Конибодом: Чаро Ҳамдам аввал занашро кушту баъдан худро?

Ҳодисаи мудҳиши аз ҷониби шавҳар кушта шудани зан ва худро ба дор кашидани мард дар шаҳри Конибом яке аз пурсарусадотарин ҳодиса дар вилояти Суғд аст, ки 9 рӯз боз ба қавле “дар даҳони хурду бузург ҳамин гап” аст. Ҳодиса якто бошад ҳам, атрофи он тахмину гумон, фикру андеша ва шаҳру эзоҳҳо бешуморанд. Яке мегӯяд, ки сабабгори асосии ҳодиса муноқишаи байни зану шавҳар аст.  Дуюмӣ айбро ба зан монда мегӯянд, ки “наход зан мард ва ду фарзанди ноболиғро партофта мулки русро хонаи худ созад”, сеюмӣ сабабро дар бетарафии  ҷомеа мебинаду чорумӣ дар  муомилаи дурушти баъзе аз кормандони ШВКД- шаҳри Конибодом. Мо барои равшан кардани асли қазия роҳ пеш гирифтем сӯи хонаи ҳарду марҳумон, то бо волидону наздикони  онҳо ва шоҳидони ҳодиса  сӯҳбат ороем:

                                      Куштор ва худкушӣ дар ҳавлии шахсони бегона

Шоҳиди аввалини ҳодиса сокини кӯчаи Бӯстон, ҳавлии № 60 Бибиҷон Мақсудова мебошад. Ин зан  нисфирӯзӣ  набераашро  гирифта  барои ҳавои тоза кашидани кӯдак ба кўча мебарояд. Мақсудова  манзараи даҳшатбори дар рӯи ҳавлияш дидаро чунин нақл кард:

-Наберачаамро гирифта ба берун баромадам, ки ҳам ҳавои тоза кашему ҳам шавҳарм, ки шаб навбатдор буд ором хоб равад.   Баъди фурсате ба ҳавлӣ баргашта  ҷавонзане, ки аз рӯи сират ба духтарчаи мактабхон шабоҳат дошт ғарқи хун дидам. Келинам бошад аз шиддати тарс ҳунгос мегирист ва дасту пояш мисли барги бед меларзиданд. Ҷисми нозукаки занро  дида хаёл кардем, ки бадкоре хостааст ба духтари мактабхон озор расонад. Ҳанўз намедонистем, ки шавҳар занашро баъди 11 соли зиндагӣ бо ин бераҳмӣ дар хонаи каси куллан бегона ба ҳалокат расондааст.

Мо марди кушандаи ин ҷавонзанро бо чашми худ дием, аммо то шавҳари хобамро бедор кардам, ки ӯ сар- сари деворҳо мисли паранда париду рафт. Баъди аз се девор гузаштан дар тими оғили ҳамсоя худовезӣ кардааст…

 Идомаро дар шумораи навбатии  ҳафтаномаи «ОИЛА» мутолиа намоед.

                                                                                                                                   Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *