Толеъномаи 13-уми сентябри соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Кӯшиш намоед рӯзи худро хуш гузаронед. Оғоз намудани корҳои навро тавсия намедиҳем. Бо нафароне, ки дӯсташон медоред, муноқиша накунед ё ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Табобати бемориеро, ки чанд муддат шуморо азият медиҳад, зудтар оғоз карданатон лозим аст, вагарна ба шакли музмин мубаддал мегардад.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз имконияти хубе ба дастатон меояд. Чизеро, ки ба он сахт эҳтиёҷ доред, дар ҳамин рӯз пайдо карда метавонед. Дар муносибатҳои ошиқона рӯзи бобарор меояд, хусусан нафароне, ки изҳори муҳаббат кардан мехоҳанд, дар ҷавоб суханони пурмуҳаббат мешунаванд.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Шартномаву гуфтушунидҳои навро дар ин рӯз ба нақша нагиред. Пайваста бояд нерӯи худро мустаҳкам намоед, зеро қувваи худро бисёр сарф карданатон лозим меояд. Вақти худро хуш гузаронед ва танҳо бо нафароне дар робита шавед, ки ҳамроҳашон худро роҳат эҳсос намоед. Вақти бештари худро дар ҳавои тоза гузаронед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Тамоми фикру зикри худро ба кор равона созед. Вохӯриву гуфтушунид ва зангҳои телефонӣ бобарор анҷом меёбанд. Ба коре, ки боиси ранҷиши шахси дӯстдоштаатон мегардад, даст назанед. Айни замон шумо хеле нозук ҳастед, аз ин рӯ, ҳама гуна баҳсу мунозира ба муноқишаи давомнок мубаддал мегардад.
Асад (23 июл-23 август)
Ягон ҳодисаи ногувор рух намедиҳад. Нақшаву ниятҳои зиёдатон ҷомаи амал мепӯшанд. Аз ҷониби наздикон кумаку дастгирӣ мебинед. Барои рафъ намудани асабоният ва фишори руҳӣ ба машрубот ва шикастани косаву табақ рӯ наоред.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Аз қатъӣ амал кардан наҳаросед. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи созгор аст. Агар шумо муҷаррад бошед, ташаббусро ба даст гирифта, ҷасурона изҳори муҳаббат намоед. Ба хӯроки мехӯрдаи худ диққати хоса диҳед, ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Айни замон ба зудӣ гирифтори таъсироти манфӣ мегардед, аз ин рӯ, дар ҳама кор боэҳтиёт бошед. Аз ширкат варзидан дар муноқишаҳо худдорӣ намоед, беҳуда асаби худро хароб насозед, вазъият ба хости дили шумо мегардад. Ҳар қадаре бепарво бошед, бурд мекунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз чизе наметавонад асаби шуморо харобу хотиратонро мушавваш гардонад. Барои ба мақсад расидан қувваву нерӯятон басандагӣ мекунад. Ҷаласаҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд, вале ба касе қарз додану қарз гирифтанро тавсия намедиҳем.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи ором аст. Корҳои қаблан оғознамудаи худро ба анҷом расонида метавонед. Ҳамзамон барои харидкунӣ рӯзи бобарор аст. Агар имкон дошта бошед, ҳатман барои харидани чизҳои даркориятон равед. Аз ин амал на танҳо худатон, балки табъи аъзои оила болида мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи хубест барои барқарор сохтани робита бо шахсони даркорӣ. Ҳар орзуе, ки дар дил доред, ҷомаи амал мепӯшад. Ба нафароне, ки мошин меронанд, ҳушёр шуданро тавсия медиҳем. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, бештар истироҳат намоед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз табъатон андаке хира мегардад. Кӯшиш намоед, ки ба фикрҳои мағшуш дода нашавед. Кӯшиши бо машрубот рафъ намудани асабониятро накунед, вагарна кор ба зарари худатон анҷом меёбад. Агар гуфтаҳои болоро риоя намоед, саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона ва нафарони эҷодкор. Дар ҳарду ҷода низ бартарияти худро нишон дода, дар назди атрофиён обрӯву нуфуз пайдо мекунед. Нафарони муҷарраде, ки дар назди худ мақсад мегузоранд, дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётиро пайдо карда метавонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ