Нигаронии Президент. Аз афзоиши хурофот то ҳоҷиён ва ифротгароӣ

Замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият дошт. На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ.

Ин нуктаро 9-уми марти соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин изҳор дошт. Президенти кишвар бо нигаронӣ гуфт, ки вале бо вуҷуди чунин маҳдудиятҳои қатъии он замон на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ. Ҳамчунин, сарвари кишвар ба чанд нуктаи муҳим ишора кард, ки мухтасар дар зер пешкаши шумо мешавад.

4 000 масҷид дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин — дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд.

Дар пойтахти Тоҷикистон яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд карда шуд. Ҳамчунин, сохтмони бинои наву ҳозиразамони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо санъати баланди меъмории миллӣ босуръат идома дорад.

Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. 

Ба 2000 нафар як масҷид…

Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд. Дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 — 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 — 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона доранд.

Хурофот, тафриқаандозӣ, ифротгароӣ…

Бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад.

Қарз, ҳаҷ ва ҳоҷизиёрат…

Тибқи муқаррароти шариати ислом писарон ва бахусус духтарон баъди расидан ба синни 9 — 10-солагӣ бояд утоқи алоҳидаи худро дошта бошанд, бояд алоҳида хоб раванд.

Баъзеҳо тавассути маблағи фарзандонашон, ки аксаран дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, худашон фарзандони хурдсол доранд, ҳатто бо гирифтани қарз ва зери бори гарони зиндагӣ қарор додани аҳли оила ба умра мераванд, яъне раҳм ба ҳоли зану фарзанди худ намекунанд.

Ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд.

Дар натиҷа ба сабаби адои ҳаҷ ё умраи як нафар тамоми аҳли оила муддати дароз ба душвории молиявӣ гирифтор мегардад.

Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ҳаҷ ё умра гуноҳи онҳоро пок месозад, ки ин фаҳмиши берун аз мантиқ ва моҳияти дин аст.

Бахусус, вақтҳои охир тамоюли зиёд рафтани занон, ҳатто ҳамроҳи худ бурдани кӯдакони хурдсол, ки на қобилияти дарки каломи илоҳиро доранд ва на моҳияти зиёрати хонаи Худоро медонанд, боиси ташвиш мебошад.

Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари занон, ки адои ҳаҷ ё умра мекунанд, баъди бозгашт ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар карда, василаи тарғиби он мегарданд.

Дар як сол 63 000 нафар ба ҳаҷ рафтанд

Ҷавонон аз кишварҳои исломӣ дар пешрафтатарин муассисаҳои таҳсилоти олии дунё таҳсил мекунанд, вале мардуми мо ҳанӯз дар фикри чӣ савоб асту чӣ убол, чӣ ҳалол асту чӣ ҳаром, ҳаҷравӣ, умраравӣ ва ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон банд мондаанд.

Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Ҳамон Аҳмади порина…

Баъди аз ҳаҷ баргаштан тағйирот дар сарулибос, карру фар дар рафтор, оростани маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбону ҳоҷибинон, ана дар ҳамин аст, тафриқаандозӣ, намоишкорӣ, худро дар ҷомеа фарқкунанда нишон додан, ки гӯё аз дигарон бартарӣ дорам, яъне шуҳратталабӣ дида мешавад.

Ҳол он ки, дар Каломи осмонӣ чунин омадааст: «Худованд ба суратҳои шумо ва дороиҳои шумо нигоҳ намекунад, лекин Худованд ба дилҳои шумо ва кирдорҳои шумо менигарад».

Шариати исломӣ ҳаҷро ба шарти муайян як маротиба воҷиб гардонидааст!

Зеро Паёмбари ислом низ як маротиба ҳаҷ кардаанд.

Дар хусуси умра ҳаминро бояд гуфт, ки умра фарз нест ва адокунандаи умра ҳоҷӣ нест, зеро бо адои умра адои ҳаҷ аз гардани шахс соқит намегардад.

Рисолати ходимони дин…

Бо ин ҳама исрофкориву хурофотпарастӣ, зиёдаравию каҷравӣ дар дин, намоишкориву риёкорӣ, ифротгароӣ ва баъзан террор, ки гӯё ба хотири Худо даст мезанем, як нуктаи муҳимро фаромӯш мекунем: пушти деворамон, дар хонаи ҳамсоя, дар маҳали зистамон, деҳаамон, ноҳия ё вилоятамон ва дар кишварамон шахсоне зиндагӣ доранд, ки муҳтоҷи кумак ва меҳру шафқати мову шумо ҳастанд!!!

Куҷо шуд таълимоте, ки гузаштагони мо мегирифтанд, куҷо шуданд домуллоҳое, ки гузаштагони моро дар чунин руҳияи инсонӣ тарбия мекарданд?

Магар ходимони динамон рисолати аслии худро фаромӯш кардаанд?

Ин гуфтаҳо ба он маъно нестанд, ки давлат наметавонад ба бошандагони ин гуна муассисаҳо ғамхорӣ намояд, балки барои тафаккуру андеша кардан ва роҳи дурустро дар зиндагиву рӯзгордорӣ пайдо кардан, аҳли ҷомеаро дар руҳияи инсондӯстӣ, на ифротиву хурофотӣ тарбия кардан аст!!!

Ана ин аст, рисолати ходимони дин.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *