Толеъномаи 15-уми апрели соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нимаи аввали рӯз ташвиши рӯзгор ва мушкилиҳо тамоми вақтатонро фаро мегиранд. Худхоҳӣ ва беҳурматӣ нисбати ҳамсуҳбат сабаби муноқишае мегардад, ки ба фоидаи шумо анҷом намеёбад. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ нафарони ношинос дасти кумак дароз мекунанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Барои нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи бобарор аст. Мулоқоти ошиқона низ табъатонро болида месозад. Бонувони муҷаррадро шиносоии гуворо интизор аст. Хобҳои дидаатон аз рӯйдоде дарак медиҳанд. Маблағи хуб ба даст намеоред.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рашку хомхаёлӣ ва фиребу найранг сабабгори рафтори беандешаи шумо мегардад. Нияту нақшаҳои худро пинҳон нигоҳ доред, бадкирдориҳои душманон натиҷаи коратонро барбод медиҳад. Ба қаҳру ғазаб роҳ додану бо ишқварзӣ машғул шуданро маслиҳат намедиҳем. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Вазъи молиявиатон дар ин рӯз чандон хуб нест. Бар замми ин, муносибататон бо ҳамкорон ва наздикон вайрон мегардад. Хоҳиши фармонфармоӣ карданро аз худ дур созед, вагарна дӯстдоштаи худро сахт меранҷонед. Нисбати дарди гурда фориғболӣ накунед.

Асад (23 июл-23 август)

Кори вазнин ё бепарвоӣ нисбати саломатӣ боиси бемор шуданатон мегардад. Якравию одати рӯирост гап задан боиси вайрон шудани муносибат бо наздиконатон мегардад. Мушкилиҳои рӯзгор тамоми вақтатонро фаро гирифта, кӯшишу дастгирии атрофиён натиҷа намебахшад. Аз қиморбозӣ дурӣ ҷӯед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи муноқишаву низоъ аст. Бо атрофиён гапатон мегурезад. Хастагиву асабоният таъсири худро мерасонад. Бо наздикони худ боэҳтиёт бошед, то ки рашку ҳасадашонро наоред. Аз пайи ба даст овардани кайфу сафо нашавед, вагарна обрӯву эътиборатон рехта, наздикон аз шумо рӯ метобанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои истироҳати бофароғат ва дилхушӣ рӯзи мусоид аст. Нафаре, ки аз шумо кайҳо боз қарздор буд, пулро бармегардонад. Меҳнати дастаҷамъона бобарор анҷом меёбад. Дилёбиву хушчақчақӣ ва зеҳни тезатон боиси ба даст овардани маблағи хуб мегардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар мушкилиҳои рӯзи пешинаро бобарор ба анҷом расонед, пас рӯзи бобарор насибатон мегардад. Қалбатон ором мегардад. Маблағи пулиеро, ки интизор ҳастед, имрӯз низ ба даст оварда наметавонед. Ба саломатии гурдаву меъдаатон диққати бештар диҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи душвор аст. Фиреб, хомхаёлӣ ва бадгумонӣ сабабгори рафтори беандешаи шумо мегардад. Дар ин рӯз аз касе пул қарз нагиред, аз муомилаҳои пулӣ бо дӯстон худдорӣ намоед, вагарна ҳам дӯстиятон хотима меёбаду ҳам пул ба даст оварда наметавонед. Мушкили оилавии худро ба касе нагӯед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи макру фиреб ва муноқишаҳо аст. Эҳтимол бо атрофиён моҷаро мекунед. Танқиди тасодуфиро ба дил наздик қабул накунед ва дар навбати худ зимни робита хеле боэҳтиёт бошед, то ки ба иззати нафси касе нарасида, рашку ҳасадро бедор насозед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз аз фиреб хӯрдану ваъдаҳои хушку холӣ эҳтиёт шавед. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Нафарони пиронсол аз хуруҷ намудани бемориҳои музмин азият мекашанд. Эҳтимоли хастагӣ ва дарди сар вуҷуд дорад. Ҳақ будани худро дар ин рӯз собит карда наметавонед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи хубест барои хайру саховатмандӣ. Аз хариду фурӯш худдорӣ намоед. Нисбати нафарони калонсоли оилаатон бодиққат бошед, онҳо ба кумаку дастгирии шумо ниёз доранд. Муваффақият насиби онҳое мегардад, ки пулро сарфа карда метавонанд.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *