Толеъномаи 16-уми апрели соли 2024
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ҳаёти шахсӣ ва ҷойи кор аз тағйиротҳо натарсед, беҳтараш кӯшиш намоед, ки аз вазъият фоида ба даст оред. Дарди сабуки дар ҷисматон пайдошуда ба зудӣ нест мешавад. Нафароне, ки дар ҳамин рӯз ба ҳаёти шумо ворид мегарданд, бароятон бурдборӣ меоранду роҳи кор меомӯзонанд. Барои амалӣ сохтани корҳои махфиятон айни муддао аст. Бароятон асрори пинҳоне кушода мегардад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар масъалаи мушкилоти молиявиатон ҷиддан андеша кунед. Одати қарз гирифтанро партоеду маблағро сарфакорона харҷ намоед. Имрӯз бахтатон омад мекунаду корҳоятон барор мегирад, ба шарте ки ба маслиҳати дигарон гӯш надиҳед. Кӯшиши бо зӯрӣ ё бо маслиҳати нафаре ба даст овардани чизеро накунед. Нофаҳмиву озурдагиҳои дар ҷойи кор рухдода барои аз кор рафтани шумо сабаб шуда наметавонад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Рӯзи нав барои ҷавзоҳо шодиву нишот меорад. Ба ҷашну маъракаҳо пайи ҳам даъватӣ мешавед, кӯшиш намоед дӯстону ҳамфикрони худро зиёд гардонед. Кӯшиши чизеро дар зиндагӣ тағйир доданро мекунед, навигарӣ мехоҳед. Миёнаи рӯз барои бартараф намудани мушкилиҳое, ки ба дигарон гуфтан намехоҳед, мусоид аст. Мушкилоти молиявӣ асабатонро хароб сохта, бо наздикон гапатон мегурезад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Аз имкон дур нест, ки маҳз дар ҳамин рӯз аз рафтору кирдори шумо тақдири дигарон вобастагӣ дорад. Айёми мусоидест барои вохӯрӣ бо нафарони мансабдор. Дар дилатон хоҳиши ба ягон макони бекас рафтану танҳо мондан пайдо мешавад, вале ин ба шумо муяссар намегардад. Бо шахси бароятон азиз вомехӯред. Бо ҳамсар ё шарики тиҷоратӣ гапатон мегурезад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз донишу малакаи худро бояд нишон дода тавонед, то ки атрофиён қадру қимататонро донанд. Даҳонатонро аз гапи беҳуда нигоҳ доред, серҷоғӣ накунед, вагарна тамоми нияту нақшаҳоятонро пешакӣ гуфта, ба мақсад намерасед. Агар муҷаррад бошед, муҳаббати худро вомехӯред, хусусан ҳангоми сафар бодиққат бошед, мурғи бахтро аз даст надиҳед. Миёнаи рӯз байни ҳамкорон муноқишаву нофаҳмӣ рух медиҳад, мушкили ҷиддӣ набошад ҳам, табъатон хира мегардад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Аз уҳдаи бартараф намудани мушкилиҳои дар ин рӯз пайдошуда бо сари баланд мебароед, вале сахт хаста мегардед. Ягон кори навро оғоз накунед, беҳтараш корҳои нобасомонро ба анҷом расонед. Пешниҳоди хуби корӣ мешавад, вале барои амалӣ намуданаш аз дӯстон бояд кӯмак пурсед. Нафарони оиладор ба сари ҳамсари худ ҳукмфармоӣ кардан мехоҳанд. Лаҳзаҳои беҳтарину фаромӯшношуданӣ ошиқонро ба олами ишқу муҳаббат мебарад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз мизонҳо дар бисёр масъалаҳо гузашт карда, ба фоидаи худ кор мекунанд. Дар масъалае нақши миёнаравро бозӣ карда, аз уҳдааш хеле хуб мебароед. Вақти хубест барои мустаҳкам сохтани муносибатҳои корӣ ва оилавӣ. Агар шумо қаблан ба сари шарики умратон табақу косаро зада мешикастед, ин рӯз оромона нишаста, эътирози якдигарро гӯш мекунед. Одати аз пашша фил сохтанро партоед. Ҳамчунин аз сафару саёҳат худдорӣ намоед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз наздиконатон ба ғамхории шумо ниёз пайдо мекунанд. Корҳои зиёдеро аз рӯйи масъулиятнокӣ ва қарзи худ шуморида, иҷро мекунед. Барои нафароне, ки ҷойи кори худро иваз кардан мехоҳанд, рӯзи муносиб аст. Мобайни рӯз барои вохӯриҳои ошиқона ва шиносоӣ айёми хуб аст. Ақрабҳое, ки дербоз дар муносибатҳои ошиқона қарор доранд, аз пайи бунёд сохтани қасри бахти худ талош хоҳанд кард.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Аввали рӯз вазнину дилгиркунанда меояд. Шуморо лозим меояд, ки кори табъи дилатон набударо иҷро кунед. Вазъиятро шахси дӯстдоштаатон тағйир медиҳаду дар натиҷа муҳаббататон ба ӯ бештар мегардад. Нафарони муҷаррадро вохӯриҳои аҷиби ошиқона дар пеш аст, ба шарте ки дар байни чор девор нанишаста, бештар ба ҷашну маърака равед. Дар ҷойи кор сабру тамкинро пеша намоед, вагарна гапатон бо ҳамкорон мегурезад. Ғами саломатии худро хӯрда, кори зиёд накунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Агар ба наздикӣ дар оилаатон нофаҳмие рух дода бошад, замони оштишавӣ ва рафъи нофаҳмиҳо фаро мерасад. Дар ҷойи кор нофаҳмии хурдакаке рух дода, табъатонро хира мегардонад. Миёнаи рӯз ба нафаре дил баста, аҳди муҳаббат мебандед. Ба кӯмаки маънавии дӯстон умед баста метавонед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Нафарони наву аҷибе дар ҳаётатон пайдо мешаванд. Миёнаи рӯз барои харид кардани ҷиҳози хона мусоид аст. Агар нақшаи таъмир кардани хонаро дошта бошед, вақти харидани масолеҳи даркорӣ расидааст. Дар ҷойи кор ба кӯмаки нафаре умед бастанатон маънӣ надорад, ҳама чиз аз кӯшишу талошҳои худатон вобастагӣ дорад. Нафаре, ки пештар шуморо ранҷонида буд, узр мепурсад, вале ба гапаш бовар накунед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Қабл аз кореро ба анҷом расонидан сад бор андеша намоед. Ақидаи худро оромона баён кунед, вагарна атрофиёнро сахт меранҷонед. Дар ин давраи умр дар баробари кор истироҳатро низ фаромӯш накунед. Ба хабари тасодуфан шунидаатон диққат диҳед, онро бар нафъи худ истифода баред. Бо ҳар баҳона аз вохӯрӣ бо дӯстон худдорӣ намоед, вагарна аз муноқиша раҳоӣ намеёбед. Одати худтанқидкуниро партоед, он бар нафъи шумо нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ