Толеъномаи 17-уми ноябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои ҳалли мушкилоти ҳаётан муҳим маблағи калон лозим мешавад. Зиёд фикр накарда, аз дӯстатон қарз бигиред, вагарна болои ин гиреҳ боз чанд мушкилоти дигар зам мешавад. Охири рӯз даромади на он қадар калони пулӣ насибатон гашта, болу паратонро мекушояд. Аз нафароне, ки нишонаҳои бемории зуком доранд, худро дур гиред.
Савр (21 апрел-22 май)
Ин рӯз барои зодагони бурҷи савр бобарор ба ҳисоб меравад. Корҳоятон ривоҷ меёбанду даромади калон ба даст меоред. Дар ҳаёти шахсиятон низ дигаргуниҳои куллӣ дар назар аст. Ошиқатон дарк менамояд, ки бе шумо зиста наметавонад ва пешниҳоди издивоҷ мекунад. Метавонед нотарсона либоси арӯсӣ интихоб намоед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз тамоми воқеаҳои бо шумо рух додаро дар тарозуи ақл баркашида, хулоса бароред. Дар ҷои кор каме нофаҳмӣ сар мезанад, ки боиси сард гаштани муносибатҳо бо роҳбаратон гашта метавонад.
Бархе аз ҷавзоҳо мансаб ё вазифаи нав мегиранд. Дар муносибатҳои оилавӣ ҷавзоҳо ин рӯз бояд ниҳоят боэҳтиёт бошанд, зеро хавфи аланга гирифтани оташи рашки қисматсӯз вуҷуд дорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ин рӯз ситораҳо ба зодагони бурҷи саратон барору бурдбориро ваъда додаанд. Дар коргоҳ заҳматҳоятон бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад. Эҳтимол ёри гумгаштаатон боз пайдо мегардаду бо суханҳои дурӯғинаш саратонро гаранг мекунад. Ӯро аз худ дур кунед, вагарна хонаи ободатонро бо дасти худ вайрон карда, пушаймон хоҳед гашт.
Асад (23 июл-23 август)
Ин рӯз асадҳо бештар дар ҷустуҷӯи кори нав ва шарикони корӣ мешаванд, вале кӯшишҳояшон бебарор анҷом меёбанд. Беҳуда вақту қувваатонро сарф накунед. Ҳолати руҳиятон бад мешавад, худро танҳою бекас ҳис мекунед. Кӯшиш кунед, ки зудтар ба духтур муроҷиат намоед, вагарна асабоният ва депрессия боиси сар задани касалии дигар ва дигар нохушиҳо гашта метавонад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи нав аз сунбулаҳо саъйю кӯшишро талаб мекунад. Нимаи дуюми рӯз ҳуҷҷатҳо ва ҳамёнатонро беназорат нагузоред, вагарна луқмаи дуздон хоҳад гашт. Ба саломатиатон ҷиддӣ аҳамият додан лозим меояд, чунки бемории куҳнаатон хурӯҷ карда метавонад. Дар ҷабҳаи ишқу муҳаббат оромӣ хукмфармост.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ин рӯз намояндагони бурҷи мизон хеле ҳассос мешаванду ба ҳар майда-чӯйда аҳамият дода, худро асабӣ мекунанд. Ин ҳолат боиси сар задани беморие хоҳад шуд. Мизонҳои корчаллон агар каме кӯшиш кунанд, соҳиби пули калон гашта метавонанд. Як қисми маблағро ҳатман дар роҳи хайр сарф кунеду боқимондаашро барои харидани ашёи орзуҳоятон истифода баред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи нав корҳои нотамоматонро анҷом диҳеду оғози дигар корҳоро ба нақша бигиред. Тақдир бароятон шонси аҷиберо медиҳад — кори нави сердаромад ё харидани хонаи шахсӣ! Бахтатонро аз даст надиҳед.
Нимаи дуюми рӯз тағйир додани имиҷ, имкони худро дар сатҳи болоӣ муаррифӣ карданро медиҳад ва метавонед соҳиби вазифаи баландтар гардед. Ҷалб намудани ҷинси муқобил дари бахтро ба рӯи ақрабҳои муҷаррад мекушояд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ин рӯз сабукиро дар қалбатон эҳсос мекунед. Гӯё болу пар бароварда, ҳамеша болидаруҳ ва бо табъи хуш мегардед. Вазъи саломатиатон наздиконатонро ба ташвиш меорад. Ба духтур муроҷиат кардан ҳатмист. Охири рӯз дурӯғи ошиқатон фош мешаваду бовариро аз даст медиҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ин рӯз корҳоятон бобарор мешаванду пули калонеро соҳиб мегардед. Хасисӣ накарда, як қисмашро барои харидани туҳфаҳои хурдакак сарф намоеду наздиконатонро хурсанд кунед. Нимаи дуюми рӯз мушкиле сар мезанад. Алангаи оташи рашк ҷангу ҷанҷолро дар хонаатон мехезонад. Кӯшиш кунед, ки бегуноҳии худро исбот намуда, аз ҳолат бароед, вагарна хавфи ҷудоӣ ва пош хӯрдани оилаатон ба вуҷуд омада метавонад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Ин рӯз шиносоиҳои боманфият дар назар аст. Агар дилёбиву дидадароӣ кунед, ба воситаи дӯстони наватон соҳиби кори сердаромад ё вазифаи баланд гашта метавонед. Ба норозигӣ ва моҷарои асабхаробкунандаи ҳамсаратон аҳамият надиҳед, вагарна бемор шуданатон аз эҳтимол дур нест.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Ин рӯз майнаатон бо фикрҳои гуногуни нолозим банд мешавад. Беҳтараш бо коре машғул шавед, ки фоидаовар бошад. Соҳиби кори сердаромад шуданатон аз эҳтимол дур нест. Нимаи дуюми рӯз хатои хурдакаке, ки ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ гузашта буд, доду фиғони ҳутҳои роҳбарро ба фалак мебардорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ