Бозгашти Орзу (тафсилот)

Гурӯҳе аз мардуми хайрхоҳ як ҷавони бемори тоҷикро, ки чаҳор сол боз наздиконаш аз ӯ хабар надоштанд, аз гаражи нимахароб дар Русия пайдо карда ва ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Орзу Турахонов, сокини 32-солаи маҳаллаи Борбад аз шаҳри Кӯлобро, ки хотираашро гум кардааст, бо мусоидати муҳоҷирони тоҷик ва сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 2-уми сентябр ба зодгоҳаш фиристодаанд ва ба дасти хешовандонаш супурдаанд.Ғайрат Маъмуров, сокини шаҳри Хуҷанд, ки солҳо боз дар Русия ба ҳайси бригадир дар сохтмонҳо кор мекунад, рӯзи 2-уми сентябр гуфтааст, киОрзуро, ки хотираашро қисман гум кардааст, баъд аз он пайдо кард, ки ба ӯ гуфтанд, як ҷавони бемори тоҷик дар як маҳаллаи наздик ба ҷойи кори онҳо аҳволи баде дорад ва сарсону саргардон мегардад. Орзу Турахонов, то кунун дар вилояти Маскав будааст.“Ба ман гуфтанд, ки як ҷавони лоғари тоҷик, сармохӯрда, ки хотираашро фаромӯш кардааст, дар кӯчаҳо мегардад, гуфтам ба назди ман биёред, гуфтанд, ки намеояд. Баъд худам рафтам” – гуфтааст ӯ.

Зиндагӣ дар ҷойи ваҳшатнок

Ба қавли Ғайрат Маъмуров, барои пайдо кардани ин ҷавон ба маҳалли зисташ рафт, ки ҷойи ваҳшатнок ва барои зиндагӣ комилан номуносиб буд.“Дар наздикии деҳаи Мканино дар як гаражи матрук дар наздикии ҷангале зиндагӣ мекард. Гараж ҳам як харобае пур аз алафу магас буд. Ӯро хона овардам, сару рӯяшро шустем, ришашро гирифтем, ба одам монанд шуд. Сипас ба консулгарӣ ва сафорат муроҷиат кардам. Кӯмак карданд“ – гуфт, Ғайрат Маъмуров.Баъди муроҷиати Ғайрат Маъмуров ба сафорату консулгарӣ ва аз ҷумла Аҳмади Иброҳим, яке аз намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ӯ акси Орзу Турахоновро дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук гузошта ва аз корбарон даъват кардааст, дар шиносоии ҷавон кӯмак кунанд, то ӯро ба назди хешовандонаш баргардонанд.

Муроҷиат ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки самар дод

Худи Аҳмад Иброҳим дар Фейсбук навишт, ки баъди муроҷиати онҳо, ҷавоне бо номи Нуралӣ Фаттоев, ки ҳамсояи Орзу Турахонов будааст, ӯро шинохта ва дар пайдо кардани маҳалли зисту хешовандонаш кӯмак кардааст.Ба навиштаи Аҳмад Иброҳим сафорат дар муддати кӯтоҳе санадҳои бозгашти Орзу Турахоновро дуруст кард, то ӯро ҳарчӣ зудтар ба назди хешовандонашон ба Тоҷикистон баргардонанд.Ғайрат Маъмуров мегӯяд ин ҷавонро дар гузашта мешинохт, чун дар як сохтмоне дар ҳамсоягиаш кор мекард, аммо намедонист, ки аз куҷо аст ва хешовандонаш кӣ ҳастанд. Худи ӯ ҳам ба ғайр аз модараш дигар касеро дар ёд надоштааст.Баъди даъвати табибон барои муоинаи Орзу Турахонов, онҳо гуфтаанд, ки камғизоӣ, аҳволи бади зиндагӣ зоҳиран сабаби аз даст додани хотираи ҷавони тоҷик шудааст ва мумкин аст, бо мурури замон, хотираи ӯ баргардад. Ғайрат Маъмуров мегӯяд, Орзу ҳатто ба ёд намеорад, ки субҳ ғизо хурда буд, ё не. Вале гузаштаҳои дур, аз ҷумла модар ва лаҳзаҳои кораш дар панҷ шаш соли пеш андаке дар ёдаш ҳаст.Пули билети Орзуро, муҳоҷирони тоҷик рӯзи ҷумъа баъд аз адои намоз дар масҷиде дар вилояти Маскав ҷамъ овардаанд. Сайфулло Файзуллоев, яке аз ҳамсоягони дигари Орзу Турахонов гуфт, ки Орзу Турахоновро рӯзи 2-уми сентябр ба дасти хоҳари калониаш дар фурудгоҳи Кӯлоб супурданд ва ӯ алъон дар назди модар қарор дорад.

Бехабарии сесола аз сарнавишти фарзанд

Ба гуфтаи ин мусоҳибони мо,  хешовандонаш се сол боз аз сарнавишти Орзу бехабар буданд: “Ҳашт сол боз дар Русия буд, чаҳор соли аввал бо аҳли оилааш дар тамос будааст, вале чаҳор соли дигар аз ӯ ҳеҷ дарак надоштаанд” — гуфт, Сайфулло Файзуллоев.Ба қавли ӯ, як бародари Орзу низ муддати тӯлонист, ки бедарак аст ва хешовандонаш талош доранд, ӯро ҳам пайдо кунанд.Майрамбӣ Қурбонова, модари Орзу гуфт, ки баъди фироқи 3-сола дар ниҳоят писарашро дид, вале фарзандаш ӯро нашинохт.»Аввал нашинохт, мегуфт, ки сагҳо сур карданд, баъд оҳиста-оҳиста овардем хона, бояд муолиҷа кунем» — афзуд ӯ. Худи Орзу суҳбат намекунад.Бори аввал нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аксу наворҳо дар бораи муҳоҷирони хотирагумкарда ва ё ҳалокшудаи тоҷик нашр мешавад. Дар ин шабакаҳо даҳҳо муроҷиат ҳаст, ки аз корбарон мехоҳанд, дар пайдо кардани хешовандони муҳоҷирони кушташуда, ё бемор мусоидат кунанд.Солона аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар барои кор ба Русия мераванд ва садҳо нафари онҳо бемор бармегарданд. Ҷасади садҳо нафари дигарро, ки дар тасодуфҳо кушта мешаванд, бо мусоидати муҳоҷирони хайрхоҳ ба кишвар мефиристанд.

Тоҳири Сафар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *