Заминларза дар Сичуани  Чин

Тақрибан 16 нафар дар натиҷаи заминларза бо магнитудаи 5,7, ки рӯзи якшанбе дар ҷанубу ғарбии музофоти Сичуани  Чин ба вуқӯъ пайваст, осеб бардоштанд,- иттилоъ медиҳад агентии «Синхуа».

Бино ба иттилои агентӣ, 378 нафар кӯчонида шуда, зиёда аз 300 нафар наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.

Дар натиҷаи таконҳои зилзила баъзе манзилҳо афтида, ярчҳо роҳҳоро бастаанд.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки заминларза бо магнитудаи 5,7 рӯзи якшанбе дар ҷанубу ғарбии музофоти Сичуани  Чин ба вуқӯъ пайвастааст. Таконҳои зеризаминӣ соати 12.46 бо вақти маҳаллӣ (7.46.) дар минтақаи Синвени атрофи шаҳри  Ибин сабт гардидаанд. Маркази заминларза дар умқи 12 км воқеъ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *