Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз сари қарори муҳиме омадану бо касе муноқиша карданро маслиҳат намедиҳем. Бо корҳои оилавӣ машғул шуда, нақшаи корҳои минбаъдаро тартиб диҳед. Дар ҳама кор бодиққат бошед, зеро хатари ба ғалат роҳ додану баъдан ҳама корро аз нав оғоз карданатон лозим меояд. Нимаи дуюми рӯз бо ҳар нафари ношинос дарди дил накунед. Саломатиятон баногаҳ нохуб гашта, бемориҳои куҳнаатон аз нав хурӯҷ мекунанд. Саломатии худро эҳтиёт кунеду фориғболӣ накунед. Асабҳоятон хароб ва руҳафтода шуданатон имконпазир аст.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз мулоқоти ошиқонаро ба нақша нагиред. Вазъият дар лаҳзаи охир тағйир ёфта, дар ҳолати ногувор мемонед. Азбаски шумо табиатан ба ақидаи дигарон гӯш дода, амал мекунед, вақте расидааст, ки мустақил бошед. Дар ин рӯзҳо пулҳоятон тамом мешаванду нафаре аз дӯстону шиносҳо дар рафъи мушкилиҳо кӯмак расонида наметавонад. Минбаъд саломатиятонро беҳтар месозед, ба шарте ки бо одатҳои бад ба худ зарар нарасонед. Эҳтимоли шикастани асбобҳои техникӣ вуҷуд дорад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Аввали рӯз хуб мебуд, ки пурра бо кор машғул шавед. Мукофотпулии деринтизорро мегиред, роҳбарият аз кори шумо қаноатманд мегардад. Барои нафароне, ки бо тиҷорати шахсии худ машғул шудан мехоҳанд, рӯзи мусоид фаро мерасад. Ба баҳсу мунозираҳои пурмоҷаро роҳ надиҳед. Агар бо атрофиён муносибати хубро ба роҳ монед, ягон мушкилӣ пеш намеояд. Дар акси ҳол маблағи зиёди худро аз даст медиҳед. Дар ин рӯз аз рӯи виҷдон амал намуда, ба роҳи макру фиреб наравед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз дар миёни ҳамкорон нақши миёнаравро бозида, чанд нафарро ба мусолиҳа меоред. Муҳимаш ба касе панду насиҳат нахонед, вагарна ҳарфи гуфтаатонро бар зидди худатон истифода мебаранд. Одати ба кори дигарон бинӣ халониданро партоед, вагарна ба ҳолатҳои пурмоҷаро афтида, худатон зарар мебинед. Аксари намояндагони дар ин мучал тавлидёфта гирифтори руҳафтодагӣ гашта, касеро дидану шунидан намехоҳанд. Нимаи дуюми рӯз вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда, табъатон болида мегардаду сафарҳои роҳи дур бобарор анҷом меёбанд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Нимаи аввали рӯз аз сафарҳо худдорӣ намоед. Эҳтимоли ба садама гирифтор шуданатон зиёд аст. Барои вохӯриву мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид фаро мерасад. Нимаи дувуми рӯз нафаре сабаби фишори руҳиятон мегардад. Эҳтимоли ба даст омадани даромади пулӣ вуҷуд дорад, вале агар онро сарфакорона истифода набаред, зуд кисаҳоятон холӣ мегардад. Нимаи дуюми рӯз ташвишҳои худро фаромӯш карда, нағзакак истироҳат намоед. Нафароне ки аз бемории меъда азият мекашанд бояд парҳезро риоя намуда, аз хӯрокҳои сахту равғанин худдорӣ намоянд.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз ягон корро аз пеши худ анҷом надиҳед. Ба ҳар коре, ки даст задан мехоҳед, аввал бо одамони таҷрибадор маслиҳат кунед ё назари дӯстонатонро пурсон шавед, то пул дода барои худ дарди сар нахаред. Дар ҳаёти шахсӣ навигариҳои хуш шуморо интизоранд. Шиносоии тасодуфие, ки нимаи дуюми рӯз ба вуқӯъ меояд, метавонад дари бахту саодатро ба рӯятон боз намояд. Даромади пулӣ ин рӯз дар назар нест. Аз бепулӣ азият кашед ҳам, қарз нагиред. Қарз ба одамоне, ки зери ин бурҷ тавлид шудаанд, кассодӣ меорад. Бо аҳли оилаатон меҳрубон бошед, онҳо такягоҳи шумоянд.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Далвҳои мансабдор ва тоҷир бояд аз аввали рӯз ба таҷлил ва санҷиши ҳуҷҷатҳо машғул шуда, камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд, зеро санҷиши ҷиддие онҳоро дар пеш интизор аст. Душманонатон мехоҳанд шуморо шармандаву рӯсиёҳ гардонанд, вале зиракию заковати зотиатонро ба кор бурда, шумо метавонед аз чоҳи кандаи онҳо бе ягон хатар бигзаред. Муҳимаш асабӣ нашавед. Давлҳои оиладор бояд нисбати саломатии ҳамсару фарзандонашон бепарво набошанд. Дилдодаатонро ранҷонда бошед, барои оштӣ шудан ин ҳафта айёми беҳтарин аст.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Ҳутҳо бояд ин рӯз болидаруҳ бошанд ва тамоми мушкилию ноҷуриҳоро сабурона паси сар намоянд. Ба муноқишаю ҷанҷолҳои дигарон қӯш нашавед, то барои худатон дарди сари зиёдатӣ нахаред. Нимаи дуюми рӯз ба мизонҳое, ки дар сари курсии мансаб нишастаанд, чанд шартномаи кориро пешниҳод менамоянд, дар имзо гузоштани ҳуҷҷатҳо набояд ба саросемагӣ роҳ дод. ҳутҳое, ки фикри хона ё мошин хариданро доранд, имрӯз метавонанд орзуяшонро амалӣ созанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ