Толеъномаи 15-уми декабри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз натиҷаи заҳматҳои худро мебинед. Корҳоятон хубу муносибатҳои шахсиятон ранги тоза мегиранд. Ҳатто ҳавои сарди зимистон табъатонро хира намесозад. Бегоҳирӯзӣ каме нотоб мегардед, вале ҳолатон ба зудӣ хуб мегардад.
Савр (21 апрел-22 май)
Нақшаву ниятҳои худро яксӯ гузошта, ғами наздиконатонро хӯред. Корҳои вобаста бо илму техника ва тиб бобарор анҷом меёбанд. Дар ҷодаи муҳаббат саврҳо бояд андеша намоянд. Даромади пулӣ аз сатҳи хароҷот зиёд гашта, дилатон ба зиндагӣ гарм мегардад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз барои ягон кор фурсат намеёбед. Агар дар давоми рӯз яъсу ноумедиро эҳсос намоед, ба сайругашт бароед ё аз ҷойи кор ҷавоб гиред. Як қисми маблағи дар даст доштаатонро сарф накарда, барои охири моҳ гузоред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Корҳои нотамомро ба анҷом расонида, ҷойи нави корӣ низ пайдо мекунед. Ба кумаки касе умед набаста, мустақилона амал намоед. Аз муносибатҳои ошиқонаи муваққатӣ худдорӣ намоед. Обрӯи худро нарезонед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ҷодаи муҳаббат ноҷуриҳои зиёд рух медиҳанд. Ботамкину пуртоқат бошед, он гоҳ аз мушкилиҳо намеҳаросед. Дар ҳаёти оилавӣ вазъият душвор аст, вале агар ба якдигар гузашт карда тавонед, оштӣ мешавед. Асабҳоятонро эҳтиёт кунед.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз на танҳо дар хонаву ҷойи кор, балки дар ҷодаи муҳаббат боэҳтиёт бошед. Нафаре, ки бо тамоми ҳастӣ дӯсташ медоред, фиреб мекунад. Барои хариди калон рӯзи номусоид, вале барои маблағгузорӣ рӯзи бобарор аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар тамоми ҳодисаҳои ин рӯзро оромона қабул намоед, чизе наметавонад хотиратонро озурда гардонад. Вазъи молиявӣ аз шумо вобастагӣ надорад, аз ин лиҳоз, асабӣ шудан маънӣ надорад. Нафареро вомехӯред, ки замоне дӯст медоштед. Кӯшиш намоед, ки дубора ба доми фиреб наафтед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Азбаски аз маълумоти зиёде воқиф ҳастед, нисбати кор масъулият эҳсос мекунед. Агар дар ҳаёти шахсӣ муваффақ набошед, хатоиро дар худ ҷӯед. Аз имкон дур нест, ки нисбати дӯстдоштаатон серталаб ҳастед. Сафари бегоҳирӯзиятон бобарор мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Нисбати шахси бароятон наздик худро гунаҳгор мешуморед, зеро бо як сабаби ночиз моҷаро ороста, дилашро сахт меранҷонед. Дастовардҳоятон чунон зиёд мегарданд, ки шахси машҳур мегардед. Метавонед ба зиёд шудани маош умед бандед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар худро бад ҳис карда, аз дарди сар азоб мекашида бошед, беҳтараш дар хона монед. Шояд шамол кашидаеду дарҳол бояд табобатро сар кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ хеле бодиққат бошед, вагарна пулҳоятонро аз даст медиҳед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз гапро кам карда, бештар хомӯш бошед. Бо вуҷуди ба дурустии ҳарфҳоятон бовар доштан, бо ҳамкорон баҳс накунед. Бонувоне, ки кайҳо боз ба кошонаи ҳусн нарафтаанд, маҳз дар ҳамин рӯз ба зебоии худ диққат доданашон лозим аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Агар нисбати атрофиён сахтгиру дағал бошед, муваффақ намегардеду таърифу тавсиф ҳам намешунавед. Агар вазъият талаб намояд, ҳалиму нармгуфтор бошед. Бегоҳирӯзӣ шуморо шоми ошиқона интизор аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ