Толеъномаи 19 декабр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Давоми рӯз аз якрангии ҳаёт дилгир гашта, дилатон ҳаваси чизҳои аҷоибу ғароиб мекунад. Барои амалӣ гаштани хостаҳоятон ба сафари роҳи дур бароед. Барои бонувони ҳамал фурсати беҳтарин фаро мерасад, ки бояд худро дар ин ҳангом чун хонуми боҳунару бомаҳорат ва бомасъулият нишон диҳанд. Зеро атрофиён на ба намуди зоҳирӣ, балки маҳз ба ҳамин сифатҳои шумо диққати бештар медиҳанд. Охири рӯз эҳтимол каме нотоб мешавед. Нисбат ба саломатиатон бепарвогӣ зоҳир накунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯз нисбат ба рӯзҳои гузашта на чандон хуб аст. Вале боз ҳам наметавон онро бад номид.  Аввали рӯз эҳтимол бо наздикон гапатон мегурезад. Сабур бошед, танқидро қабул кунед ва ислоҳ гардед. Ба таънаву кинояҳои наздикон бо киноя ҷаво нагардонед. Дере нагузашта таъби хуш ва муносибати хуби шумо боиси хуб гаштани муносибатҳо мешавад. Нимаи дувуми рӯз масъулиятҳои зиёде шуморо хаста месозад. Қувваи бозу ва асабатонро ба назар гирифта, аз паси иҷрои он шавед. Кореро, ки аз уҳдаи иҷрои он намебароед, ба гардан нагиред.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Бар ивази рӯзҳои сахту музмин рӯзҳои хубу бобарор ва пур аз шодиву нишот меоянд. Бисёре аз ҷавзоҳо бе ягон меҳнату машаққати махсус ба муваффақиятҳои назаррас ноил мешаванд. Нимаи дувуми рӯз эҳтимол дӯстони деринаро, ки хеле боз надида будед, вохӯред. Ба ҷавзоҳои оиладор ҳафтаро дар иҳотаи оилаву наздикон гузаронидан хуб мебуд. Вале ҷавзоҳои муҷаррад бояд бештар гарданд, то имконияти шиносоии наву аҷибро аз даст надиҳанд. Дар масъалаҳои пулӣ аз ҷониби дӯстону шиносон дастгирӣ мебинед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Давоми рӯз гӯё дилатон аз пешомади баде гувоҳӣ медода бошад дар ташвишу таҳлука меафтед. Гоҳе ин ҳолат шуморо бо сабаб ва гоҳе бесабаб фаро мегирад. Шумо хатари аслиро аз гумонҳои беҳуда фарқ карда наметавонед. Беҳтараш барои ба эътидол даровардани вазъи рӯҳиатон аз куҳансолони авлод машварат гиред. Рӯз барои харид номувофиқ аст. Беҳтараш пулро чамъоварӣ кунед ва ҳатто барои чизҳои ба назаратон лозима ҳам сарф накунед. Зеро ба наздикӣ ба он сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед.  Ба шиносҳои нав  бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунед, зеро маҳз бо машварату кумаки онҳо коратон равнақ меёбад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯз пур аз рӯйдодҳои ногаҳонӣ аст.  Шумо маҷбур мешавед аз рӯйи ҳолатҳои ба миёномада ҳаракату рафторатонро иваз кунед. Ва аз уҳдаи мутобиқшавӣ ба шароити нав низ ба хубӣ мебароед. Албатта, ин каме боиси хастагиатон мегардад.  Нимаи дувуми рӯз ашхосе хоҳиши дидорбинӣ ва муошират бо шуморо мекунанд, ки онҳоро тамоман дидан намехоҳед. Беҳтараш аз онҳо дур гардед то асабҳои бе ин ҳам харобатонро харобтар насозанд. Охири рӯз хастаҳолу бемадор гардида, беихтиёр дар орзуи бозувони қавии ёр меафтед, ки тавонед ба он такя кунед ва аз хастагиву танҳоӣ раҳо ёбед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Нимаи аввали рӯзро ситораҳо барои шумо бобарор пешгӯйӣ мекунанд. Бинобар ин кӯшиш кунед ҳама корҳои муҳимро дар ҳамин муддат ба анҷом расонед. Нимаи дувуми рӯз бошад, барои шиносоии нав ва муошират чандон мутобиқ нест. Ҳатто бо наздикону пайвандон забон ёфтанатон мушкил мешавад. Дар мавриди бегонагон бошад ҳоҷати гап нест. Ҳатто як сухани одӣ метавонад низоъи калонро бархезонад.  Беҳтараш ба корҳои эҷодӣ машғул шавед ё дар таълиму тарбияи фарзандон саҳм гиред. Метавонед ба сафари хориҷӣ равед, зеро он ҳатман натиҷаи хуб медиҳад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯз аз оне, ки умед доштед, бобарортар мешавад. Шумо якборагӣ чанд кори муҳимро ба анҷом мерасонед ва дар кор ба якчанд зина боло мебароед. Метавонед беҳарос лоиҳаҳои хешро ба шахсони қудратманд пешниҳод намоед, онҳо дастгирӣ хоҳанд кард. Метавонед аз паси иҷрои кори наве шавед, муваффақ хоҳед шуд.  Табъатон тамоми рӯз болида мешавад. Бинобар ин вохӯриву муоширатҳо ба хубӣ анҷом меёбанд. Эҳтимоли гирифтани даромади пулӣ ва бастани шарномаҳои муфид мавҷуд аст. Охири рӯз, агар гузашти хурде карда тавонед бурди калон ба даст меоваред.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз кореро, ки аз уҳдааш намебароед ва ё шояд иҷрои он ба саломатиатон зиён расониданаш мумкин, ба  зимма нагиред. Мулоқотҳои корӣ бошанд, ба хубӣ анҷом меёбанд. Шумо метавонед ба боварии одамони даркорӣ сазовор гардед. Ба азизи дилатон забон ёфтан каме мушкилтар мешавад. Эҳтимол аз ҳисоби тафовути назар ба чизе ё ҳодисае ва дигар майда — чуйдаҳои ҳамсони ин бо ҳам баҳс кунед. Ҳарчанд ақидаи ӯро қабул накунед ҳам, ақидаи хешро ба сараш бор накунед. Дар оилаи солим бояд пеш аз ҳама ба ҳамдигар эҳтиром қоил бошед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯз аз ҳама рӯзҳои гузашта хубтар аст. Бартарии аввалаш дар он аст, ки монеаҳои сари роҳатон аллакай чандон зиёд нестанд. Дувумаш дар он аст, ки ҳама атрофиён ва ёру пайвандон аз таҳти дил ба кумакатон мешитобанд. Нимаи дувуми рӯз барои хушгузаронӣ ва ишқварзӣ басо мувофиқ аст. Аз фурсати мувофиқ ба хубӣ истифода баред, шумо инро сазоворед.  Барои қавсҳои оиладор зарур аст, ки бо ҳамсарашон забон як кунанд, то зиндагиашон орому ширин гузарад. Охири рӯз аз қиморбозӣ ва ё худ гирифтани қарз худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Давоми рӯз корҳо чандон хуб ривоҷ намеёбанд. Шумо аз онҳое дилмонда мешавед, ки ба онҳо боварии зиёд доштед. Ба мушкилоти иқтисодӣ дучор мешавед. Кӯшиш накунед, ки бо ҳамкорӣ ба шахсони тасодуфӣ аз ин ҳолат берун оед, зеро вазъият бадтар шуданаш мумкин. Шумо хаставу асабӣ мешавед. Бинобар ин бештар дар танҳоӣ бошед ва аз баҳсу мунозираҳо дур гардед. Ҳатто бо наздикон зиёд ҳарф назанед, то касеро наранҷонед. Рӯзи чумъа барои бастани шартномаҳои корӣ ва мулоқотҳои шахсӣ созгор нест. Рӯзҳои истироҳатро дар танҳоӣ гузаронед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Давоми рӯз бо амри тасодуфе шумо дар кори оғознамудаатон чунон муваффақ мегардед, ки ин ҳолат ҳатто ҳасуди атрофиёнро ба миён меорад. Аз бадхоҳон наҳаросед ва дилпурона ба пеш ҳаракат кунед. Онҳое, ки имрӯз ба шумо кумак мерасонанд, ба  пешравии кори шумо манфиатдор ҳастанд. Бинобар ин ҳамкорӣ бо онҳо дуҷониба судманд мешавад. Доираи муоширататон васеъ мегардад. Шумо ҳамфикрон ва дӯстони нав пайдо мекунед. Баҳри беҳтар кардани муносибат ба шабнишиниву ташкилиҳо ва сафарҳои берун аз шаҳр бо онҳо равед. Рӯзҳои истироҳат пурра аз кор фориғ гашта, барои барқарорсозии ҷисму рӯҳатон кӯшиш намоед. Охири рӯз вохӯрии аҷибе дар назар аст.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯз орому муқаррарӣ буда, метавонед онро пурра ба истироҳату фароғат бахшед. Ё аз пайи иҷрои кори нав шавед Дар ҳар ду ҳолат ҳам пушаймон нахоҳед гашт. Эҳтимол бо ҳамсаратон каме гапатон гурезад, вале хавотир нашавед, ин муноқиша дер давом намекунад. Рӯз барои машғул шудан ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ё варзиши вазнин мувофиқ нест. Аммо гӯш кардани мусиқӣ ва рақсидан зери навои дилнавоз тану ҷонатонро  солиму болида мегардонад. Нимаи дувуми рӯз метавонед дар манзили зисти хеш дигаргунӣ ворид созед.  Ҷиҳози хонаро нав кунед ё ҷобаҷогузориашро дигар кунед. Охири рӯзро бо дӯстон ва ё шахси дӯстдоштаатон гузаронед, хуб мебуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *