“Рахш Такси” ва “Скай Тур” 70 велосипедсаворро ба Данғара бурданд

1 сентябр корвони иборат аз 70 велосипедсавор, аз ҷумла аз Тоҷикистон, Амрико, Туркия, Швейтсария, Олмон ва тақрибан 100 мошин аз Душанбе роҳии ноҳияи Данғара, маҳалли қатли 4 сайёҳи хориҷӣ шуданд.

Ин сафарро ба ёди сайёҳони кушташуда ширкати мусофиркаши «Рахш Такси” ва ширкати сайёҳии «Скай Тур” ташкил карданд.

Сафари ин корвони бузурги мошинҳову велосипедҳо ба хотири ёдбуди 4 сайёҳи дар Данғара кушташуда ва ҳам муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон гуфта мешавад.Субҳи 1 сентябр бо ибтикори Ширкати Рахш Такси 33 33 ва Ширкатисайёҳии Скай Тур бо ҳамдастии Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, ҳайъати калони мошинҳо ва велосипедронҳо худро ба маҳалли санги ёдбуди сайёҳони хориҷӣ расониданд. Дар ин чорабинӣ беш аз 70 нафар велосипедсаворон аз қабили шаҳрвандони Тоҷикистон, Амрико, Туркия, Шветсария, Олмон ва ғайра иштироки фаъол намуданд. Шумораи мошинҳо бошад дар ин чорабинӣ ба 100 адад мерасид, ки ҳама мошинҳои ширкати Рахш Таксӣ буд. Ин ширкат тасмим гирифтааст, ки дар роҳи муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари орому осуда саҳми худро гузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *