толенома

Толеъномаи 16-уми сентябри соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ин рӯз аз робита бо нафароне, ки аз ҳузурашон асабӣ мешавед, дурӣ ҷӯед. Давоми рӯз ба саросемагӣ роҳ надиҳед, вагарна кореро дуруст ба сомон расонида наметавонед. Нобарориҳои молиявиро оромона қабул кунед, ин мушкили муваққатӣ ва ҳалшаванда аст.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Дар ин рӯз тамоми фикру зикри худро барои ба даст овардани маблағ равона месозед. Бо андешаи пулкоркунӣ ва сарватманд шудан рӯз ноаён мегузард. Мутаассифона имкони ба мақсад расиданро пайдо кардан душвор мегардад. Нафарони пиронсол аз баланд шудани фишори хун азият мекашанд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Дар ин рӯз дар корҳоятон тартиботу низомро ҷорӣ намоед. Ба касе пул қарз надиҳед. Ба коре, ки боиси сарф шудани маблағи шумо мегардад, даст назанед. Дар харидорӣ намудани чизҳои дилхоҳ ва хӯрок андозаро нигоҳ доред. Бо сабабҳои ночиз асабонӣ нашуда, саломатиро эҳтиёт кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Ба ҳодисаҳое, ки дар ҳаётатон рух медиҳанд, бо табъи хуш назар намоед. Яку якбора кӯшиши ҳама корро ба анҷом расониданро накунед, вагарна ҳам обрӯ ва ҳам саломатиро аз даст медиҳед. Агар рафтори дӯстдоштаатон боиси рашки шумо мегашта бошад, зудтар шубҳаву гумонатонро дар рӯяш гуфта, вазъиятро рафъ намоед.

Асад (23 июл23 август)

асад

Тамоми ҳодисаҳои рӯз боиси норозигӣ ва дилмондагии шумо мегардад. Муҳим он аст, ки дар сари қаҳр шахси бароятон азизро наранҷонед. Агар маблағи кофӣ дошта бошед, барои муваффақ шудан дар соҳаи тиҷорат бо дили пур амал намуда, дудилагӣ накунед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Агар нафареро бо манфиатҳои шахсӣ дӯст медошта бошед, рӯзҳои наздик худатон низ ба доми чунин нафар меафтед. Муҳаббат бояд самимӣ бошад ва бо атрофиён ошкоро бошед. Барои аз ҳолатҳои садамавӣ эмин мондан ба сафар набароед. Барои ба бозор рафтан рӯзи бобарор аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Дар ин рӯз ба ҷустуҷӯи шахси идеалӣ набароед, вагарна касеро дар атроф пай намебаред. Такаббуру ҳавобаландиятонро ҳамкорон ҳамчун хоҳиши аз ҳамкорӣ гурехтани шумо қабул мекунанд. Аз маъракаҳои серодам дурӣ ҷӯед. Аз муносибатҳои ошиқона худдорӣ намуда, ба ҳарфҳои холӣ бовар накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Яке аз рӯзҳои зебои тирамоҳӣ аст, ки ба назар баҳорро мемонад. Бар замми зебоиҳои табиат хушнудии худро низ эҳсос мекунед. Дар корҳои шахсӣ ва сарфи пул ба садои қалби худ гӯш андохта, бурд мекунед. Муҳимаш ба рафторе, ки боиси пушаймониятон мегардад, даст назанед. Дар ин рӯз харидани либос ва ҷавоҳирот тавсия дода намешавад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Дар ин рӯз ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки чандон табъи дили шумо набуда, боиси ба ғазаб омаданатон мегарданд. Агар мошин меронда бошед, хатари қоидаро вайрон карданатон вуҷуд дорад. Мушкилиҳои пулиро бояд фавран бартараф созед. Баъди нисфирӯзӣ бо нафаре вомехӯред, ки табъатонро хира месозад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Дар ин рӯз ба саломатии худ бодиққат бошед. Эҳтимоли яку якбора баланд шудани фишори хун, дарди сар ва камқувватӣ вуҷуд дорад. Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, ба беморхона равед. Ғами мушкилиҳои рӯзгорро зиёд нахӯред, инчунин муносибатро бо наздикон хуб гардонед.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Дар ин рӯз мушкиливу нохушиҳои зиёде ба саратон фурӯ мерезад. Эҳтимол аст, ки шумо воҳима карда, аз пашша фил месозед. Дастгирии шахси бароятон наздик лозим мегардад, то ки ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор нагардед. Бо сабаби худро нотоб ҳис карданатон асабиву нозук мегардед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Рӯзи хубест барои вохӯриҳои ошиқона ва бастани ақди никоҳ. Вале ин маънои онро надорад, ки аз муваффақият сари калобаи худро гум кунед, хусусан агар гап сари маблағи пулӣ мерафта бошад. Имкони пули зиёд сарф кардану ба ғалатҳои зиёде роҳ доданатон зиёд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *