толенома

Толеъномаи 20-уми августи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Рӯзи пур аз воқеаву шиносоиҳо аст. Имкони нишон додани ҳунару маҳорататон фароҳам меояд. Нерӯи дучанди шумо боиси хушнудиву болидаруҳии атрофиён мегардад. Нӯшидани нӯшокиҳои сарду газнокро тавсия намедиҳем. Рӯзи хубест барои пиёдагардӣ ва машқҳои ҷисмонӣ.

Савр (21 апрел-22 май)

савр

Рӯзи серташвиш аст. Агар онро қаблан дуруст ба нақша гиред, корҳоятон бобарор анҷом меёбанд. Барои ба мағозаву бозор рафтану харидкунӣ айни муддао аст. Нисбати дӯстдоштаи худ бепарвоӣ зоҳир накунед, вагарна барои оштӣ шудан кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Як вохӯрии ногаҳонӣ дар ин рӯз табъатонро хира мегардонад. Барои он ки минбаъд ба чунин ҳолатҳо дучор нагардед, бо нафарони тасодуфӣ дӯстӣ накунед. Бепарвоӣ ва такаббур боиси муноқиша бо наздикон ё қаҳру ғазаби атрофиён мегардад. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Дар ин рӯз дар бораи як дӯсти қадрдонатон гапҳоеро мешунавед, ки боиси дилмондагиятон мегардад. Агар имкон дошта бошед, бештар бо корҳои оилавӣ машғул шавед. Бонувон аз рӯбучин ва ба тартиб овардани хонаву дари худ болидаруҳ мегарданд.

Асад (23 июл-23 август)

асад

Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, танҳо дар сурати он ки ҳамкорони боэтимод дошта бошанд, таваккал карда метавонанд. Дар акси ҳол ҳамаи дороии худро аз даст медиҳед. Аз ҷониби яке аз наздикон сар задани муноқиша имкон дорад. Оромиро нигоҳ дошта, ба дағалӣ роҳ надиҳед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Дар ин рӯз кӯшиш намоед, ки қонуну қоидаҳои ҷориро вайрон насозед. Агар бар зидди нафарони обрӯманд амал намоед, вақту қувваи худро аз даст медиҳед. Барои нафароне, ки кайҳо боз орзуи ошиқ шуданро доштанд, бобарор аст. Баъди нисфирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки ишқи аввалатонро ба ёд меорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Дар ин рӯз ба корҳое, ки ба гузаштаатон алоқамандӣ доранд, машғул нашавед. Эҳтимоли бад шудани вазъи саломатӣ ва хурӯҷ намудани бемориҳои музмин ва таъсири манфии нафари бегонае ба ҳолати руҳиятон дар назар аст. Беҳтараш дар ин рӯз аз вохӯриву қабули меҳмон худдорӣ намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Дар ҳаёти шахсиятон муноқишаву нофаҳмӣ боиси вайрон гаштани муносибатҳо мегардад. Дар масъалаҳои молиявӣ маблағи калонро интизор набошед. Вазъи саломатӣ бо сабаби хароб гаштани асабҳо нохуб мегардад. Барои ба худ омадан ба шумо истироҳат ва гӯшаи танҳоӣ лозим аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Дар маъракаву маҳфилҳои дӯстон хизмат карданатон хуб аст. Қавсҳои муҷаррад шахси меҳрубонеро пайдо месозанд, ки ҳаёташонро рангин мегардонад. Ба ҳамсояву дӯстон ва хешовандони дур диққат диҳед, эҳтимол нафаре дар фикри душмании шумо аст. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Дар ин рӯз ба тағйироте дучор мегардед, ки ба хушбахтии худ боваратон намеояд. Барои он ки ба ғалатҳои пешина роҳ надиҳед, ҳолати руҳии худро беҳтар гардонед. Дар оилаатон эҳтимоли тавлиди фарзанд, ба хонаи нав кӯчидан, таъмир ё харидани асбобҳои техникии рӯзгор имкон дорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Муносибатҳои оилавии далвҳо рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар сурати боандешаву боэҳтиёт амал кардан корҳоятон барор мегирад. Ба саломатии худ дар ин рӯз сахт диққат диҳед, хусусан ба хӯроке, ки истеъмол мекунед. Бепарвоӣ нисбати дӯстдоштаатон боиси хафагиву ранҷиш мегардад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Дар ин рӯз аз ҳад зиёд ба кунҷкобӣ роҳ надиҳед. Дар акси ҳол нафареро сахт меранҷонед. Агар муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта вайрон гардад, бо туҳфаи хотирмоне хотирашро шод гардонед. Беҳтар аст, ки тамоми рӯзро ба истироҳату фароғат бубахшед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *