Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Сайри харбуза

Вақти хоб мард ба зери болинаш корд гузошт. Занаш пурсид:

— Магар дар хобатон метарсед?

Гуфт:

— Шаби гузашта хоб дидам, ки ба сайри харбуза баромадам, аҷаб харбузаҳои хушрӯй, ҳайф, корд набуд, ки якеро кушта хӯрам. Мабодо имшаб ба сайри харбуза бароям, корд зери болин, кофта намегардам.

Экизак

Ду духтари экизак дар хараки сари роҳ нишаста, суҳбат мекарданд. Марди бадмасте аз наздашон гузашта истода, ҳеҷ нигоҳашро аз онҳо канда наметавонист. Яке аз духтарон гуфт:

— Амак, шояд гумон кунед, ки ба чашматон дуто менамоем? Мо дар ҳақиқат ба ҳамдигар хеле монанд ҳастем.

Мард чашмонашро калон-калон кушода, гуфт:

— Ҳар чоратон?

Гӯшт

Писарчаи сесолае, ки гӯштро тамоман истеъмол намекунад, хӯрокпазии модарашро дида, мепурсад:

— Оча, барои ман хӯриш омода мекунед?

Модар маҳсулоти дар наздаш бударо пинҳон карда, ба писарчааш мегӯяд:

— Бале, бачаҷон.

Писарча мегӯяд:

— Гӯштро маҳинтар реза кунед, ки ман дар хӯриш буданашро нафаҳмам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *