Толеъномаи 2 июл 2018
Имрӯз дар муошират бо атрофиён бояд аз одамдӯстӣ кор гиред. Маҳз ҳамин рафтор шуморо дар чашми ҳама азизу мӯътабар мегардонад. Нимаи дувуми рӯз ҳассос мешавед ва ҳатто шӯхии оддиро чун таҳқир қабулмекунед. Бояд асабӣ нашавед ва шухиҳои дӯстонро ҷиддӣ нагир вагарна кор ба муноқиша мекашад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Онеро, ки шумо шарик ва ҳамфикр меҳисобидед нисбат ба шумо рафтори ношоиста ва дағалона мекунад. Вачихеле, ки медонед ин маротибаи аввал нест. Фурсати он расидааст, ки хуб фикр кунед оё чунин «дӯст» ба шумо лозим аст. Рӯз умуман пур аз дигаргуниҳост аз он наҳаросед ва ба зудӣ дарк хоҳед кард, ки ин ҳама дигаргунӣ ба манфиати шумост.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз аз ҳарвақта бештар бояд зирраку мушоҳидакор бошед. Зеро хавфи оне, ки қурбонии макру фиреби онҳое, ки чеҳраи асосишонро дар зери ниқоби дӯстӣ пинҳон медоранд, шуданатон зиёд аст. Онҳо аз дӯстӣ ва боварии шум сӯистифода намуда, мехоҳанд ба мақсади манфури хеш бирасанд. Бояд бо сайъи тамом қаиродагиатонро нишон дода, аз манфиатҳои хеш муҳофизат кунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Аз қолабшиканӣ кардан натарсед. Бояд барои амалӣ намудани фикрҳои аҷибе, ки дар саратон чарх мезананд каме боғайраттар бошед. Дудилагӣ ва куҳанфикрӣ боиси он мегардед, ки хулосаи муҳими зингагиатонро бароварда натавонед. Рӯз барои муоширати ғайри расмӣ чи ошиқона бошад ва чи дӯстона мутобиқ аст.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Атрофиён аз шумо меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба корро талаб мекунанд. Дар бадали ин ҳама бошад танҳо ваъдаҳои хушку холӣ медиҳанд. танҳо ба нафароне бовар кунед, ки барои тасдиқи ростии суханҳояшон факту даел оваранд. Бигзор хурд ҳам бошад нақд аз насия беҳтар аст. Рӯз барои ҳалли муноқишаҳои оилавӣ мусоид аст.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз дар маркази баҳсу мунозира ва муноқишаҳо меафтед. ба шумо лозим меояд, ки каме зирракиро ба кор бурда худро шахсе вонамуд кунед, ки дар асл он нестед. Шумо дӯрӯғи бархеро фош месозед ва ҳатто дурӯғи хешро мебофед. Дар муносбат бо ақрабо мушкилӣ сар мезанад ва нағз кардани муомила бояке аз наздикони ранҷондаатондушвор мешавад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз шумо асабиву зудранҷ мешавед, вале қаҳратон низ зуд паст мешавад. Бинобар ин кор то ба ҷанг намекашад. Гузаронидани вохӯриҳои муҳими корӣ ва ҳатто мулоқотҳои шахсиро дар ин рӯз тавсия намедиҳем. Нимаи дувуми рӯз ба саратон фикрҳои хубу аҷибе меоянд ва дар амал татбиқ кардани он бароятонятон барор меоварад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рӯз басо бобарор мешавад. Воқеаҳо чунин сурат мегирад, ки шумо чизе, ки аз даст дода будед боз ба даст хоҳед овард. Имконияти барқарқарорсозии ном ва обрӯятонро ба даст меоваред. Муҳимаш танбалӣ ва хушнобиёӣ накунед. Рӯз барои хариди калон кардан васафар кардан мувофиқ аст.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Бояд имрӯз шиносои нав ва муносибатҳои тоза барқарор намоед. Ба наздики ин шиносҳои нав ба шумо даркор мешаванд. Дар вохӯриҳои корӣ бояд зиёд истодагарӣ накунед. Шариконатонро ба баровардани хулосаи ниҳоӣ маҷбур насозед. Эҳтимол пешниҳодҳои судманде барои калон кардани тиҷорат мегиред. Дар муносибатҳои шахсӣ бошад баръакси корӣ барор ҳамррҳи шумо нест. Бо азизи дилатон муносибатҳои вайроншударо барқарор кардан мушкил мешавад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Имрӯз зиёд ба корҳои ҷисмонӣ машғул шудан ва ҳамчунин хароҷоти калон карданро тавсия намедиҳем. Барои анҷоми корҳои нисбатан мушкил аз дӯстатон кумак хоҳед. Нақшаи рӯзро тавре тарҳрезӣ намоед, ки баҳри истироҳату фароғат низ вақт монад. Шом барои рафтан ба маҷлису маъракаҳо ва шиносоиҳои нав мувофиқ аст.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Нигоҳ доштани андоза дар ҳар кор имрӯз муҳим аст. Эҳтимол бо роҳбар гапатон гурезад. Яке аз ҳамкорон дар бораатон маълумоти бардурӯғ паҳн мекунад. дар шиносоӣ ва муошират бо одамони нав ҳушёриро пеша кунед. Дӯстӣ бо одамони шубҳаангез барои номи некатон зараровар буда метавонад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Шумо боз ҳам хатоиятонро такрор мекунед. маротибаи чандум аст, ки гуноҳ мекунед, вале ҳеҷ айбатонро ба гардан намегиред. Ҳар боре шумо дишаронро дар нокомиҳои хеш гунаҳгор мешуморед ва бори хатои хешро ба дӯши дигарон мегузоред. Рӯз барои муошират мутобиқ нест, зеро аз ҳама танҳо танқиду эрод ва баъзан тавсияҳо мешунавед, ки барои шумои ба назаратон бегуноҳ аламовар хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ