толеънома

Толеъномаи 16-уми октябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз хабару навигариҳои нав шунида, бовариву эътимодатон ба баъзе нафарон бештар мегардад. Табъи гирифта ва каме худро бад ҳис карданатон аломати баъзе бемориҳо буда метавонад. Аз ҳама гуна гапу кори иғвогарона дурӣ ҷӯед, он гоҳ оромӣ бароятон кафолат дода мешавад. Рӯзи хубест барои харидорӣ намудани асбобҳои техникии рӯзгор.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз қобилияти пешгӯӣ намудани ҳодисаву рӯйдодҳоро пайдо мекунед. Сабур ва пуртоқат буданро фаромӯш насозед. Агар шумо дӯстдошта дошта бошед, ба рашку ҳасуд роҳ надиҳед. Муносибатҳоятон бо наздикон ва дӯстон сард мегардад. Эҳтимоли сар задани хароҷоти ногаҳонӣ вуҷуд дорад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Мушкилиҳое, ки чанд муддат шуморо азият медиҳанд, анҷом меёбанд. Нафаре, ки аз шумо қарздор буд, пулро бармегардонад. Бо ободониву тоза кардани хонаву дари худ машғул шавед. Мардҳои мучали савр бояд фикри саломатии худро намоянд. Хабари ногаҳонӣ нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи пурмоҷаро аст, эҳтимоли сар задани муноқишаҳои оилавӣ дар назар аст. Худро ба даст гиред, ҳақ ҳамеша ба ҳақдор мерасад. Наздикони худро дур насозед, бигзор нуқтаи назари худро баён намуда, аз ташвишу нигарониҳои худ ҳарф зананд. Бегоҳирӯзиро бо аҳли оила гузаронед, нисбати пайвандони худ диққати бештар зоҳир намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз бояд тамоми хафагиву нофаҳмиҳоеро, ки миёни шумову наздиконатон сар задааст, бартараф намоед. Нисбати нафарони аз худатон заифтар зӯриро раво набинед. Гуноҳи дигаронро бахшида тавонистан ва камбудии худро ба гардан гирифтан яке аз сифатҳои беҳтарини инсонӣ аст. Бегоҳирӯзӣ меҳмонҳои нохондаро интизор шавед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бештар фароғат кунед. Варзиш ва машқҳои ҷисмонӣ дар ҳавои тоза ба саломатиятон фоида мерасонад. Бо сабаби аз ҳад зиёд шахси содадил буданатон бо наздикони худ моҷаро карданатон эҳтимол дорад. Нақшаву ниятҳои худро таҳти назорат гиред. Аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед, ҳақ будани худро собит накунед, атрофиён шуморо дарк намекунанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Аз субҳи содиқ ташвишатон зиёд мегардад, бояд дарҳол аз паси корҳои хона шавед. Хариди калон накунед, вагарна пули зиёдро сарф карда, аз чизҳои харидаатон қаноатманд намегардед. Баъди нисфирӯзӣ нисбати дӯстдоштаи худ меҳрубониро дареғ надоред. Вазъи молиявиатон бад нест, ба осонӣ қарзҳои худро маҳкам мекунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Зодагони мучали ақраб дар ин рӯз аз гапу кирдори дигарон сахт меранҷанд. Сари қарори муҳиму тақдирсоз омаданро маслиҳат намедиҳем, беҳтараш ин корро ба таъхир гузоред. Аз одамоне, ки нисбаташон эътимодатон қавӣ аст, маслиҳат пурсед. Дар ин ҳолат ба ғалат роҳ намедиҳед. Барои оғози муносибатҳои ошиқона низ давраи хуб нест.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аз субҳи содиқ баъзе муноқишаву нофаҳмӣ сар мезанад, ба ҳама кор диққат надиҳеду сахт ба эҳсосот дода нашавед. Аз муноқишаву моҷаро худдорӣ намоед. Дар акси ҳол ҳар амали кардаатон ба худатон зарар меорад. Нафарони муҷаррадро шиносоие дар пеш аст, ки зиндагиашонро ранги дигар мебахшад. Ба тағйироти дар пеш истода омода бошед ва комёбиро аз даст надиҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз рӯзи хубест, ки онро бояд бо наздикон сипарӣ намоед. Рафту шумо муҷаррад бошед, рӯзҳои наздик ҳатман бахти худро пайдо мекунед. Бахти шумо наздик аст, ба атроф хубтар нигаред. Аз кумаку дастгирии дӯстон рӯ нагардонед, он гоҳ муваффақ мегардед. Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст мезанед, ҳатман пирӯз мегардед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи хуб аст. Бо корҳое машғул шавед, ки чанд муддат ба таъхир мегузоштед. Аз кумаки дӯстон рӯ нагардонед. Эҳтимоли бемор шуданатон дар назар аст, бемориро сари вақт табобат намуда, барои куҳна шуданаш имкон надиҳед. Бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои беморӣ ба табибон муроҷиат намоед. Нафароне, ки бо варзиш машғуланд, беҳтар аст, ки пойҳои худро аз ҷароҳат бардоштан эҳтиёт намоянд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз нафарони фиребгар ва қаллоб эҳтиёт шавед. Ба гапи ҳар кас бовар накунед, шуморо фиреб кардан мехоҳанд. Ҳама гапу корро даҳ бор санҷида, амал кунед. Хастагии аз ҳад зиёд ба саломатиятон бе асар намемонад. Беҳтараш аз ҳамин рӯз сар карда, бештар истироҳат ва витамину хӯроки серғизо тановул намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *