Толеъномаи 18 декабр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз тамоми тағйиротҳои зиндагиро ҳамчун фишори  руҳӣ қабул мекунед. Ҳатто дар ҷойи кор диққати худро ҷалб кардану супоришҳои сардорро иҷро карданатон душвор мегардад. Нафароне, ки бо меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғуланд, бояд аз ҷароҳат бардоштан ҳушёр бошанд.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Барои ба мақсад расидан шитоб накунед, вагарна дӯстони содиқу дилпурро аз худ дур месозед. Танҳо манфиати шахсии худро фикр карда, ғалат мекунед. Бегоҳирӯзиро бо шахси дӯстдоштаатон мегузаронед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ муваффақ мегардед, ҳатто мушкили вобаста ба саломатиро ба хубӣ рафъ месозед. Барои назди табиб рафтан вақт ёфта аз хуб будани саломатиятон дилпур мегардед. Аз ҷониби яке аз дӯстонатон бахилӣ имкон дорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Аксари корҳоятон бебарор анҷом меёбанд. Касеро гунаҳкор насозед, вале худро низ азоб надиҳед. Ба ҷойҳои серодам рафтанро маслиҳат намедиҳем. Хатари ба вазъияти ногувор афтидану ба амалҳои ғайри қонунӣ даст заданатон имкон дорад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз ба ҷойи кори дигар гузаштанатон имкон дорад. Корҳои нотамоми худро ба анҷом расонида, бо дӯстатон нақшаҳои минбаъдаро тартиб диҳед. Шиносоии кӯтоҳмуддати ошиқонаатон  ояндаи нек дорад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯзро дар хона гузаронед. Агар имкон дошта бошед, ҷавоб гирифта, истироҳат кунед. Сафарҳои роҳи дурро ба таъхир гузоред, вагарна имкони рух додани садамаи нақлиётӣ вуҷуд дорад. Қабл аз гаперо гуфтану амал намудан нағзакак андеша намоед, вагарна бо наздикон муноқиша имкон дорад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Бо гуноҳи худ ба вазъи ногуворе гирифтор мегардед. Вазъи молиявиятон бо шарофати дӯсти саховатманде рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз ҳад зиёд ғами ёри рафтаатон нахӯред, ба наздикӣ аз нав бо ҳам вохӯрда, оташи муҳаббататон аз нав аланга мезанад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Барои он ки аз норасоии маблағ руҳафтода нашавед, аз субҳи содиқ аз пайи пайдо кардани ҷойи нави корӣ шавед. Буҷаи худро тартиб дода, чизҳои қимату нодаркорро харидорӣ накунед. Бегоҳирӯзӣ бо шахсе вомехӯред, ки дар зиндагиятон нақши муҳим мебозад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Агар кори шумо бо техника ё ашёҳои нӯгтезу хатарнок алоқаманд бошад, бояд хеле боэҳтиёт бошед. Аз нӯшидани машрубот ва робита бо нафарони бадкирдор худдорӣ намоед. Рӯзи душвор аст, бояд хеле меҳрубон бошед. Барои мустаҳкамии масунияти витамин истеъмол кунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Хабари муҳиме шунида, нақшаҳоятонро фавран тағйир медиҳед. Сафару рухсатии кӯтоҳмуддатро ба таъхир гузоштанатон лозим меояд. Дар ҳаёти шахсӣ ҷаддиҳо бояд ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Агар шумо ба наздикӣ шинос шуда бошед, барои оиладор шудан саросема нашавед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Ба корҳои дигарон ва ба ҳаёти шахсии нафаре бинӣ нахалонед. Вагарна дӯсти наздикатонро меранҷонед. Барои рафъ намудани бемории ҷиддӣ, гурдаву ҷоғари худро ташхис кунед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш шунида, фикрҳои мағшушро аз сар дур месозед.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз дар боби баланд бардоштани маош ба сардор муроҷиат накунед, пешниҳодатон қабул намегардад. Аз тамоми ҳодисаҳое, ки боиси ҷароҳат бардоштанатон мегарданд, худро дур гиред. Ба танқид оромона гӯш диҳеду кӯшиш кунед, дигаронро танқид накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *