Толеъномаи 2 октябр 2018

Ҳамал  ( 21 март-20 апрел)

Аввали рӯз ҳутҳо хеле мехоҳанд дар муҳити таскинбахш қарор дошта бошанд. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан сад бор андеша намоед. Ақидаи худро оромона баён кунед, вагарна атрофиёнро сахт меранҷонед.  Дар ин давраи умр дар баробари кор кардан истироҳатро низ фаромӯш накунед. Айёми хубест барои муошират бо нафарони мансабдор, бо кӯмаки дӯстони курсинишин мушкилоти молиятонро рафъ месозед. Ба хабари тасодуфан шунидаатон диққат диҳед, онро бар нафъи худ истифода баред.

Савр ( 21 апрел – 22 май) 

Дар масъалаи мушкилоти молиявиатон ҷиддан андеша кунед. Одати қарз гирифтанро партоеду маблағро сарфакорона харҷ намоед. Имрӯз бахтатон омад мекунаду корҳоятон барор мегирад. Кӯшиши бо зӯрӣ ё бо маслиҳати нафаре ба даст овардани чизеро накунед. Нофаҳмиву озурдагиҳои дар ҷойи кор рухдода барои аз кор рафтани шумо сабаб шуда наметавонад. Хеле хуб мебуд, ки маҳз дар ҳамин рӯз аз вохӯрӣ бо  сардор худдорӣ намоед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи нав барои ҷавзоҳо шодиву нишот меорад. Ба ҷашну маъракаҳо пайи ҳам даъватӣ мешавед, кӯшиш намоед дӯстону ҳамфикрони худро зиёд гардонед. Кӯшиши чизеро дар зиндагӣ тағйир доданро мекунед, навигарӣ мехоҳед. Чунин имкониятро шумо аз шабакаҳои интернет ба даст меоред. Аз мулоқотҳои пинҳонии ошиқона худдорӣ намуда, аз нафарони  доғи судидошта худро канор гиред. Мушкилоти молиявӣ асабатонро хароб сохта, бо наздикон гапатон мегурезад. Чунон асабӣ мешавед, ки аз ҳар гапу кори ночиз бо атрофиён ҷангу ҷанҷол мекунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Обрӯву нуфузи саратонҳо дар рӯзи нав миёни атрофиёнашон зиёдтар мегардад. Аз имкон дур нест, ки маҳз дар ҳамин рӯз аз рафтору кирдори шумо тақдири дигарон вобастагӣ дорад. Айёми мусоидест барои вохӯрӣ бо нафарони мансабдор. Дар дилатон хоҳиши ба ягон макони бекас рафтану танҳо мондан пайдо мешавад, вале ин ба шумо муяссар намегардад. Бо шахси бароятон азиз вомехӯред. Миёнаи рӯз нафаре аз шумо пул мепурсад ё баръакс қарзашро суроғ мекунад, агар имкон дошта бошед, маблағро баргардонед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Асадҳо дар имрӯз дар ҳама ҷода мавқеашонро баланд бардошта, донишу малакаи худро бояд нишон дода тавонанд, то ки атрофиён қадру қиматашонро донанд. Даҳонатонро аз гапи беҳуда нигоҳ доред, серҷоғӣ накунед, вагарна тамоми нияту нақшаҳоятонро пешакӣ гуфта, ба мақсад намерасед. Агар шумо танҳо бошед, муҳаббати худро вомехӯред, хусусан ҳангоми сафар бодиққат бошед, мурғи бахтро аз даст надиҳед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Сунбулаҳо дар рӯзи нав таваккал карда бурд мекунанд. Аз уҳдаи тамоми мушкилиҳои дар ин ҳафта пайдошуда бо сари баланд мебароед, вале сахт хаста мегардед. Имрӯз ягон кори навро оғоз накунед, беҳтараш корҳои нобасомонро ба анҷом расонед. Пешниҳоди хуби корӣ мешавад, вале барои амалӣ намуданаш аз  дӯстон бояд кӯмак пурсед. Лаҳзаҳои беҳтарину фаромӯшношуданӣ сунбулаҳои ошиқро ба олами ишқу муҳаббат мебарад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар имрӯз мизонҳо дар бисёр масъалаҳо гузашт карда, ба фоидаи худ кор мекунанд. Дар масъалае нақши миёнаравро бозӣ карда, аз уҳдааш хеле хуб мебароед. Вақти хубест барои мустаҳкам сохтани муносибатҳои корӣ ва оилавӣ. Агар шумо қаблан ба сари шарики умратон табақу косаро зада мешикастед, имрӯз оромона нишаста, эътирози якдигарро гӯш мекунед. Одати аз пашша фил сохтанро партоед. Нимаи дувуми рӯз аз таъмир дар хона ва аз сафару саёҳат худдорӣ намоед вагарна аз захму ҷароҳат эмин намемонед.

Ақраб  ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ақрабҳо дар имрӯз хеле серкор мешаванд. Соҳибхонаҳо аз пайи шустану тоза кардану ба тартиб даровардани атрофи худ шуруъ мекунанд. Дар ин рӯз наздиконатон ба ғамхории шумо ниёз пайдо мекунанд. Корҳои зиёдеро аз рӯйи масъулиятнокӣ ва қарзи худ шуморида иҷро мекунед. Барои нафароне, ки ҷойи кори худро иваз кардан мехоҳанд, рӯзи муносиб аст. Нимаи двувми рӯз барои вохӯриҳои ошиқона ва шиносоӣ айёми хуб аст.

Қавс  ( 23 ноябр- 21 декабр)

Аввали рӯз вазнину дилгиркунанда меояд. Шуморо лозим меояд, ки кори табъи дилатон набударо иҷро кунед, дар баробари ин онро партофта ҳам наметавонед.  Вазъиятро шахси дӯстдоштаатон тағйир медиҳаду дар натиҷа муҳаббататон ба ӯ бештар мегардад. Қавсҳои муҷаррадро вохӯриҳои аҷиби ошиқона дар пеш аст, ба шарте ки дар байни чор девор нанишаста бештар ба ҷашну консертҳо равед. Дар ҷойи кор сабру тамкинро пеша намоед, вагарна гапатон бо ҳамкоронатон мегурезад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Нимаи аввали рӯз як сюрпризи ногаҳонӣ шуморо интизор аст. Даромади пулие, ки тӯли чанд вақт барои ба даст оварданаш кӯшиш мекардед  насибатон мешавад. Рашки душманонатон ба косаи асали шумо заҳр рехта метавонад, эҳтиёт бошед! Дар ҷабҳаи меҳру муҳаббат пешравиро интизор нашуда, худатон ба ҷустуҷӯйи мурғи бахт бароед. Кӯшиш кунед, ки бо сухани хуб ва туҳфаи олиҷаноб дили зан ё шавҳари ранҷидаатонро ёбед. Ба гапҳои дурӯғи ҳасудон бовар карда ба решаи бахтатон бо дасти худ теша назанед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Барои баргардонидани қарзҳоятон имконияти хуб фароҳам меояд, зеро даромади калони пулӣ ба даст меоред. Барои тасмим гирифтан дар масъалаҳои муҳим саросема нашавед, вагарна сахт хато карданатон мумкин аст. Серкориро баҳона накарда тамоми ҳуҷҷатҳоеро, ки барои имзо гузоштан ба наздатон меоранд, тафтиш кунед, то душманонатон дар сари роҳи шумо чоҳ кофта натавонанд. Нимаи дуюми  рӯз аз ёри раҳдуратон хабаре мешунавед, ки табъатонро тамоми ҳафта болида нигоҳ медорад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Давоми рӯз ҳаёти шахсии шумо дар як тори мӯй овезон хоҳад гашт, зеро кадом як сирри махфиатон фош гашта, аз боварии ҳамсаратон мебароед. Оилаатонро устувор нигоҳ доштан хоҳед, аз бахшиш пурсидан шарм надоред. Ғурурро як тараф гузоред, зиндагиатон боз ба маҷрои аввала бар мегардад, дар акси ҳол хавфи хонавайрон шудан шуморо таҳдид менамояд. Саломатии яке аз ҷигарбандон охири рӯз шуморо сахт ба ташвиш меорад, вале дар сурати сари вақт табобат кардан ҳамааш бо хубӣ анҷом меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *