латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Дуову фотиҳа

Мардеро падараш аз дунё мегузараду ба сари қабри падар меравад. Азбаски ягон сураро азёд намедонад, баъди хеле фикр кардан дастонашро ба сӯи осмон бардошта, мегӯяд:

— Мо кам кардем, Худо зиёд кунад…

Хушдоман

Зан ба шавҳар мегӯяд:

— Одаму одамгариро фаромӯш кардед вақтҳои охир. Хушдоманатон аз ҳамин қадар роҳи дур меҳмон шуда омаданду шумо бошед, ақаллан ягон ҷо тамошо ҳам набурдед он касро.

— Занак,- мегӯяд шавҳар дар ҷавоб,- ин кори бефоида. Ба куҷое набарам, роҳро медонад, боз гашта хона меояд.

Асри 22

Миёнаи асри 22. Дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр мошин пайи мошин беохир равона ҳастанду ду роҳгузар ғамгин истодаанд.

— Шумо чӣ тавр аз он тарафи роҳ ба ин тараф гузашта тавонистед?,-мепурсад якеаш.

— Ман дар ҳамин роҳ таваллуд шудаам,- ҷавоб медиҳад дуюмӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *