“Мани девона”-и Шаҳроми Абдуҳалим нашр шуд

Шаҳроми Абдуҳалим таронаи навбатиашро бо номи “Мани девона” дар ютубканали шахсиаш нашр кард.

Суруди “Мани девона”-ро овозхон бо намоҳангаш пешниҳоди ҳаводорон кард ва онро дар 10 дақиқаи аввал зиёда аз 1000 нафар бозбинӣ карданд.

Сужаи намоҳанги таронаи мазкур аз он иборат аст, ки ҷавон бо духтар дар даромадгоҳи толор бо ҳам бармехӯранд. Ҷавон дар саҳнаи бидуни тамошобин суруд мехонад ва пас аз анҷоми кораш духтар омада, тавре вонамуд мекунад, ки дар ҷараёни сурудхонӣ бо ҳам дилдода шудаанд. Яъне, намоҳанг ба мазмуни суруд рабт надорад, ки инро метавон клип не, балки “mood-video” номид.

Метавон гуфт, ки ҳаводорони сароянда Шаҳроми Абдуҳалим ва чунин усули хониш зиёд буда, ин гуна сурудҳо дар сегменти тоҷикии “Ютуб” зуд “хит” мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *