Толеъномаи 15-уми марти соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Мушкиливу уҳдадориҳои худро ҳатто ба сари дӯстони дилпуртарину бовафоятон бор накунед. Дар коллектив ба нуқтаи назари шахси ботаҷрибаву калонсолтар гӯш диҳед. Имкони ба даст овардани маблағе, ки чанд моҳ интизораш будед, пайдо мешавад. Агар шамол кашида бошед, зуд аз пайи табобат шавед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз на танҳо асаби шумо, балки аз атрофиёнатон ҳасcос мегардад. Як оташаки хурд кофӣ аст, ки сӯхтори калон ба амал биёяд. Аз таваккал кардан худдорӣ намоед, пулҳоятонро сарфа кунед. Дар ин рӯз нафарони руҳан бемор худро идора карда наметавонанд, аз ин рӯ, эҳтиёт шавед. Ҳар гапу коре, ки нисбати шахси дӯстдоштаатон мекунед, аҳамияти муҳим пайдо мекунад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Барои расидан ба мақсад мушкили зиёд мекашед. Нафароне, ки тавассути интернет пул кор мекунанд, қариби бегоҳ даромад ба даст меоранд. Бемор шудани дилу рагҳои хунгард имкон дорад. Табобат танҳо бо маслиҳати табиби касбӣ натиҷаи хуб медиҳад. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан нағзакак андеша кунед. Дар ин рӯз ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ҳатто дар ҳалли корҳои одитарин ба монеаҳо дучор мегардед. Ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, он гоҳ бурд мекунед. Нафароне, ки тавассути интернет пул кор мекунанд, қариби бегоҳ маблағ ба даст меоранд. Хурӯҷ намудани бемориҳои дилу рагҳои хунгард имкон дорад. Танҳо тавсияи табиби касбӣ табобати босамар медиҳад.
Асад (23 июл-23 август)
Ба назаратон чунин мерасад, ки мурғи бахтро ба даст овардаед. Дар асл бахту саодат ногаҳон аз дастатон гурехта метавонад. Коре, ки бояд маблағи хуби пулӣ орад, фоида намеорад. Дар ин рӯз пулҳоятонро эҳтиёт кунед. Бо саломатии худ машғул шавед, барои ташхис ба назди духтур равед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Муваффақият на танҳо дар касбу кор, балки дар ҷодаи муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва дигар ҷодаҳо ҳамсафари шумо мегардад. Муҳимаш ба дастгирии одамон умед набандед, балки мустақилона амал намоед. Агар ба дӯстдоштаатон туҳфа карданӣ бошед, зихнагӣ накунед. Маблағи сарфкардаатон дучанд шуда ба шумо бармегардад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ба мушкилиҳои ҷиддӣ омода бошед. Эҳтимоли вайроншавии муносибатҳои оилавӣ вуҷуд дорад. Хурӯҷ намудани беморие, ки кайҳо боз ташвишатон намедод, аз нав имкон дорад. Нисбати аҳли оилаи худ бодиққат бошед, барои шод сохтани наздикон ва харидани туҳфа хасисӣ накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Масунияти бадани худро мустаҳкам карда, истироҳат кунед. Қабл аз он ки бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул мешавед, аз табиб зарар доштан ё надоштани онро муайян намоед. Оббозӣ ба саломатиятон таъсири мусбат мерасонад. Дар ҳаёти шахсиятон тағйирот ба амал меояд. Вазъи молиявиатон муътадил ва муносибатҳои ошиқонаатон мустаҳкам мегарданд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имкони хурӯҷ намудани бемориҳои сироятӣ, хусусан пешобдону гурдаҳо имкон дорад. Имрӯз атрофиёнатон дар ғазаб гашта, нисбати шумо сахтгир мешаванд. Дар лаҳзаҳое, ки ба баҳсу мунозира роҳ додану нуқтаи назари худро собит кардан мехоҳед, худдорӣ намоед. Маблағи пулие, ки ба даст меоред, ҳамзамон аз дастатон бо осонӣ меравад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Хастагии чанд рӯзи охир ба саломатиятон беасар намемонад. Барои ба худ омадан истироҳат кунед. Дар бораи нақшаҳои худ ба касе лаб накушоед, мустақилона амал намоед. Дар баъзе ҳолатҳо пинҳонӣ амал кунед, он гоҳ муваффақият ҷониби шумо мегардад. Ба хӯрокҳои истеъмолмекардаи худ бодикқат бошед, имкони заҳролудшавӣ вуҷуд дорад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз бо рақибону душманон мубориза оғоз мекунед. Нисбати нафароне, ки ба шумо боварӣ доранд, меҳрубонтар бошед. Бештар дар ҳавои тоза гашта, аз рӯи реҷа хӯрок хӯред ва аз одати сигоркашӣ даст кашед. Барои он ки дӯстдоштаатон аз шумо наранҷад, аз ҳолу аҳволаш бохабар гардед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз бояд маблағи дар даст доштаатонро сарфа кунед. Пешниҳодҳои нави корӣ зиёд мешаванд, вале ба ҳар кори ночиз розӣ нашавед. Агар ба ҳаёти шахсии дӯстонатон дахолат накунед, сифатҳои беҳтарини худро нишон медиҳед. Ба бемории дар ин рӯз пайдошуда беэътиноӣ зоҳир накунед, вагарна табобат тӯл мекашад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ