Толеъномаи 17-уми октябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Тамоми нақшаву ниятҳоятонро бо осонӣ амалӣ месозед. Аз баҳсу мунозира ва дағаливу фишори руҳӣ худдорӣ намоед. Корҳои ҷисмонӣ ба саломатиятон фоида дорад. Ошиқ шуданатон имкон дорад. Робитаатонро бо дӯстони дерин барқарор намуда, дар оянда бурд мекунед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз таваккал карданро маслиҳат намедиҳем. Барои амалӣ сохтани нақшаву ниятҳои дигарон кӯшиш ба харҷ надиҳед. Рафъ намудани мушкилиҳои ҳалталаб аз пештара вақти зиёдро талаб мекунанд. Ба коре, ки дилатон намекашад, даст назанед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Тамоми кӯшишу ғайрати худро барои амалӣ сохтани нақшаҳо ва муваффақ гаштан равона месозед. Барои пешравии корҳоятон масъулиятноку боодоб бошед. Дар муносибат нисбати шахси дӯстдошта ғамхории бештар зоҳир намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯз дар назаратон тез мегузарад. Аз мушкилоти ба саратон омада наҳаросед, шумо аз уҳдаи ҳама кор мебароед. Айни замон шумо ҳатто нафарони танбалу лавандро ба амал кардан водор менамоед. Ба нафарони бегона иҷозати ба ҳаёти шумо дахолат карданро надиҳед, барқасди нафаре низ амал накунед. Нисбати саломатӣ бодиққат бошед.
Асад (23 июл-23 август)
Айни замон бояд корҳои худро ба тартиб оварда, дар фикри васеъ намудани доираи фаъолияти худ гардед. Дӯстиро бо шиносҳои пешина барқарор созед, дар оянда ба кумаки эшон ниёз пайдо мекунед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон беҳбудӣ дида мешавад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Вазъият тавре сурат мегирад, ки мушкилоти сарзадоро бе шитобкорӣ рафъ кардан муяссаратон мегардад. Дар ин рӯз рух додани муноқиша, баҳсу мунозира ва фиреб хӯрданатон эҳтимол дорад. Аз фиребу найранг эҳтиёт шавед. Аз ҷониби худ низ ба хушунат роҳ надиҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи хубест барои оғози кори нав ва гузашт кардан. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, иҷрояшро ваъда надиҳед ва нисбати атрофиён сахтгир набошед. Дар масъалаҳои молиявӣ боэҳтиёт бошед ва ҳангоми сари қароре омадан шитоб накунед. Баъди нисфирӯзӣ нотоб шуданатон эҳтимол дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз қарорҳои тақдирсоз кашиданро маслиҳат намедиҳем. Дар муносибатҳои ошиқона навигарӣ дида намешавад. Айни замон бо шахсе, ки дӯсташ медоред, ҳамкорӣ карданро тавсия намедиҳем. Ба ҳар гапе, ки дар ин рӯз мешунавед, бовар накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Корҳои муҳимтари худро ба таъхир гузоред. Айни замон дар баъзе масъалаҳо ба ғалат роҳ доданатон имконпазир аст. Вақти худро барои қаҳру ғазаб ва муноқишаву моҷаро сарф накунед. Дастгирӣ ва маслиҳати судманди дӯстон боиси руҳбаландиятон мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Кӯшиш намоед, ки рӯзатонро хушу гуворо сипарӣ намоед. Агар шуғли дӯстдоштаи шумо мағозаву бозоргардӣ бошад, барои худ ягон чизи табъи дил харидорӣ намоед. Бо нафароне, ки аз суҳбат ҳаловат мебардоранд, ҳар қадаре, ки мехоҳед, муошират намоед. Рафту истироҳат кардан хоҳед, барои коре худро маҷбур насозед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Муноқиша бо наздикон табъи шуморо хира мегардонад. Дар масъалаҳои зиёде нуқтаи ниҳоӣ гузошта метавонед, ба шарте ки корро то дағалӣ ва доду фарёдзанӣ нарсонед. Дар муносибатҳои ошиқона кӯшиш намоед, ки ба кинояву таъна роҳ надиҳед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Айни замон барои бастани шартномаву аҳдномаҳо рӯзи мусоид нест. Беҳтараш бо корҳое машғул шавед, ки пештар вақт намеёфтед. Дар масъалаҳои молиявӣ душвориҳо сар мезананд. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ