Толеъномаи 15 апрел 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯз барои истироҳат бо аҳли оила мусоид меояд. Дар давоми рӯз аз нафарони дилтангу руҳафтода дурӣ ҷӯед, вагарна таъсири манфияшон ба шумо асар намуда, табъатон хира мегардад.  Аз ҷониби наздиконатон дастгириву меҳрубонӣ мебинед. Бештар некӣ кунед, дар оянда подоши некиҳоятонро ҳатман мебинед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Нимаи аввали рӯз  дар бораи нафароне, ки дербоз мешинохтед, бисёр чизҳоро мефаҳмед. Агар боақлона рафтор намоед, дӯстро аз душман фарқ карда метавонед. Айёми тағйиротҳои судманд фаро мерасад, бо нафарони аҷибе шинос мешавед, ки таъсири худро ба зиндагии минбаъдаи шумо мерасонанд. Агар кори шумо бо иттилоот ё мутобиқатсозии кор вобастагӣ дошта бошад, дағалии мизоҷеро ба дил наздик қабул накунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Тамоми ҳодисаҳои рухдодаро оромона қабул намоед, беҳуда ба ҳар кор бинӣ нахалонед. Ба мақсад расидан хоҳед, дасту остин барзада аз пайи кор шавед, танбалӣ карда рӯзро беҳуда нагузаронед. Ба даҳони худ нигоҳ карда гап занед, як ҳарфи ноҷои гуфтаатон наздиконатонро меранҷонад. Маблағеро, ки яке аз наздиконатон ба шумо медиҳад, барои ободонии хона сарф мекунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ҳама кор хеле боэҳтиёту ҳушёр бошед. Бо вуҷуди бобарор омадани рӯз  бо сабаби гуногунфикрӣ имкони бо баъзеҳо муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Паёмҳои хуш аз ҷое меоянд, ки тамоман интизор набудед. Аз ҳолатҳое, ки боиси фишору руҳӣ ва хавотирии шумо гашта метавонанд, худро канор бигиред. Табъатон зуд-зуд тағйир ёфта, қаҳру ғазаби худро ба сари дигарон нарезед, оқибати амалатонро андеша намоед

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар муносибат бо шахси бароятон бениҳоят азиз мушкилиҳо пеш меоянд, бо ҳар сабаби ночиз муноқиша мекунед. Кӯшиш намоед, кор бо ҷангу ҷанҷол анҷом наёбад.Охири рӯз кӯшиши зиёд намудани маблағро накунед, беҳтараш кӯшиш намоед пули доштаатонро беҳуда сарф накунед. Асадҳои ошиқ бо сабаби серкориву дурӣ аз ёрашон  худро танҳо эҳсос мекунанд.  Дӯстро аз душман фарқ карданро омӯзед

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Асабонияти шумо ба вазъи оилавиятон низ таъсир расонида, атрофиён аз шумо мегурехтагӣ мешаванд. Дар ҳаёти асадҳои ошиқ тағйиротҳои хотирмон рух медиҳанд. Нафареро, ки бо умед дасти мадад дароз мекунад, ноумед насозед. Некиҳои кардаатон дучанд шуда ба шумо бармегарданд. Бо пули дигарон сару кор нагиред, вагарна сахт асабӣ шуда, нақшахоятонро тағйир доданатон лозим меояд

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Сарчашмаҳои нави даромадро пайдо мекунед. Муҳимаш чунин имкониятро аз даст надиҳед. Фарзандон аз пештара бештар аз шумо нигоҳубину ғамхорӣ талаб мекунанд. Шуморо лозим меояд, дар ҳалли  мушкилиҳояшон ба онҳо кӯмак расонед. Ба саломатии худ бодиққат бошед, имкони хурӯҷ кардани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад.  молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Хатари гум кардани як чизи зебову даркорӣ имкон дорад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Кӯшиш намоед бо нафароне, ки бароятон бетафовут нестанд, аз рӯйи виҷдон ва ошкоро амал намоед. Ягон фиребу дурӯғ пинҳон намемонад ва ҳақиқат хеле зуд рӯйи об мебарояд. Дар ин рӯз корҳоеро, ки аз шумо қувваи ҷисмониву равонӣ металабанд, ба дӯш нагиред. Агар ба дастатон маблағ афтад, барои наздиконатон ягон мукофот хариданро фаромӯш накунед. Хабари ногаҳонӣ тамоми нақшаҳоятонро дар рӯзи истироҳат барбод медиҳад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Барои хариду фурӯш ва дигар муомилоти пулӣ рӯзи хубест. Дар муноқишае, ки дар ҷойи коратон ба вуқуъ мепазирад,  касеро ҷонибдорӣ накунед, вагарна шуморо низ ба қатори гунаҳкорон дароварда, ба саратон борони маломат мерезанд. Ба хабарҳои шунидаатон бодиққат бошед, имкони ба даст овардани маблағ вуҷуд дорад. Қабл аз он ки маблағ сарф карда чизеро хариданӣ мешавед, нағзакак андеша намоед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Бемалол барои хона чизҳои даркориро харидан гиред, айни замон корди шумо болои равған аст.  Шуморо лозим аст, ки барои хушҳолӣ ва баланд бардоштани табъи худ либосу хӯрданиҳои табъи дилатонро харидорӣ намоед. Қисмати зиёди рӯзро дар танҳоӣ паси сар кардан мехоҳед. Тамоми корҳоятон бобарор анҷом ёфта , заррае хастагиро эҳсос намекунед. Ҷаддиҳои ошиқ бо сабаби ночизе аз ёрашон меранҷанд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Ба гапу андешаи дигарон  гӯш дода, барои худ хулосаи даркориро пайдо намоед. Агар ба дастгирии атрофиёнатон такя намуда, аз пайи кор шавед, корҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Сари қаҳр ошиқатонро наранҷонед.  Беҳтараш бо нафаре, ки ба ӯ боварӣ доред, дарди дил намуда маслиҳат пурсед. Аз нафаре туҳфа ё кӯмаки начандон калони пулӣ мегиред. Аз хӯрдани хӯрокҳои серравған худдорӣ намоед

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Орзуи шумо хеле бо оҳистагӣ бошад ҳам, дар ояндаи наздик ҷомаи амал мепушад. Дастгирии наздикон шуморо болу пар мебахшад. Аз танқид натарсида боҷуръат ба пеш ҳаракат намоед. Ҳутҳое, ки бо кори савдо машғуланд, имрӯз даромади хуб ба даст меоранд. Сарчашмаи нави даромадро пайдо карданатон имкон дорад, беҳтараш дар ин бора ба касе чизе нагӯед фаромӯш насозед, ки дар байни дӯстон душман низ доред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *