толеънома

Толеъномаи 19-уми феврали соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Муносибататонро нисбати наздикон бештар намоед. Ҳамалҳое, ки воситаи нақлиётро идора мекунанд, бояд эҳтиёткор бошанд. Саломатии яке аз пайвандон нимаи дувуми рӯз бад шуда, шуморо сахт ба ташвиш меорад. Имрӯз барои вохӯриҳои ошиқона мувофиқ нест.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз бисёр корҳоятон бобарор анҷом меёбанд. Подоши некиҳои кардаатонро мегиред. Аз муноқиша бо ҳамсояҳо дурӣ ҷӯед. Барои болидаруҳӣ сайругашт дар ҳавои тоза хуб аст. Даромади хурди пулӣ дар назар аст. Нисбат ба ҳамсар ва фарзандонатон меҳрубонтар бошед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рӯзи муқаррарист. Ягон навгоние пешгӯӣ карда намешавад. Кӯшиш кунед, ки аз раҳмдилиатон сӯйистифода накунанд. Саломатиатон хуб буда, давоми чанд рӯз шуморо ташвиш намедиҳад. Бегоҳии имрӯз ба аёдати волидайн равед, хуб аст. Дар сарфи маблағ сарфакор бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз меҳнати зиёди ҷисмонӣ ин рӯз худдорӣ намоед. Кореро, ки аз уҳдаи иҷрояш намебароед, ба дӯш нагиред. Аз шунидани хабари хуше болидаруҳ мегардед. Барои хуб нигоҳ доштани вазъи саломатиатон аз истеъмоли хӯрокҳои бирёнӣ ва вазнинҳазм даст кашед. Дар ин рӯз ба вохӯрии ошиқона даъват мешавед.

Асад (23 июл-23 август)

Даствордҳое, ки давоми рӯз ба даст меоред, вазъи молиявии оилаатонро боло мебардоранд. Ҳангоми харид сарфакор бошед, чизҳои нодаркор харидорӣ накунед. Ҳатман вақт ёфта, аз ташхиси духтур гузаред, то бемории ирсӣ авҷ нагирад. Аз истеъмоли машрубот пурра даст кашед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Дар ҳаёти шахсиатон вазъ чандон хуб нест. Ба хотири пош нахӯрдани оилаатон бояд сабур бошеду баъзе камбудиҳои ҳамсафари ҳаётиро нодида гиред. Аз машварати куҳансолони оила кор гиред. Охири рӯз ҳамсаратонро ба сафари берун аз шаҳр даъват кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар муошират бо атрофиён боэҳтиёт бошед, зудбовариатон боис мегардад, ки ба доми фиреб гирифтор шавед. Охири рӯз ақрабои дуратон ба хонаатон меҳмон мешаванд ва бо худ каме нохушиҳоро меоранд. Муҳимтар аз ҳама, оромии асабҳоятонро аз даст надиҳед. Даромади пулӣ дар назар нест.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бобарор дар тиҷоратро ситораҳо пешгӯйӣ мекунанд. Дар нимаи дувуми рӯз тағйироти зиёд ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Барои оила ва муносибат бо фарзандон бештар вақт ҷудо кунед. Дар ин рӯз бо нафаре вомехӯред, ки дар ҳаёти ояндаи шумо нақши муҳимро мебозад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Серкории ҳамешагӣ боиси хастагии тану руҳатон гаштааст. Фаромӯш накунед, ки саломатӣ дар мадди аввал аст. Беҳтараш ба рухсатӣ баромада, барои дамгирӣ ба осоишгоҳе равед. Кумаку дастгирии хешовандон шуморо охири рӯз шод мегардонад. Даромади хурди пулие дар назар аст. 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Воқеаҳои давоми рӯз боиси бад гаштани вазъи саломатиатон  мегарданд. Кӯшиш кунед, то аз баҳсу муноқишаҳо дур бошед. Ҷанҷоли оилавӣ оқибати нохуш ба бор меорад. Бештар пиёдагардӣ намуда, аз доруҳои табиии таскинбахш истифода кунед. Даромади пулӣ охири рӯз шуморо хурсанд мегардонад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар оилаатон баъзе камбудиҳо ба вуҷуд меоянд, ки тамоми рӯз боиси асабонияти шумо мегардад. Нимаи дувуми рӯз навгонии аҷибе шуморо мунтазир аст. Рӯз барои хариди калон мувофиқ нест. Рӯзҳои истироҳат ба саёҳати берун аз шаҳр равед, барои оромии асаб ва саломатиатон хуб аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Аввали рӯз аз яке аз дӯстон пешниҳоди ҷолиб мегиред, агар онро қабул кунед, дар ояндаи наздик бароятон манфиатҳо меорад. Саломатиатон хуб буда, шуморо ташвиш намедиҳад. Сафар ба зодгоҳ ва аёдати хешовандони дур барои қавитар гардонидани муносибатҳо иқдоми хубе хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *