Толеъномаи 18-уми марти соли 2024
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз оташи меҳру муҳаббататон аланга зада, худатон аз чунин ранг гирифтани ҳол дар ҳайрат мемонед. Кӯшиш намоед, ки ошиқшавиятон ба пешравии корҳо зарар нарасонад. Дар ҳама кор ҳушёриро пеша намоед. Дар маҷмӯъ рӯзи пур аз рӯйдодҳои хурсандибахш аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Рӯзи пур аз рӯйдодҳои ғайриодӣ аст. Баъзе ҳодисаҳо ҳаяҷонбахш бошанд ҳам, аз тағйиротҳо шод мегардед. Дар ҷодаи касбу кор шуморо лозим меояд, ки барои ба даст овардани нону ном бо баъзеҳо даст ба гиребон шавед. Ҳангоми харид сарфакор бошед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Табъи хушу нерӯи дучанд ба корҳоятон беасар намемонад. Нафаре ба қадри некиҳоятон расида, туҳфаи хуб тақдим мекунад. Ба фарзандон диққати бештар доданатон лозим меояд. Бегоҳирӯзӣ бо мошини шахсӣ ба роҳ баромадан тавсия дода намешавад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ҳодисаву рӯйдодҳои ин рӯз комилан табъи дили шумо нестанд, аз ин лиҳоз, дунё дар назаратон берангу бемаънӣ менамояд. Нафареро, ки дар анҷом расонидани кори душвор кӯмак карда буд, фаромӯш накунед. Ҳар нафареро, ки барои кӯмак наздатон меояд, ноумед насозед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз қарзҳои куҳнаро баргардониданатон лозим меояд. Танҳо баъди аз қарзҳо халос шудан вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Занги телефонии собиқ дӯстдоштаатон боиси асабхаробӣ мегардад. Бегоҳирӯзиро дар ҳалқаи наздикон гузаронед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз раҳмдилу меҳрубон бошед. Ба шахсе, ки сидқан дӯсташ медоред, изҳори муҳаббат намоед. Аз роҳи дур ба хонаатон меҳмон омада, дар ҳолати ногувор мемонед. Рӯзи хубест барои баланд бардоштани савияи дониш.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Агар тамоми ҳавою ҳаваси худро фаромӯш созед, дар амалӣ гаштани орзуву ниятҳои наздиконатон кӯмак расонида метавонед. Бо нафароне, ки ба шумо эътимод доранд, самимӣ бошед. Хусусан, агар бо тамоми ҳастӣ дар ҷустуҷӯйи дӯстони содиқ бошед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз тамоми корҳоятон хуб ҷараён мегиранд. Ҳатто корҳои майда-чуйдаро бо шодиву нишот ба анҷом мерасонед. Саховатманду хайрхоҳ бошед, он гоҳ барор ҳамсафаратон мегардад. Агар нияти сафари хориҷаро дошта бошед, аз паяш шавед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз хеле ғамхору меҳрубон будан мехоҳед, хусусан нисбати шахси дӯстдоштаатон. Мутаассифона аз субҳи содиқ корҳоятон чунон зиёд мешаванд, ки вақти сархорӣ намеёбед. Ба серкорӣ нигоҳ накарда, бо наздикон дилхушӣ кунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҳодисаҳо хеле зиёд шуда, зиндагиятонро ба куллӣ тағйир медиҳанд. Хушбахтона, монеаҳоро паси сар намуда, садди роҳи баъзе воқеаҳо гаштан муяссаратон мегардад. Бо нафаре, ки як маротиба нисбати шумо хиёнат кардааст, дубора якҷоя нашавед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз маблағи зиёд сарф мекунед. Саховатманд буданатон хуб аст, вале беҳтар мебуд, ки пулро сарфа намоед. Ними хариди кардаатон нодаркор мешавад. Дар ҳаёти шахсӣ дилкушоду бекина бошед, ин тағйироти шуморо дӯстдоштаатон мепазирад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Имрӯз ҳутҳо ба доми ҳилаву найранг печида, бо ягон роҳ аз он баромада наметавонанд. Бо сабаби рух додани муноқиша байни шумову шахси наздикатон, дар муносибатҳои шахсӣ нобарориҳо пеш меоянд. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ