толеънома

Толеъномаи 2-юми ноябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Бо корҳои нав машғул шуда, доираи фаъолияти худро васеъ гардонед. Уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунед ва ба коре, ки боиси ба нохушӣ гирифтор шудани дигарон мегардад, даст назанед. Аз шиносоӣ бо намояндагони ҷинси муқобил худдорӣ намоед. Диққати бештари худро ба наздикон равона созед.

Савр (21 апрел-22 май)

Вохӯриҳои корӣ, ҷаласа ва сафарҳо имкониятҳои навро бароятон мекушоянд. Бо сабабҳои ночиз ташвиш накашед. Кори ҷисмонӣ ё машғулиятҳои варзишӣ нерӯятонро барқарор месозанд. Ба кумаку дастгирии дӯстон, ҳамфикрон ва нафарони воломақом умед баста метавонед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Агар дар назди худ мушкилиҳои душворро нагузоред, аз уҳдаи кори зиёде мебароед. Бо нафарони воломақом баҳсу муноқиша накунед. Барои муносибати нави ошиқона вақти мусоид аст. Мардҳо ба сафар мебароянд ва бо сабаби туҳфа харидан пули зиёдеро аз даст медиҳанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Нисбати мушкилоти рӯзгор бомасъулият бошед. Рафту чизеро аз мадди назар дур созед, бо душворӣ дастрас мекунед. Аз қиморбозӣ ва таваккал кардан худдорӣ намоед, зеро шумо чандон сарватманд нестед ва аз даст додани маблағи зиёд боиси ғамгиниятон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.

Асад (23 июл-23 август)

Чӣ гуна сипарӣ шудани рӯзро нафаҳмида мемонед. Корҳоеро, ки бароятон хушнудӣ намеоранд, беҳтараш ба таъхир гузоред. Хабари шунидаро санҷида, ба гапи касе бовар накунед, айни замон фиреб хӯрданатон имконпазир аст. Дар робита бо шахси дӯстдоштаатон хушмуомила бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст мезанед, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Рафту нисбати ҳамкорон ё роҳбарият даъво дошта бошед, саросема шудаву дағалӣ накунед. Муошират бо шиносҳои наватон боиси болидаруҳӣ мегардад. Нисбати саломатӣ бодиққат бошед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Тамоми мушкили дар ин рӯз сарзадаро бо роҳи мусолиҳаомез рафъ намоед, дар баҳсу мунозира бурд намекунед. Рӯзи хубест барои тахт намудани ҳуҷчатҳо ва ба тартиб овардани корҳоятон. Агар зиндагии шахсии худро беҳтар кардан хоҳед, дар ин ҷода бурд мекунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз маблағи зиёд сарф карданатон имкон дорад. Пулро бо сабаби маҷбур шуданатон сарф мекунед, аз ин рӯ, шумо гунаҳкор нестед. Эҳтимол ба хешовандони калонсол кумак карданатон лозим меояд. Наздикони худро наранҷонед, вагарна хафагиҳои дерина рӯ мезананд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз уҳдаи ҳама кор ба хубӣ мебароед. Мушкилоти деринеро, ки қаблан аз уҳдааш намебаромадед, рафъ месозед. Дар муҳити оилавӣ гирифтори фишори руҳӣ мегардед. Агар ба ғазабу дағалӣ роҳ диҳед, шахси дӯстдоштаатонро аз даст медиҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ба пешниҳодҳои ногаҳонӣ бодиққат бошед. Аз шумо қарори қатъӣ талаб карда мешавад. Агар дуруст амал намоед, зиндагиятон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Хафагиву нофаҳмӣ имкон дорад, худро бояд ба даст гирифта тавонед. Бегоҳирӯзӣ ба доми фиреб афтоданатон имконпазир аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Мушкилоти касбӣ аз шумо фаъолнокиро талаб мекунанд. Вохӯрӣ бо дӯстони дерин табъатонро хуш месозад. Далви ошиқро хабаре интизор аст, ки ба нақшаҳояш ворид намегардид. Баъди нисфирӯзӣ хароҷоти ногаҳонӣ ва калоне имкон дорад, ки бо сабаби вайрон шудани таҷҳизоти рӯзгор сар мезанад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Агар нуқтаи назаратон бо нақшаву ниятҳои хешовандон, ҳамкорон ё шахси дӯстдошта созгор наояд, ба ғазаб наоед. Беҳтараш нисбати наздикон меҳрубон бошеду таҳаммул намуда, муносибатро беҳтар гардонед. Саломатии ҳутҳое, ки ба ғизои худ диққат намедиҳанд, нохуб мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *