Душанбе ва Турсунзода: Ду ҳодиса дар ду рӯзи охир

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду ҳодиса дар ду рӯзи охир дар қаламрави кишвар хабар дод.

15-уми сентябри соли 2023 соати 02:22 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расидааст, ки дар дохили лифти бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Баҳоваддинов, хонаи 7 як сокини ин бино дармондааст. Бо дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд. Баробари расидан онҳо фаҳмидаанд, ки ин лифт ба сабабҳои техникӣ дар миёни ошёнаҳо дармондааст. Онҳо бо ёрии таҷҳизоти махсус дарро боз карда, шахси дохили онро берун овардаанд.

Ҳодисаи дуюм дар ҳудуди шаҳри Турсунзода рух дододааст. 14-уми сентябри соли 2023 тахминан соати 13:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар об дар рӯди Қаратоғ як сокини 47-солаи деҳаи Бобониёз Тошеви ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ғарқ шудааст.

Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ин шаҳрванд пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *