Толеъномаи 17-уми апрели соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин шабу рӯз сабру қарор аз даст дода, дучори изтироби сахти руҳӣ мегардед. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ наафтед, беҳтараш мушкилоти сарзадаро бо кумаки аҳли хонавода бартараф намоед. Шумо дар вазъияти душворе қарор доред, ки аз он берун шуданатон кори осон нест. Мушкилоти пулӣ аз нав сар зада метавонанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ташвишатон каме зиёд мешавад. Яку якбора аз пайи чанд кор нашавед. Бо нафаре аз наздикон ё шиносҳоятон моҷарои хурд имкон дорад. Хушбахтона, кор ба хубӣ рафъ гардида, нофаҳмиҳо ба зудӣ бартарф мегарданд. Дар ин рӯз якравӣ нишон надиҳед, дар ҳама кор дурандеш бошед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Шумо наметавонед озодии худро зери хатар гузоред. Дар ин рӯз мисоли оҳанрабо диққати намояндагони ҷинси латифро ба худ ҷалб месозед. Дар муносибатҳои шахсӣ бисёр чизҳоро тағйир додан мехоҳед, вале дӯстдоштаатон инро қабул намекунад. Дар ин рӯзи тазйиқовар бояд хеле устувор бошед. Нерӯи зиёд табъатонро болида месозад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо нафароне, ки ҳамкорӣ мекунед, ишқбозӣ накунед. Эҳтиёткору дурандеш бошед. Танҳо дар ҳамин ҳолат вазъиятро тағйир дода, афзалиятҳои бештарро ба даст оварда метавонед. Нафароне, ки бо кори савдо ва пули калон сарукор доранд, дучори монеаҳо мешаванд. Барои ислоҳи вазъият чанд рӯз сабр карданатон лозим аст.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз ба ҳама писанд омадан мехоҳед, вале бояд интихоб кунед. Мушкилоти пулӣ ба фоидаи шумо ҳал мегардад. Нафароне, ки бо тиҷорат сарукор доранд, муваффақ мегарданд. Нафарони оиладор меҳрубониву таваҷҷуҳи бештари ҳамсари худро эҳсос менамоянд. Ба саломатии наздикони худ диққати хоса зоҳир намоед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли хуруҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар муносибатҳои ошиқона барои қадами ҳалкунанда гузоштан омода нестед. Эҳтимол шумо ба дӯстдоштаи худ чандон эътимод надоред ё вазъияти рухдода шуморо дар ҳоли ногувор гузоштааст.  Рафту шубҳаву дудилагӣ рафъ нагардад, муносибатҳои худро аз нав дида бароед. Баъзан атрофиён рафтору кирдори шуморо таҳаммул карда наметавонанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ҳолати хеле хуби руҳиву равонӣ қарор доред. Тахаюлоти бою рангинатон дар муносибатҳои ошиқона таъсири мусбат мерасонанд. Барои ба мақсад расидан аз роҳу усулҳои ғайриоддӣ истифода бурдан мехоҳед. Дар масъалаҳои пулӣ муваффақ гаштанатон амри маҳол аст, вале вазъият ба зудӣ тағйир меёбад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Шумо эҳсосоти худро дар мадди аввал гузоштан намехоҳед, вале ба нафароне ниёз доред, ки аз онҳо ба шумо ягон манфиат расад. Аз талаботу уҳдадориҳое, ки ба саратон бор кардаанд, халос шудан мехоҳед. Меҳнат зиёд мекунед ва натиҷаашро мебинед. Боэҳтиёт бошед, яку якбора аз пайи амалӣ сохтани чанд кор нашавед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар масъалаҳои пулӣ муваффақ шудан мехоҳед, вале дар баробари ин намехоҳед, ки ба зиндагиятон ягон зарар расад. Мутаассифона, амалӣ шудани ин хоҳишатон ғайриимкон аст. Рафту муҷаррад бошед, эҳтимоли пайдо намудани бахтатон зиёд аст. Нафароне, ки аллакай бахти худро ёфтаанд, бо якдигар меҳрубонтар мешаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз метавонед табъи дили худ аз пайи кору мушкилоти рӯзгор шавед. Якравию истодагарӣ накунед, вагарна атрофиёнро бар зидди худ мекунед. Бо атрофиён забон ёфтанатон душвор мегардад. Дар муносибатҳои шахсӣ низ баъзе душвориҳо сар мезананд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Ба мушкилоти дар ин рӯз сарзада ва нисбати воқеаву ҳодисаҳо хунсардӣ нишон медиҳед. Барои он ки душвориҳоро ба осонӣ паси сар намоед, бояд дар киса пул дошта бошед. Аз имконияти мусоид истифода бурда, бо шахси дӯстдоштаатон дар мавриди чанд мушкилии сарзада ошкоро суҳбат кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Вақте расидааст, ки ошиқатонро ба суҳбати ошкоро даъват кунед. Дар ҷодаи муҳаббат шумо ошиқи асил ҳастед. Дар ин шабу рӯз ба хароҷоти худ хеле бодиққат ҳастед, намехоҳед ки пулатон беҳуда сарф шавад. Дар ҳама кор пулро сарфа карданатон хуб аст, дар натиҷа ҳам зиндагиятон сабуктар мешаваду ҳам маблағи бештар ҷамъ карда метавонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *