Аз таҳти дил бихандед!
Фалокат
Аз Афандӣ мепурсанд:
– Ҳодиса аз фалокат чӣ фарқ дорад?
Афандӣ ҷавоб мегӯяд:
– Вақте бо хушдоманат назди дарё меравӣ ва ногаҳон ӯ ба об меафтад, ин ҳодиса аст. Агар нохост ӯ наҷот ёбад ё нафаре пайдо шавад, ки ӯро наҷот диҳад, ана ин фалокат аст.
Беморӣ
Бемор ба назди духтур омада, гуфт:
– Духтур, ба ман ёрӣ диҳед! Ҳар рӯз фикру хаёлам фақат дар “Фейсбук”. Шаб ҳам, рӯз ҳам дар гуруҳ. Чӣ кор кунам, чӣ маслиҳат медиҳед?
Духтур гуфт:
– Бемории шумо бисёр ҳам ҷиддӣ. Рафтем, бо шумо дар мессенҷер гап мезанем.
Фаромӯшхотирӣ
Писар аз модараш мепурсад:
– Оча, барои чӣ занҳо ба шавҳар мебароянд?
Модар мегӯяд:
– Аз беақлӣ.
Писар боз мепурсад:
– Чаро аз шавҳар ҷудо мешаванд?
Модар:
– Аз бесабрӣ.
Писар боз мепурсад:
– Чаро боз дубора ба шавҳар мебароянд?
– Аз фаромӯшхотирӣ.
Фаришта
Аз зане мепурсанд:
– Сабаби аз шавҳаратон ҷудо шудани шумо дар чӣ аст?
Зан мегӯяд:
– Мо аз нигоҳи динӣ ба ҳам мувофиқ набудем.
Боз мепурсанд:
– Чӣ хел?
Зан мегӯяд:
– Шавҳарам фаҳмидан намехост, ки ман фаришта ҳастам.
Самолёт
Аз марди сигоркаше мепурсанд:
– Чанд сол аст, ки сигор мекашед?
Мард мегӯяд:
– 30 сол шуд.
Боз мегӯянд:
– Дар ин солҳо пули як самолётро ҷамъ мекардед!
Мард дар ҷавоб:
– Шумо сигор мекашед?
– Не…
Мард мегӯяд:
– Ин тавр бошад, самолётатон дар куҷост?
Сурудхонӣ
Модар ҳангоми хобонидани писарчааш суруд мехонад. Баъди 10 дақиқа писарак мегӯяд:
– Оча, ман хоб дорам.
Модар мегӯяд:
– Хоб рав, охир!
Писарак дар ҷавоб:
– Ту сурудхониятро бас кун, ки ман хоб равам!
Чатр
Ҷавоне аз қафои духтар давида, мегӯяд:
– Духтарак, як дам истед…
Духтар ҳайрон шуда:
– Ҳа, худаш чӣ гап?
Ҷавон мегӯяд:
– Духтари зебо, шумо дар автобус чатратонро фаромӯш накардед?
Духтар мегӯяд:
– Ой, ман фаромӯш кардам!
Ҷавон мегӯяд:
– Ин тавр бошад, аз қафои автобус давед, ҳоло дур нарафтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ