Сафири Ҷопон дар ДДЗТ ҷомаи тоҷикӣ пӯшид

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озмуни наттоқони забони ҷопонӣ бо иштироки ректори муассиса, профессор Жило Гулназарзода ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айки Тошиҳи баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ДДЗТ, Жило Гулназарзода зимни суханронии худ аз ҷумла чунин иброз доштааст: «Робитаҳои нек ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ки миёни халқҳои мо роҳандозӣ гардидаанд, бо азму талошҳои пайгиронаи сарварони хирадманди ду кишвари бо ҳам дӯст сатҳу сифати ин муносибатҳо боз ҳам беҳтар шудаанд».

Ба гуфтаи манбаъ, ба ҳунару истеъдоди иштирокчиёни озмун сафир, мутахассисони соҳа ва устодони забони ҷопонӣ баҳогузорӣ кардаанд.

— Дар озмун 33 нафар иштирокчӣ аз ДДЗТ ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Литсейи “Ҳотам ПВ” ва Маркази забономӯзӣ ва фарҳангии “КОКОРО” ширкат доштанд. Озмун дар ду бахш гузаронида шуд. Боиси ифтихор аст, ки дар ҳарду бахш ҷойҳои ифтихорӣ насиби донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гардид,- меафзояд манбаъ.

Аз ҷониби ҳакамони озмун чунин натиҷагирӣ карда шудааст:

Дар бахши қироати матни интихобӣ:

Ҷойи аввал: Амзазода Гулноза, донишҷӯи курси 2-юми ДДЗТ ба номи С. Улуғзода;

Ҷойи дуввум: Шарипова Мафтуна, донишҷӯи курси 2-юми ДДЗТ ба номи С. Улуғзода;

Ҷойи сеюм: Аҳмадова Ибодат, донишҷўи курси 2-юми ДДЗТ ба номи С. Улуғзода;

Дар бахши қироати иншои озод:

Ҷойи аввал: Алиқулов Ҷамолиддин, донишҷўи курси 3-юми ДДЗТ ба номи С. Улуғзода;

Ҷойи дуввум: Жумаева Ҳилола, донишҷўи курси 3-юми ДДЗТ ба номи С. Улуғзода;

Ҷойи сеюм: Рашидбекова Қурбонбека, донишҷўи курси 3-юми ДДЗТ ба номи С. Улуғзода.

Баъд аз итмоми озмун ғолибон бо сертификат ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидаанд. Озмун бо барномаи фарҳангӣ ва тақдими туҳфаи тоҷикона аз ҷониби раёсатии донишкада ба сафир ҳусни анҷом бахшида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *