Умед Раҳмонӣ: Некиро талқину бадиро маҳкум мекунем

Ин ҳафта низ доир ба махсусияти блогериву блогинг дар кишвар мегӯем, зеро ҳоло фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, онҳое, ки аудиторияи муайян доранд, то андозае як навъ қудрати идора кардани фикрҳоро доранд. Бадиро таблиғ кунанд, нафароне пайдо мегарданд, ки аз пасашон мераванд, некиро талқин кунанд, одамоне ёфт мешаванд, ки худро ислоҳ мекунанд…

Умед Раҳмонӣ ҳамсуҳбати имрӯзаи мост. Ӯ аз ҷумлаи камтарин блогеронест, ки 6-7 сол мешавад дар фазои маҷозӣ фаъол аст ва бо наворҳои панду андарзӣ кӯшиш мекунад, то ки ба наврасону ҷавонон дарси ибрат гардад. Мо бо Умед доир ба паҳлуҳои гуногуни кораш гуфтугӯ кардем.

— Блогерӣ барои шумо касб аст ё шуғл?

— Ман аз соли 2018 ба блогинг ворид гаштам, то як соли пеш ин соҳа бароям касб маҳсуб меёфт ва як соли охир он ба шуғл мубаддал гардид. Феълан барои пешбурди зиндагӣ ба дигар корҳо машғулам.

Дар пештоқи саҳифаи Инстаграматон «ровӣ», «рӯзноманигор» ва «блогнавис» навиштаед. Доир ба ровигӣ ва рӯзноманигориатон чӣ гуфта метавонед?

— Дар маъракаву чорабиниҳо ровигӣ мекунам. Аз рӯи ихтисос рӯзноманигор ҳастам, насиб бошад, имсол донишгоҳро хатм мекунам. Аслан, бояд ду сол пеш донишгоҳро хатм мекардам, бо чанд сабаб таҳсилро мавқуф гузошта будам ва инак, ҳоло давом дода истодаам.

— Ҳамчун рӯзноманигор дар куҷо фаъолият мекунед?

— Расман ҳоло дар ягонҷо кор намекунам, танҳо мехонам дар ин соҳа ва шояд пас аз хатм аз рӯи ихтисос кор кунам.

— Шумо ба қавле аз ҷумлаи блогерони «мактаби кӯҳна» ҳастед, яъне солҳои зиёд аст, ки блог доред. Чӣ гуна блогериро оғоз кардед?

— Ростӣ, бисёр мехостам машҳуру шинохта бошам, мардум зиёд шиносанд ва таваҷҷуҳ кунанд. Бо ин мақсад ба Телевизиони “Баҳористон” рафтам. Онҷо аз суҳбати директор гузаштам ва таъкид карданд, ки дар дубляжи филмҳо ҳунарамро санҷанд. Ҳамин тавр ҳам шуд, дар дубляжи як филм ширкат кардам ва он тариқи телевизион пахш гардид. Аз телевизион гуфтанд, ки барои идомаи ҳамкорӣ занг мезананд, аммо дигар садое нашуд. Чун ҳамон хоҳиши машҳур шудан дар ман ҷӯш мезад, ба блогинг рӯ овардам. Замоне ки ман ба блогерӣ рӯ овардам, блогерон ангуштшумор буданд.

— Блогерӣ чӣ фоидаву чӣ зарарҳо дорад?

— Блогерӣ ҳам фоида дорад ва ҳам зарар, аммо ин ба он вобаста аст, ки ин кор ва майдонро чӣ гуна истифода мебарем. Ҳастанд нафароне, ки қариб, ки зарар намебинанд, балки ҳам маъруфанду соҳибэҳтиром ва ҳам фоидаи моддӣ мегиранд. Аммо боз ҳастанд ба ном блогерон, ки ҳам худ ва ҳам фарҳангу арзишҳоямонро паст мезананд, чӣ кор карданашонро намедонанд.

Шуморо ҳамчун блогере мешиносанд, ки наворҳои пандомӯз омода мекунед. Бигӯед, ки ҷомеаи мо ҳоло ба панду андарз ниёз дорад?

— Фикр мекунам, панду андарз ҳеҷ гоҳ бар зарар нест, балки ҳамеша фоида мерасонад. Махсусан, дар замоне, ки аксари ҷавонону наврасон дар интернет фаъол ҳастанд, мо кӯшиш мекунем, ки дар баробари бархе наворҳои аз ҷиҳати мазмун костаи ба ном блогерон видеоҳое нашр кунем, ки аудитория ғизои маънавӣ гирифта тавонад. Аслан, сабаби бо чунин мазмун таҳия кардани наворҳо он аст, ки вақте ман блогериро оғоз кардам, ҳамин самт холӣ буд, яъне наворҳои панду андарзӣ танҳо Диловар Сафаров пешниҳод мекард.

Мақсадатон аз таҳияи чунин наворҳо дар чист?

— Ҳадафи аслии мо матолиби сифатан хубу бомазмун пешниҳод кардан аст ва аз чунин таҳия мехоҳам ба наврасону ҷавононамон каме ҳам бошад, рафтори худашонро нишон диҳем, зиндагиро аз равзанаҳои гуногун бозгӯ кунем ва некиро талқин кунему бадиро маҳкум.

Шуморо бисёртар наврасону ҷавонон мебинанд, оё ба воситаи интернет мешавад онҳоро тарбия кард?

— Тибқи омори саҳифаам наворҳои маро аз 18 то 24-сола тамошо мекунанд. Фикр мекунам, тарбия кардан мумкин аст, аммо ҳадафи мо касеро тарбияву насиҳат кардан нест, балки рафтори наврасону ҷавонони ҳозираро нишон додан аст. Кӣ чӣ хел қабул мекунад, ин ба фаҳму дарки худаш вобаста аст. Аз ҷониби дигар, имрӯзҳо шоҳид мешавем, ки як гапи бади интернет хеле паҳн мешавад ва сари забонҳо мегардад, пас фаҳмида мешавад, ки гапи хуб ҳам чунин шуда метавонад.

— Вақтҳои охир бо ташаббуси Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон як қатор наворҳои ангезадиҳанда ва ватандӯстона бо ҷамъи блогерон таҳия кардед. Метавонед бигӯед, ки ташаббускори асосӣ дар чунон наворҳо кист ва оё таъсири чунин наворҳо ба мардуми мо мерасад?

— Чунин наворҳо бетаъсир намемонанд. Дар ассотсиатсия блогерони машҳур ҷамъ шудаанд, ҳамонҳое, ки гапи гуфтанӣ доранд ва он таъсиргузор аст. Дар ҳама ҷашну идҳо мо сарҷамъона наворҳои ватандӯстона таҳия мекунем, ки агар зоҳиран сарҷамъии моро нишон диҳанд, ботинан маънои ватандӯстиву шукргузорӣ аз ободиву озодии кишварро доранд. Мо ҳар чизе кунем, барои ин Ватану ин мардум кам аст, барои ҳамин идеяҳои ҷолибро ҳамеша дастгирӣ мекунем. Аз ҷониби дигар, мардум ҳам бисёр хуб қабул кардаанд. Ҳамчунин, бояд бигӯям, ки як навори сарҷамъонаи моро, ки барои дастгирии футболбозонамон таҳия кардем, Телевизиони “Варзиш” пахш кард, ки хеле хуб аст.

Блогер дар Тоҷикистон даромади хуби молӣ дошта метавонад?

— Даромад калон надорем, аммо чун шавқ ҳаст, ин корро тарк карда наметавонам. Бояд қабул кунем, ки блогерони мо ҳоло то андозае нарасидаанд, ки ба мисли блогерони хориҷа пули хуб кор кунанд. Барои дастовардҳои калон, вақт лозим аст.

— Блогинг дар Тоҷикистони мо чӣ мушкилиҳо дорад?

— Фикр мекунам, яке аз мушкилоти соҳа дар кишвари мо ин нохуб будани сифати интернет аст. Ҳамчунин, мушкили дигар ин дар фаҳмиши бархеҳо аст, ки ҳамаро блогер мегӯянд, ҳар нафаре, ки телефон дорад ва навори бадахлоқӣ нашр мекунад, ӯро блогер гуфтан мумкин нест.

— Баъзан мебинем, ки блогеронро бо ҷурми наворҳои бадахлоқона ҳабс мекунанд. Оё ин омил номи блогеру блогингро паст намекунад ва дар ин масъала шумо ягон кор карда наметавонед?

— Албатта, ин зарари худро ба блогерону блогинги тоҷик мерасонад. Набояд дар симои як нафар ба ном блогер тамоми соҳаро бад гӯему бадном кунем.

Чӣ бояд кард, то ки номи блогинг ва блогер дар кишвари мо сафед шавад ва монанди дигар касбҳо пурифтихор гардад?

— Чанд сол блогеронро эътироф намекарданд, аммо шукр, ҳоло ҳолат хеле беҳтар шудааст ва мардум хуб қабул карда истодаанд. Барои боз ҳам сафед шудани номи блогер ва соҳаи блогинг зарур аст, ки ҳар нафар наворҳои хубу бомазмун таҳия намояд.

Ҳар он чизе, ки аз блогерӣ мехостед, дарёфт кардед?

— Бале, ба ҳама хостаҳоям расидам.

Суҳбаторо Меҳрубон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *