“Пои Худо” Русияро ғолиб овард

Русия дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи «Лужники”-и шаҳри Маскав тими бақуввати Испанияро дар силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ шикаст дод ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Пирӯзии Русияро дарвозабонаш Игор Акинфеев таъмин кард. Акинфеев ду зарбаи 11-метраи бозигарони Испанияро тавонист баргардонад, аз ҷумла зарбаи охирро – бо пояш.

Дастаи яккачини футболи Русия таҳти раҳбарии Станислав Черчесов дар даври ҳаштяниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол боз як мӯъҷизаи дигар нишон дод. Тими Русия тавонист 120 дақиқаи вақти асосӣ ва иловагии бозӣ дар муқобили ҳарифи қавиаш – Испания истодагарӣ кунад ва тақдири бозиро, ки бо вуҷуди бартарии испаниҳо бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт, ба силсилаи зарбаҳои 11-метра бикашонад.

Дар ин силсилаи зарбаҳо умеди ҳарду даста, албатта, ба дарвозабонҳояшон буд. Испания итминон ба Де Хеа, ке аз қавитарин дарвозабонҳои футболи муосир баста буд, вале Де Хеа аз 4 зарбае,ки футболбозони рус заданд, ягонтоашро гардонда натавонист.

Ба фарқ аз вай, Игор Акинфеев, ки вақтҳои охир барои бозиаш мавриди интиқоди зиёд қарор дошт, имрӯз он ҳама интиқодҳоро бо намоиши як маҳорати олӣ ҷуброн кард. Акинфеев аз 5 зарбаи футболбозони Испания 2 зарбаашро гардонд ва дуюм зарбаро бо пояш, ки мисли як мӯъҷиза ба назар меомад.

Тавре як мухлиси Русия бо ишора ба як ибораи машҳури Диего Марадона навишт, «ин пои Акинфеев не, пои Худо буд, ки имрӯз ба кумаки тими Русия расид.”

Ба ин тартиб, Русия Испания – як муддаи унвони қаҳрамониро алакай дар даври ҳаштякниҳоӣ ноумед кард ва худ ба даври чорякниҳоӣ меравад. Дар даври баъдӣ Русия бо барандаи бозии байни Хорватия ва Дания вориди рақобат хоҳад шуд.

Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *