонанд боиси баланд шудани нархҳо шаванд, ки ин ба нархи ғизои чорво низ таъсир мерасонад.

Ба навиштаи нашрия, кишварҳои Қатар, Руанда, Қирғизистон ва Миср 80% аз воридоти гандум аз Русия ва Туркия 70% вобастаанд.

Дар ин росто, сиёсатмадори фаронсавӣ даъват кард, ки барои ҷилавгирӣ аз буҳрони ғизоӣ дар якуним соли оянда чораҳо андешида шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *